МАЪРИФАТ ВА АҚЛГАРОӢ. ДУ ПАДИДАИ АСЛИИ ФАЪОЛИЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

16 январ 2026, Ҷумъа
8


Сухани мо рӯ ба бахши калидии сарнавишти миллати мо, ба бахши фарҳангиву маърифатии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорад. Аввалин ва ба назари мо, бисёр муҳимтарин нукта дар Паёми навин боз ҳам равшантар шудани андешаҳои маърифатпарварӣ, ақлгароӣ, кӯшиши ҳамқадами замон кардани Тоҷикистон мебошад. Бори дигар дидем, ки ин марди наҷиб бо садои пурғулғулаи “Бедор шавед!” хастагиро намедонад ва сури бедориро ба гӯши ҷонҳои мо мерасонад.
Як дафъа ба ёд биёрем, ки ҳанӯз соли 2009 дар сатрҳои аввалини «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» (иборат аз 4 китоб. – Душанбе: Ирфон, 2009. С.5.). Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хонанда муроҷиат карда, навишта буданд: «Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом бум ошён доштанд? Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад? Мақому ҳиссаи таърихии миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамаддуни муштараки ориёинажодҳо то куҷост? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?»
Ин саволҳои ангезанда андешаи моро ба масъалаҳои бунёдии хештаншиносӣ ҳидоят карда буд. Ҳамин нукта аз оғози фаъолияти Президенти муҳтарами мо дар мақоми олӣ равшану возеҳ намоиш медиҳад, ки Пешвои дурандеши мо дар гузоштани мақсад, ба амал баровардани он бисёр ҳадафманд, қадам ба қадам устувор аст. Пас аз ин китоб, аз асар то асар, ҳамин ақида, яъне пурқувват кардани хештаншиносии миллат, хусусан ҷавонон, дар маркази андешаҳои маорифпарварӣ ва фарҳангпарварии ӯ ҳастанд. Ҳар китобашонро, ки боз кардем, ин андеша ба монанди як хатти сурх аз асарҳои сиёсии Ҷаноби Олӣ мегузарад. Ин раванд, яъне мушаххасан шинохтани асолати миллат, решаҳои миллат, хусусан дар китобҳои «Забони миллат – ҳастии миллат» ва дар «Чеҳраҳои мондагор» бисёр равшану амиқ матраҳ мешаванд.
Китоби «Чеҳраҳои мондагор» боз як сифати барҷастаи дигар дорад, ки он барои ҳама табақаҳои ҷамъият фаҳмо ва дастрас иншо шудааст. Мо пештар ҳам пешниҳод карда будем, ин китоб, хусусан барои ҷавонон бояд расонда шавад.
Дар Паём, ин масъала дар раванди ояндабинӣ ва ояндасозӣ матраҳ мешавад, яъне мубрам будани масъалаҳои хештаншиносӣ, соҳибмаърифатӣ, соҳибфарҳангӣ, ақлгароӣ дар шакли як ҳидояти бисёр муҳим омадааст: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат ба насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Чуноне мебинем, ҳар кадоме аз ин сифатҳо ҳам ба алоҳидагӣ ва ҳам дар маҷмуъ дар марҳалаи имрӯзаи рушду тараққии Тоҷикистон аҳамияти на танҳо муҳим, балки ба назари мо, аҳамияти ҳалкунанда доранд.
Баъд аз якчанд ҷумлаи ин иқтибос дар Паём боз ишора ба бесаводӣ, таассубу хурофот ва ҷаҳолат мешавад «ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад».
Ин роҳнамоии Пешвои муҳтарам ба назари мо бисёр мубрам ва дар ҳамин марҳалаи рӯзгори мо зарур аст. Сарфи назар аз ҳама кӯшишҳои Ҳукумат дар самти маориф ва фарҳанг, фароҳам овардани шароитҳои рушду равнақи ҷаҳонбинӣ, фароҳам сохтани тамоми шароитҳо, чи дар дохили кишвар, чи дар хориҷи кишвар омӯхтани илму фарҳанги муосир, ҳамоно мушоҳида мекунем, ки хурофоту ҷаҳолат пеши роҳи рушду равнақи на танҳо маърифат, балки иқтисоди моро ҳам мегирад.
Муносибат бо ин масъала, ҳақиқатан ҳам, бисёр назокат ва эҳтиёткорӣ мехоҳад. Бо вуҷуди ин, чуноне ки дар Паём ҳам омадааст, обод кардани масҷидҳои зиёд, нашр кардани тақрибан тамоми осори динии исломӣ (яъне осори муҳими ҳанафӣ), чоп ва ройгон тақсим шудани Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ бо фитта ва дигар тадбирҳо, ки мақсади онҳо таъмини талаботи қонуни «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мебошад. Сарфи назар аз ҳама ин кӯшишҳо, дар доми найрангҳои хурофотӣ афтидани ҷавонон як падидаи бисёр ҳайратовар аст, ки бо ин рӯйдод, албатта, муросо кардан мумкин нест. Аз ҳамин ҷост, ки дар Паём гӯё бо оҳанги махсус қайд карда шуд: «Бо хурофот давлатсозӣ намешавад!».
