ПАЁМ. ИФТИХОР АЗ НИЁГОН АЗ МАВЗУЪҲОИ МЕҲВАРӢ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омили муҳим ва асосии таҳкими худшиносии миллӣ дар ҷомеаи соҳибистиқлол, ҳифзи хотираи таърихӣ, бедории ҳувияти миллии шаҳрвандон мебошад. Махсусан, соҳибӣ ва дуруст муаррифӣ карда тавонистани осори гаронбаҳои гузаштагон аз мо азму талош, забондонӣ ва пажӯҳишҳои доманадорро хостор аст.
Яке аз роҳҳои муассири таҳкими худшиносии миллӣ дар ниҳоди наврасону ҷавонон ин мутолаа ва нашри китоб ва дастрасии он ба ҷомеа аст. Дар Паём зикр шуд, ки аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас шуд. Ҳамчунин, дар ин давра бо дастури Пешвои миллат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа гардид.
Вазифаи аввалиндараҷаи мо омӯзгорон ин аст, ки китобҳои мазкурро пеш аз ҳама, худ мутолаа намоем, дар раванди таълиму тарбия, ҳамоишу чорабиниҳо, дар муҳити хонаводагӣ муҳтавои онро ба наврасону ҷавонон расонда тавонем. То онҳо дарку эҳсос намоянд, ки мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик аст.
Боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад, ки танҳо дар соли 2025 бо саъю талошҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 ёдгории мероси фарҳангии тоҷикон, аз ҷумла Хутали Қадим, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарист. Танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад.
Пешвои миллат дастур доданд, то ки бо назардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ ному осори ӯ ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардад.
Ҳарчанд оид ба мақому мартабаи Борбади Марвазӣ дар солҳои 80-90-уми асри ХХ китобу мақолаҳо, намоишу дигар чорабиниҳои хусусияти тарғиботӣ дошта таҳия гардидаанд, аммо дар даврони истиқлоли давлатӣ, воқеан ҳам, барои шинохти ӯ як иқдоми бузург ва шоиста зарур буд.
Пешвои миллат дар Паём таъкид доштанд: «Борбад, ки дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ – дар замони давлатдории Сосониён – зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст».
Шинохти Борбади Марвазӣ, муайян намудани ҷойгоҳи ӯ дар дунёи мусиқии Шарқу Ғарб на танҳо муаррифии фарҳанги тамаддунсозии тоҷикон, балки таҳкими худшиносии миллӣ дар ҷомеаи соҳибистиқлол мебошад.
Ба ин таъкиди пуризтиробу калидии Сарвари давлат таваҷҷуҳ намоед: “Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ, онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем”.
Ин таъкид, пеш аз ҳама, ба мо – ҷавонон руҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷиконро мебахшад, зеро агар мо имрӯз ба осору ному ёдгори рафтагон соҳиб нашавем, ба пажӯҳишҳои алоҳида ба мо тааллуқ доштани онҳоро собит накунем, фардо насли нав моро намебахшад.
Ин қарзи милливу имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост, ки дар атрофи ғояҳои миллии Пешвои маҳбубамон сарҷамъ бошем, дар тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳӣ саҳми муносиб гузорем.
Зебунисо ҲАМИДЗОДА, омӯзгори ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
