САДА. РАМЗИ ГАРМИВУ НУР
Барои ҳар яки мо боиси ифтихору сарфарозист, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои неки ниёгонамон, ки дар рушди тамаддуни башарӣ нақши муҳим бозидаанд, аз нав эҳё гардид. Дар ин хусус Сардори давлат чунин таъкид намуданд: «Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошанд».
Сада аз даврони қадим яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми ориёитабор ба шумор меравад. Моҳияти он пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ буда, оташу гулхан рамзи фарҳангии ин ҷашн аст. Сада ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории милодӣ мебошад.
– Дар замонҳои қадим мардум дар панҷаи яхбандию сардиҳои зимистон гирифтор буда, барои фароғату кушоиши дилҳо дар ин фасли сармо ҷашнҳои Ялдову Сада ва маросими Барфӣ, Хирпичор ва Ҳутро барпо мекарданд ва мунтазири ҳарчи зудтар сипаришавии сармову фарорасии фасли баҳор мешуданд. Муроду мақсади мардум аз таҷлили Сада, хурсандии аз авҷи сардиҳо гузаштан ва фарорасии корҳои кишоварзӣ мебошад. Сада ҷашни пиру ҷавон, зану мард ва дар маҷмуъ, ҳамаи шаҳрвандон аст, – мегӯяд ходими пешбари Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг Зафар Ҳусейнзода.
Бинобар пажӯҳиши фолклоршиноси шинохта, номзади илмҳои филология Дилшод Раҳимӣ, дар афсонаву устураҳои бостонӣ омадааст, ки Меҳр (Митра) дар ғор таваллуд шуда, чил рӯз он ҷо мемонад ва рӯзи чилу якум аз ғор берун мешавад.
Ниёгонамон рӯзи аз ғор берун шудани Меҳрро бо номи Сада ҷашн мегирифтанд. Ҳамчун рамзи равшанӣ ва гармӣ гулханҳои бузург афрӯхта, дар атрофи он хурсандиву шодмонӣ мекарданд.
Дар бораи Ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ, аз ҷумла, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, ашъори Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асҷадӣ ва ғайра маълумот дода шудааст. Дар ин мавзуъ адабиётшиносону фолклоршиносон мақолаҳои зиёд мунташир намудаанд.
Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-аш таҷлили Ҷашни Садаро ба муносибати ғалабаи Фаридун бар Заҳҳоки морон қаламдод кардааст. Ба гуфтаи ӯ, вақте ки Фаридун бар Заҳҳок пирӯз омад, мардум онро фоли нек дониста, бо фармони Фаридун гулхани бузург афрӯхтанд.
Яке аз хусусиятҳои назарраси Ҷашни Сада оростани дастархони идона ва ниҳодани ғизоҳои махсус мебошад. Тавре ки Дилшод Раҳимӣ дар китоби «Сада – ҷашни гармию нур» қайд кардааст, дастархони идонаи Сада аз таомҳои зимистона, анвои меваҳои хушк ва шириниҳои суннатӣ иборат мебошад. Дастархон бояд калон набошад ва дар он танҳо маҳсулоти хӯроквории анъанавӣ, аз ҷумла наботу қандалот, парварда (печак), хурӯсқанд, ҳалво, ширинӣ, асал, нишалло, гузошта шаванд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки 6-уми декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид.
Ахиран бояд гуфт, ки тибқи Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январ тасдиқ шудаст, охири моҳи январ дар кишвар Ҷашни Сада таҷлил мегардад.
Мувофиқи иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, 31-уми январ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсии шаҳри Душанбе Ҷашни Сада баргузор мешавад. Дар доираи он намоиши тухмии зироатҳои кишоварзӣ, намоиш-фурӯши гулу ниҳолҳои дарахту буттаҳо, инчунин, барномаҳои фарҳангӣ дар назар аст. Сокинону меҳмонони пойтахт метавонанд аз намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзию қаннодӣ боздид карда, маҳсулоти мавриди писандашонро харид намоянд.
Сайфиддин СУННАТӢ, «Ҷумҳурият»
