ҲАМ БА ҚАДРИ СОФӢ АСТ ОИНА ТИМСОЛОШНО...
![]()
ДОИР БА ХИДМАТҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РОҲИ ЭҲЁИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Асолати инсон дар заминаи маърифат, донишгустарӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо маънӣ падид меоварад. Дар ин замина тамаддунҳо ҷараён мегиранд. Ҷамъият дар симои ин тамаддунҳо ҳастии хешро камол мебахшад ва фосилаҳоро марҳала ба марҳала тай мекунад. Тамаддуни ориёӣ бо шиори «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» дастури аслии равиши зиндагии инсониятро пешниҳод кардааст, ки мавҷудияти башар ва саодатмандии неруи зеҳнию ҷисмонии ӯ пайванд ба ҳамин се нукта аст. Асилзодагоне мисли Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рисолати хешро дар шинохти ин мақом дарёфтаанд, ҳамеша соҳибэътибору соҳибном гардида, корномаашон пайваста сарчашмаи омӯзиш ва маҳаки ибрату пайравӣ қарор мегирад.
Ҳар қавму миллатро фарзандони дорои фазилати фитрӣ ва таҳаммулгарою ботамкин ба кӯйи мақсуд мерасонанд. Маҳз файзи раҳнамоӣ ва самари ҳидоятсозиҳо ва нусрати суҳбату таълимоти чунин ашхос дар таърихи тамаддунсозӣ таъсиргузор мегардад. Неруи маърифатпарварӣ ба фитрати худодод ва ҷавҳари зоти поки инсонҳои бузург пайванди ногусастанӣ дорад. Нур дар чеҳраи ҳар инсон аз вуҷуди мунаввару рӯшани қалби ӯ маншаъ мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи дурнамои хешро, ки ба давлатдории навини тоҷикон бунёди қавию устувор ниҳод, давра ба давра ҳамчун ҳалқаҳои занҷири тиллоӣ, мантиқию амалӣ барои ҳадафҳои бузурги кишвардории миллӣ тарҳрезӣ карданд. Маҳз корсозиҳои хирадмандона боис гардиданд, ки равиши зиндагӣ ва низоми ватандории тоҷикон бо мағзи хештаншиносӣ ташаккул ёбад.
Дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати ояндабинонаи Пешвои миллат дар заминаи ҳамин се рисолати азалии инсон, ки дар гузариши таърих ниёгони мо таҷриба кардаанду иҷрои онро ба мо талқин бинмудаанд, роҳандозӣ мегардад. Бори дигар дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки ин се рисолатро “ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд”.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чун миллату давлати мустақил арзи ҳастӣ доштан ва инсонвор зистан дар ҷаҳони мутамаддин ва пурҳаводис пайроҳаи зери чангу хокмонда ва аз зарбаву селобаҳои таърих борику касногузаршудаи аҷдодамонро то ба шоҳроҳи бозу равшане расонданд. Саргаҳи ин гузаргоҳ хештаншиносӣ, рушди сармояи инсонӣ ва неруи зеҳнӣ мебошад.
Оғози корномаи Пешвои миллат саршавии як даврони нави давлатсозӣ ва эҳёи руҳи миллист. Аз оғози корнома то ин дам собит гардид, ки Истиқлол барои Тоҷикистон на танҳо рамзи озодӣ, балки калиди эҳёи тамаддуни ориёӣ аст. Истиқлол чун амонатест, ки ба наслҳои оянда вогузор шудааст. Чун чароғест, ки аз дасти падарон ба дасти фарзандон – ҷавонон – «қувваи созанда», «ҷавшани оянда» ва «мояи ифтихори миллат» бо ҳушдор, бо ифтихор таърихи аҷдодонро омӯхтан, бо гиромидошти забони модарӣ, бо дилу ҷон ҳифз намудани суннатҳои миллӣ, ки ҳамчун обу офтоб барои абадан фурӯзон будани ин чароғ заруранд, мегузарад, то ки пойдор монад.
Нақши зан – модар меҳвари маънавии арҷгузорӣ ба муқаддасоту арзишҳо ва фарҳанги миллӣ, аз ҷумла, хонаводагӣ, яъне дар пояи эҳтироми ҳамдигарии аъзои хонавода, ки анъанаву вижагӣ ва тарзи оиладории табори ориёист, маҳсуб меёбад, зеро занону модарон “эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд”.
Намунаи беҳтарину муассиртарини эҳёи фарҳанги либоспӯшиву либосдории миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ бо пешниҳоди Тоҷикистон ба Феҳристи ёдгориҳои ғайримоддӣ ворид гардидани чакан мебошад.
Пешвои миллат бо тадбирҳои дурандешона эҳёи фарҳанги миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиро яке аз рукнҳои давлатсозӣ қарор доданд. Бо ин сиёсати хирадоин Тоҷикистон ба яке аз марказҳои муаррифии фарҳанги ориёиву тоҷикӣ табдил ёфт. Ин Ватани биҳиштосоро бо кӯҳҳои сарбафалак, чашмаҳои мусаффо, дарёҳои хушнаво, манзараҳои дилкушо, боғу гулгаштҳои руҳафзо ҳавои офтобии нурафзо, бо дижу ҳисорҳои пур аз бозёфтҳо, бо фарзандони сарсупурдаву ҷонфидо, бо фарҳангу адабу забони уқдакушо, бо мероси таърихии камназиру гаронбаҳо ва миллати тоҷикро чун миллати тамаддунсоз ва фарҳангпарвар ба ҷаҳониён шиносонд.
Аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ танинандоз гардидани суханони Пешвои миллат доир ба масъалаҳои ҳаётии башар, аз ҷумла, ҳифзи об ва пиряхҳо, солҳои 2025-2034 эълон кардани «Даҳсолаи илмҳои криосфера» ва соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» ва қабули қатънома “ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад”.
