ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО БУД. ХОТИРАҲОИ НЕК АЗ АБДУЛҚОДИРИ РАҲИМ
Инак, баъди 32 соли содиқона қаламронӣ намудан, соле омад, рӯзе омад, ки устод Абдулқодири Раҳим дар зодрӯзаш ба идораи “Ҷумҳурият” ҳозир намешавад. Ҳарчанд барои ӯ рӯзи вижа, рӯзи таваллуд, рӯзи ҷашн ё рӯзи ид қариб, ки вуҷуд надошт. Барои ӯ ҳар бомдод тандуруст аз бистари хоб бархостан, аз боди субҳгоҳии Меҳан шамидан, барои боз як рӯзи умр шукр гуфтан, саҷҷодаи муҳаббат густардан ва дастархони мурувватро оростан ҷашну сури беҳтарин ба шумор мерафт.
Бо ҳамон хоксории хоси худаш 17-уми январи ҳар сол, мисли рӯзҳои муқаррарӣ, ба идораи “Ҷумҳурият” меомаду дари дафтари кории пиру барнои коргоҳро боз мекард ва пеш аз воридшавии худаш аввал садояшро мешунидем: “Ассалому алайкум!”. Касеро аз кормандон ёд надорем, ки давоми ин қадар солҳо пеш аз ӯ салом дода бошад, ҳатман дар салом додан пешдаст буд. Салом, яъне дуо, яъне ба мову шумо аз аввалинҳо шуда, саломатӣ мехост.
Инак, чор моҳ боз дафтари кории устод, ки мо онро бо лутф “Чойхонаи Абдулқодир” мегуфтем, бемизбон аст. Чойхонае, ки саршори панду ҳикмат, латифа ва қиссаҳои ҷолиб буд. Бӯйи нону бӯйи қаҳва дар фазои идора мепечид.
Баъзе ҷавонони навкори идора бо тааҷҷуб мепурсиданд, ки устод кай мақола менавишта бошаду кай ба таҳриру такмил вақт меёфта бошад? Дар ҳоле ки Абдулқодири Раҳим дар хона мақолаву матлабҳои худро дастнавис мекарду баъди салому дуруди аҳли қалам як даста дастхатҳояшро ба ҳуруфчин медод. Баъди нисфирӯзӣ онҳоро як-як қалами таҳрир зада, ба сармуҳаррир месупурд.
Аз шахсиятҳои номдори бинои "Шарқи озод", Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳо қариб касе набуд, ки чойи ҷӯшони сабзу сиёҳ, қаҳваи гарм, пичену қандҳои дастархони устоди моро начашида бошад. Ин ҷо замоне бо шахсиятҳои номвари кишвар Кароматулло Олимов, Ҳақназар Ғоиб, Абдулҳамид Самад, Мирзошоҳрух Асрорӣ, Аслиддин Низомӣ, Бобо-Назар Ғаффор, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Муҳтарам Ҳотам, Камоли Қурбонийон, Убайдулло Раҷаб, Камол Насрулло, Ҳасан Султон, Ҷонибеки Асрориён ва даҳҳо касони номошнои дигар суҳбатҳо доштаву шарафи рафоқат пайдо кардаем. Ҳама ба эҳтироми устод, барои доштани донишу илми қавӣ ва шунидани паёмҳои нави адабиву илмӣ пешаш менишастанд. Ин ҳуҷраи хурд, ба масал яке аз ҳуҷраҳои мадрасаи Бухоро буд.
Аз ин рафтуомади шахсиятҳо маълум мешуд, ки гапи сармуҳаррир Қурбоналӣ Раҳмонзода саддарсад дуруст аст: “Абдулқодири Раҳим пири кор аст, пири кори “Ҷумҳурият” аст” ва чунин маҳфилҳову маҷлисҳо доштани пири хирад табиӣ буд.
Ҳар сол 17-уми январ касе пайхас ҳам намекард, ки зодрӯзи ӯст. Чанд соли пеш дар фейсбук хешону пайвандонаш саҳифаи ӯро боз карданд ва пас он кам-кам мардум огоҳ шуд, ки дар чунин рӯз шоир, нависанда ва журналисти номваре бо номи Абдулқодири Раҳим ба дунё омадааст.
Устод кӯдакии хушу хотирмон надошт. Тавре худи ӯ ёдрас мекард: “Ба синни ҳафт чун расидам, модарам мурд, ҳамоне, ки маро ҷисман зода буд. Не, намурд, сари фарзанд рафт, дар сӣ. Ҳафт кӯдакро ба падарам вогузошту холаи Мавҷӣ. Ман ҳамон вақт пир шудам, ба ҳафтод расидам, ба умри холаи Мавҷӣ.”