Ҳарчанд дар Тоҷикистон тибқи қонун, виҷдон, диндорӣ озод аст, дар айни замон, ба назар чунин мерасад, ки табақаҳои дахлдори ҷомеа бояд фаромӯш накунанд, ки Тоҷикистон на давлати атеистӣ аст ва на давлати теократӣ. Ин нукта, яъне риоят кардани на теократӣ ва на атеистӣ, балки дунявӣ будани ҷамъияти мо маълум мешавад ва тарбияту муносибати махсусро тақозо мекунад. Мо мушоҳида мекунем, ки гурӯҳе пайдо шудаанд, комилан анъанаҳои динии миллати моро инкору таҳқир мекунанд ва як гурӯҳи дигар дар раванди диндориашон ба хурофоту тундравӣ роҳ медиҳанд. Дар чунин ҳол на ин хуб асту на он.
Дар назари муаллифи ин сатрҳо, вақте дар пажӯҳиши ин масъала, яъне таносуби атеизм ва диндорӣ рӯ ба рӯ мешавем, ҳатман, беихтиёр он тадбирҳое, ки Президенти Тоҷикистон барои боз гардондани шаҳрвандони тоҷик аз майдонҳои ҷангу ҷидоли Сурияву дигар нуктаҳои даргир кардаанд, ба ёд меояд. Аҷиб, ки ин тадбири бисёр муҳим, бисёр омӯзанда дар байни мардум кам ташвиқ намешавад, дар сурате ки таҷрибаи ин бозгаштагон, ки аксаран кӯдакон, наврасон ва модарони онҳо ҳастанд, таҷрибаи равшану раднашавандаи касофати хурофоту ҷаҳолат ҳастанд. Як ҳақиқати бисёр сода, ки дар паёмҳои дигар такрор ба такрор омадааст, ин аст, ки «Ҳеҷ кас Ватани моро ба ҷойи мо обод намекунад», ободии Ватани мо, некуаҳволии миллати мо, суботу оромии Ватани мо, танҳо ба худи мо вобаста аст, балки кори дастаҷамъона ва пайваста аст. Хусусан, он бахши ҷомеа, ки аҳли маърифат, ақлгаро, ҳамқадами замон ҳастанд.
Баргардем ба масъалаи ҳадафмандии андешаҳои сиёсии Пешвои хирадманд. Дар ин Паём он пурсише, ки соли 2009 гузошта буданд, яъне мо аз «Кадом дудмонем ва ба куҷо равонаем?» ба як марҳалаи муҳими худаш мерасад. Дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дар Душанбе бунёд намудани Конун, тамаддуни ориёӣ нуқтаи олии худшиносӣ ва бедорӣ мебошад. Ин қисмати Паём ҳадафмандии андешаҳои давлатсозӣ ва фарҳангсозии Пешвои миллатамонро ба решаҳои амиқи таърихӣ мебарад, зеро раванди барқарор кардани фарҳанги миллӣ, шинохти асолати миллӣ, акнун ба дараҷае расид, ки мо бояд ғами солимӣ ва бенуқс кардани решаҳои фарҳанги миллатамонро хӯрем. Албатта, ҷустану бозҷустани решаҳои ориёии тамаддуни мо оғоз аз соли «Бузургдошти тамаддуни ориёӣ», дар соли 2006 қадам ба қадам сурат гирифтааст ва идомаи он сад дар сад ба суди мост. Дар ин раванд, боз ҳам асари Ҷаноби Олӣ аз «Ориён то Сомониён…», ба нашр расонидани тамоми осори тоисломии миллат, ки ин ҳам дар 5 ҷилд бо ҳидояти Ҷаноби Олӣ сурат гирифт ва чандин тадбирҳои дигар, хусусан, ҷаҳонӣ кардани Наврӯз, хештаншиносии миллат, шинохтани асолати миллӣ хеле боло рафтааст.
Дар ин раванд қайд кардан зарур аст, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, эҳсоси хештаншиносии миллатҳо (на танҳо миллатҳои собиқ шуравӣ, балки дар тамоми ҷаҳон) эҳсоси хештаншиносӣ ба як суръати бисёр пуршиддат боло рафт. Дар ин раванд ҳам падидаҳои миллатгароӣ, миллатчигӣ, натсизм ва монанди инҳо авҷ гирифтаанд, то ҳадде, ки яке аз ин миллатҳо даъво кард ва чандин китоб навишт, ки фалон баҳрро аҷдоди мо кандаанд. Боз ҳам дар ҳамин раванд хусусан дар 4-5 соли охир мешоҳида мекунем, ки ба мероси ориёӣ на танҳо ҳамсояҳо, ҳатто баъзе аз қавмҳои славянӣ ҳам даъво мекунанд. Дар ин раванд фарёдраси илм танҳо пажӯҳишгарони содиқ, пӯё ва дурандеш хоҳанд буд. Яъне, ишорати аслии Сарвари давлат низ ба олимон, бавижа таърихнигорон аст.
Албатта, ин падидаҳо як равандҳои даргузар ҳам ҳастанд, аммо он қисмате, ки тақрибан зиёда аз 100-сол аст, даъвои Ибни Синову дигар бузургон мекунанд, моро маҷбур мекунанд, то ба ин гуна даъвоҳо ҷавоб диҳем, яъне хоставу нахоста як майдони набарди фарҳангиву пажӯҳишӣ сурат гирифта истодааст, ки мо ҳаргиз даъвои чунин майдону чунин набардро надорем, зеро худи гузоштани ин масъала бебунёд ва ғайриилмӣ аст, аммо дар айни замон (чуноне ки давраи таҷлили Соли тамаддуни ориёӣ) маҷбур будем, ба чунин даъвоҳо ҷавоб диҳем, акнун ҳам ҷавоб хоҳем дод, аммо табиист, ки ҷавобҳои мо ҳамеша истидлолӣ, илмӣ буданд ва хоҳанд монд. Эҳсос, зиёдаравӣ, таҳриф ва дурӯғпароканӣ кори олимони заиф ва бевиҷдон аст.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳам барои соли 2026 ва ҳам барои оянда як ҳидояти партавафкан, ҳидояти дилро пурқувват кардан, ба ояндаи боз ҳам осудаву шоистатар расидан мебошад.


Назри ЯЗДОНӢ,
Шоири халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 16.01.2026 №: 10