Ҳамчунин, ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Тоҷикистон ва дар ин навбат Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж, қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027, танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) мужда ба олам аст, ки Тоҷикистон ва миллати тоҷик вориси тамаддуни бостон ва эҳёгари таммаддуни ориёист.
Ин иқдоми мондагору таърихӣ барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати тоҷик – рукни тамаддуни ориёӣ муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома дорад. Аз ҷумла, ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи Борбади Марвазӣ, ки ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст, тарҳрезӣ шуд.
Наврӯзи байналмилалӣ, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва барои амиқтар омӯхтану истифодаи фалсафаю ҳикмати ҷовидона, суннату анъанаҳои башардӯстонаи Наврӯз дар тарбияи насли оянда ва муаррифии бодалели асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон – анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, дар шаҳри Душанбе бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз ва Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ба нақша гирифта шудааст, зеро “Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем”.
Пешвои миллат бар ангезаи муҳаббату эҳтироми самимӣ нисбат ба китоб, ки дар руҳу равони миллати мо нуҳуфтааст, дар асарҳои худ “Чеҳраҳои мондагор”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ”... ба умдатарин масоили ҳамбаста ба таъриху тамаддунро ба риштаи таҳқиқ кашиданд. Пешвои миллат бо муҳаббату самимият ва шукргузориву эҳтиром дар Паёми навин таъкид мекунанд, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.
Аз корномаи фарогири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба бузургдошти забони тоҷикӣ ва таъмини мақоми устувори он дар ҷомеа, метавон даҳҳо китобу рисола навишт, пажӯҳишҳо рӯйи кор овард.
Дар ин маврид китоби бунёдиву бузурги «Забони миллат – ҳастии миллат» кофист, ки нақши мондагори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таърихи забоншиносии тоҷик собит бинамоем. Ҳар ду ҷилди китоби мазкурро метавон шиноснома ва таърихномаи забони тоҷикӣ номид. Бо хондани ин рисолаи арзишманд ба ҷаҳони таърихии забони куҳанбунёди хеш ворид мешавем. Ин асар ба сифати манбаи саҳеҳ ва муътамади илмӣ мавриди корбурди олимон қарор гирифтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи тозаю беолоиш нигоҳ доштани забони ширину шевову шоиронаи тоҷикӣ таъкид мекунанд: «Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву неруманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, бояд коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд ва соҳибмаърифат бошанд, дастовардҳои навини илму техника ва технологияҳои инноватсиониро аз худ намоянд, забонҳои хориҷиро чун забони модарӣ аз бар созанд ва ҳамқадами замон пеш раванд».
Вобаста ба ин, раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар татбиқи мунтазам ва самараноки сиёсати забонгустарии Пешвои миллат бо истифода аз тарзу усулҳои муосири таълим ба омӯзиши забони давлатӣ ва хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Дар ин замина, бо камоли ифтихор ва сарафрозӣ мужда мерасонем, ки китоби якум ва дуюми «Забони миллат – ҳастии миллат» ба забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ ва китоби аввал ба забонҳои ҳиндӣ, куриёӣ, арабӣ ва фаронсавӣ аз ҷониби омӯзгорони забондони соҳибтаҷриба ва собиқадори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода тарҷума ва интишор гардид ва ин иқдоми мондагор идома дорад. Мутахассисону мутарҷимони мо дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ бо камоли масъулият кӯшиданд, то дар рафти тарҷума моҳияти маъно ва мазмунро ба таври комил нигоҳ доранд ва ба ин васила, амали некро анҷом бидиҳанд. Ҳадафу маром аз ин иқдом, аввалан муаррифӣ ва нишон додани хидматҳои ҷовидонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи илми забоншиносӣ, аз ҷумла, бузургдошти забони мо – ифшогари тамаддуни ориёӣ аст ва баъдан, тавассути тарҷумаи ин асари безаволи Сарвари тоҷикони дунё ба ҷаҳониён бори дигар собит намудан, ки миллати тоҷик соҳибтамаддун буда, таърихи забони тоҷикӣ аз жарфои асрҳо бурун меояд. Бояд гуфт, ки ҳам худи китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» ва ҳам тарҷумаҳои китоби мазкур ҳамчун китоби дарсӣ дар Донишгоҳ истифода мешаванд.
Тарҷумаи китоби «Забони миллат – ҳастии миллат” аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин хуш пазируфта шуд. Тарҷумаҳои китоб ба ҳамтоёну донишгоҳҳои 10 давлати дунё ҳамчун туҳфа тақдим шуд. Тарҷума ва нашри китоби мазкур бо ҳафт забон дастовези пурарзишу нодир ва мондагори ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи мо аст.
Ҳамин тариқ, ин гуфтаҳо қатрае аз баҳри беканори корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омӯзиш, соҳибӣ кардан, муаррифӣ, арҷгузорӣ ва эҳёи фарҳангу тамаддуни бостониву таърихиямон маҳсуб меёбад. Муҳим он аст, ки ташаббусу амалкард, ибтикороту иқдом дақиқ, мушаххас, саривақтӣ, дар вақту макони муайян бонизому тартиб, бо факту далел мероси таърихиву фарҳангӣ – шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад ва ҳадафу мақсад мушаххас ва қатъист: “Бо доштани чунин фарҳангу тамаддуни бостонӣ мо набояд ба таассубу ифротгароӣ ва тақлид ба фарҳанге, ки бароямон бегонаву хатарбор аст, роҳ диҳем”.
Жило ГУЛНАЗАРЗОДА,
ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои филология, профессор