Бале, устод дар 7-солагӣ таҷрибаи талхи ҳафтодсолагиро дар рагу пӯсти хеш гузаронд. Касе, ки мисли ӯ ятим бузург шудааст, одатан дурушт, талхгап ва ба сарнавишти одамон бепарво мешавад, аммо ӯ меҳру муҳаббат ва садоқатро дар ниҳонхонаи ҷонаш нигоҳ дошт ва то охирин рӯзҳои умр бо худ мегардонд. Нигаред ба ин навишта: “Намедонам, хости Худо буд ё ман дар хона гаронӣ кардам, ки маро бурданд сағирхона. Ба нуҳ қадам гузоштам. Шабе зор гиристам, барои модар ва ӯ дар сурати муаллимаи мо омад. Мегуфтанд, ки бихонед ва мо мехондем. Мегуфтанд, ки хидмат бикунед ва мо хидмат мекардем”.
Муаллимаи ятимхона ӯ ва дигар ҳамтақдиронашро ба роҳи дуруст бурдааст, яъне хондан, алами бемодариву танҳоиро аз китоб гирифтан.
Устод шасту чор сол зистанд, аммо ин зиндагӣ саршори ибрат буд. Чунон зист, ки касе надонист, ки оё чунин марде буд ё набуд? Ҳамеша мегуфт: “Ҳамин, ки дар дӯши дунё борем, кофист, хори роҳи дигарон будан нашояд”.
65-солагии устодро, ки инак бе ҳузураш ҷашн мегирем, дафтари таронаҳои “Гулҳои худрӯ”-ро варақ задам. Дафтари корияш бидуни ӯ холист ва ин аст, ки дафтари осорашро боз мекунем. Инак, гулғунчаҳои таронаҳои ҷаззоб ва тару тозаро мешамем:
“Як умр дар суроғи бахт будам. Бахт дар назад. Рӯзе азм кардам, ки ба ҷустани бахт биравам. Рӯзе, ки рафтам, бахт ба хона омад ва маро наёфт”.
Воқеан ҳам, мо чи будани бахтро намедонем ва беҳуда онро аз зару сим, ёри зебо, мансаб ва сафарҳои дур меҷӯем. Дар ҳоле ки бахти мо метавонад дар хона ҳам бошад.
Ва чунин тазодҳо ҳам мешаванд:
“Ту хушбахтиро нашинохтиву нагузоштӣ, ки вориди хонаат шавад. Ва ман онро бад-ин бовару умед, ки ту беҳтар аз ониву меоӣ, аз дари хона рондам”.
Гоҳе гадо ҳам ҳикмате мебахшад, ки устод чунин дарёфта: “Ба гадоён симу зар додам ва ба ту нома. Агар медонистам, ки номаро месӯзӣ, чун гадоён симу зарат медодам ва номаро бар равоқи баланд мегузоштам, агарчи то дами марг он соҳибе пайдо намекард”.
Абдулқодири Раҳим рӯзҳои пас аз марги худро ҳам гӯё пешбинӣ намудаву навишта:
“Пирамардон имрӯз дар ин хона ҷамъ омадаанд. Бо дастони сарди ларзон ба ҳам чойи гарм медиҳанд ва бо ҳасрат ба ҳама неъмати дастархон менигаранд. Аз марде бояд ёд биёранд, ки моҳе пештар соҳиби ин хона буд ва онҳоро ҳамроҳӣ мекард ва чун навбати суханро мегирифт, ҳама аз ишқ мегуфт...”.
Ҳақ асту рост. Устод аз зумраи касоне буд, ки дар ҳар навбат гиреҳи суханро ба занҷираи зарини ишқ мепайваст, то мардум муҳаббатро фаромӯш насозанд. 32 сол бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” буд ва аз ишқ сухан навишту гуфт, аз ишқи Ватан, модар, Наврӯз ва илму адабиёт. Дар ин муддат аз хеш мактаби шоистаи камолу адаб боқӣ гузошт ва таъсири муҳити офаридаи ӯ дар мо ҷорист.
...Ва боз ҳам меоем ба рӯзи 17-уми январ. Рӯзи муқаррарии устод Абдулқодири Раҳим. Агар зинда мебуд, чун ҳар рӯзи дигар меомад ба идора, анбонае дошт бо кулча, бо қаҳва ё ягон хӯрдании дигар пуршуда. Онро ба ҳуҷраи худ мемонду ба навбат сар мезад ба дафтари кории мо. Салому паём мерасонд. Дар назди ҳамкорони ботаҷрибатари пешин гапаш, агар метасфид, латифае нақл мекарду сипас оҳиста-оҳиста ба дафтари кории худаш мерафт. Мерафту дастархони коғазӣ меорост. Бале, коғази нонавиштаи рӯзномачопкуниро боз мекарду дар як лаҳза болои онро бо шириниҳо, қаҳваю қанди сапед, қандҳои гуногун ва агар тобистон бошад, бо ангур оро медод. Ва мо кормандони “Ҷумҳурият”, пиру барно, зану мард ба навбат бо даъвати ин пири хирад ё бо сабабҳои корӣ сар бар “Чойхонаи Абдулқодир” халонда, ком ширин мекардем...
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
