БЕДИЛ. ПАЙВАНДГАРИ ТАЪРИХӢ ВА МАЪНАВИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ
Забони шевои порсӣ-тоҷикӣ тули қариб 800 сол дар нимҷазираи Ҳинд (ҳудуди ҳозираи Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеш) забони расмӣ, илмӣ ва гуфтугӯйи байни миллатҳо ба шумор мерафт.
Бино ба маълумоти Истахрӣ дар китоби «Масолик ва мамолик», мардуми музофоти Мукрон дар асри сеюми ҳиҷрӣ (тақрибан солҳои
900 – 1000-и милодӣ) ба забони порсӣ сухан мекарданд.
Дар давраи Ғазнавиён, Ғӯриён ва Темуриён дар Ҳинд забони порсӣ-тоҷикӣ забони расмӣ ба ҳисоб мерафт. Имрӯз дар Ҳинд қариб як миллион нусхаи хаттӣ ба забони порсӣ мавҷуд аст, ки қисми зиёдашон то ҳол пурра омӯхта нашудааст.
Мувофиқи маълумоти «Википедиа» ҳоло дар 60 мактаби олии Ҳиндустон, аз ҷумла донишгоҳҳои Деҳлӣ, Олигарҳ, Кашмир, Лакҳнав, Банорас, Бҳопал, Мумбай, Музаффарнагар, Аҳмадобод, Донишгоҳи Ҷомеаи миллии исломӣ, Донишгоҳи Ҷавоҳирлаъл Неҳру, факултетҳои забони порсӣ мавҷуданд.
Сарзамини бостонии Ҳиндустон зодгоҳи шоирони бузурги адабиёти пурғановати порсӣ-тоҷикӣ ба шумор меравад. Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Зебуннисо, Фонии Кашмирӣ, Ғании Кашмирӣ, Мирзо Асадуллоҳи Ғолиб, Абулфараҷи Рунӣ, Масъуди Саъди Салмон ва ғайра парвардаи хоки ҳунархези Ҳиндустонанд.
Зимни сафари хизматӣ ба ин кишвари афсонавӣ, мо тасмим гирифтем, ки оромгоҳи саромадони сабки ҳиндии адабиёти порсу тоҷик Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Мирзо Абдулқодири Бедилро дар шаҳри Деҳлӣ зиёрат кунем. Дӯсти деҳлавии мо, ки Тавҳид Хон ном дошт, бо камоли мамнуният ин хоҳиши моро иҷро намуд.
Оромгоҳи Амир Хусрави Деҳлавӣ дар мазори Низомуддини Авлиё воқеъ буда, хеле серодам аст. Ба ин ҷо ҳамарӯза ҳазорон нафар аз гӯшаю канори Ҳиндустон ба зиёрат омада, дар даромадгоҳи оромгоҳ табақчаҳои пургул мехаранд ва баъди дуою фотиҳа ба гирди қабр гул мепошанд. Дар девори атрофи мақбараи шоир ғазали машҳураш «Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ» бо хатти хонои настаълиқ навишта шудааст. Фарши атрофи қабр қолинпӯш буда, ҳама ба мазори шоир кафшҳоро бароварда мераванд. Берун аз оромгоҳ бошад, қавволисароён (наътхонон) аз ашъори ин шоири бузург таронаҳо месуруданд.
Яке аз саромадони ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ, арбоби намоёни сиёсӣ ва давлатии Ҳиндустон ва нахустин Сарвазири ин кишвар Ҷавоҳирлаъл Неҳру (1889 – 1964) ба осори Амир Хусрави Деҳлавӣ баҳои баланд дода, навишта буд: «Ман мисоли дигареро намедонам, ки суруди 600 сол пеш таълифшуда, то имрӯз дар байни халқ шуҳрату маҳбубият дошта бошад ва бидуни тағйироти матн иҷро бишавад».
Оромгоҳи Мирзо Бедил, тақрибан, 8-10 километр дуртар аз мазори Амир Хусрав ҷойгир буда, «Боғи Бедил» ном дорад. Тавҳид Хон гуфт, ки то ба Ҳиндустон омадани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мазори Мирзо Бедил қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода буд. Бо ташрифи Ҷаноби Олӣ мазор обод гашта, атрофиён дар бораи кӣ будани Бедил огаҳӣ пайдо карданд.
Дар ин хусус хабарнигори рӯзномаи «Ню-Дели» Рахшанда Ҷалил 12-уми августи соли 2008 матлаберо зери унвони «Бедилро дар Ҳиндустон намешиносанд?» чоп карда буд, ки тарҷумаи онро АМИТ «Ховар» 17-уми сентябри соли 2008 дар сомонааш ҷой додааст:
«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2006 зимни сафар изҳори хоҳиш намуд, ки оромгоҳи шоири бузурги тоҷикзабони ин мамлакат Мирзо Абдулқодири Бедилро зиёрат кунад. Ин хоҳиш мизбононро комилан ба ҳайрат андохт. Дар (доираи расмии) Ҳиндустон ҳеҷ кас намедонист, ки Бедил кист, оромгоҳи ӯ дар куҷост? Вақте ки мизбонон ба ин саволҳо ҷавоб меҷустанд, Президенти Тоҷикистон дар бораи ин шоир ва файласуфи бузурги тоҷик, ки дар сари роҳи Матура дар як боғи харобгардида дафн карда шудааст, ҳикоят кард.
Дарҳол ба мақомоти масъули Ҳиндустон супориш дода шуд, ки оромгоҳи шоир ва боғи харобгардидаю ноободро ба тартиб оранд. Муассисаҳои дахлдор зуд атрофи боғро панҷара гирифта, дар болои марқади шоир тахтасанг гузошта, дар он бо забонҳои тоҷикию порсӣ, ҳиндӣ, урду ва англисӣ номи Бедилро сабт карданд… Ба туфайли таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти хотираи шоир, аз ҷониби мардуми адабиётдӯсти тоҷик Бедил боз ба мардуми Деҳлӣ баргардонда шуд».
Ҳамин тавр, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2006 аз рӯйи лавҳаи ёдгории мақбараи Мирзо Бедил пардаро бардоштанд ва дар пояи он миёни шоирони тоҷик (Меҳмон Бахтӣ, Фарзона ва Озарахш)-у ҳиндустонӣ мушоара баргузор шуд.
Дар лавҳаи ёдгорие, ки дар даромадгоҳи мазори шоир насб шудааст, чунин навиштаҳоро дидем:
«Ин гулистон ғунчаҳо бисёр дорад, бӯ кунед,
Дар ҳамин ҷо Бедили мо ҳам диле гум кардааст.
Бо эҳсоси ифтихор ва ба посдошти андешаҳои жарф ва маонии борики ашъори баланди шоири шаҳири олам ва парвардаи хоки хайрхези Ҳинд Абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил, ки таҳаввулоти адабии тоҷику порс ҳудуди садсолаҳо аз шеъри пурбору малакутии ӯ бархӯрдор буд, ин санги ёдбуд бо эҳтимоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздиди давлатӣ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон 6-уми августи соли 2006 милодӣ насб шуд».
Пас аз фурсате роҳи меҳмонхонаро пеш гирифтем ва он дам ин навиштаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз китоби «Чеҳраҳои мондагор» ба ёд омад: «Бедил дар оғози асри XXI пайвандгари таърихӣ ва маънавии ду кишвари дӯст – Тоҷикистон ва Ҳиндустон аст. Панди бузурги ӯ дӯстӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи мо ба манзури таъмини амнияту субот, пешрафт ва шукуфоии кишварҳо ва мардумони мост».
Ҳақ будани ин гуфтаҳоро мо бори дигар зимни сафари хизматӣ ба Ҳиндустон мушоҳида кардем.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Ҷумҳурият»
