БА ХОНАИ ОРИЁИ ХУД БАРГАШТЕМ! Ё ЧАНД МУЛОҲИЗА ДАР САРНАВИШТИ САДА
Аз ҷашнҳои куҳантарин ва ифтихоромези ниёконамон Ҷашни Сада аст, ки мувофиқи солшумории милодӣ ҳар сол охири моҳи январ таҷлил мешавад ва омӯзиши пурраи он аз гузаштаи дороманди халқамон саҳифаҳои тозаро мекушояд. То замони истиқлол ин идвора дар домани гирудорҳо ва гузашти асрҳо аз хотир фаромӯш буд. Балки онро иҷборан аз хотираи мардум пок карданӣ буданд. Агар ба адабиёти як аср пеш назар биандозему ба насле, ки мешинохтем, дар таъкидамон шубҳа намемонад. Тамоили аз ёдҳо тарошидани Ҷашни Сада ва муқовимат ба дигар аркони бунёдии фарҳанги миллиамон аз забткории мақдуниён ибтидо гирифта, бо тороҷгариҳои арабу муғул, хонабарандозиҳои ақвоми бодиягард ва пасон низ, то ба фарорасии истиқлол идома ёфт. Яъне, аз ҷашнҳоест, ки бо сарнавишти миллати тоҷик қиёс мешавад. Аз ҳар анъанаи дигар бештар аз худиву бегонаҳо зарбаҳо хӯрдааст.
Рӯ овардан ба осори пешин, зинда кардани ҳунару ҷашнвораҳои куҳан аз амалҳои таҳдору дурандешона ва заковатмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будааст. “Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад,” – таъкид мекунанд Пешвои миллат.
Ташаббусҳои Пешвои миллат моро дам ба дам бо худ ва гузаштаи худ мешиносонанд. Зимни таъкидҳои Сарвари давлат ошноӣ ба фоҷиаи Ҷашни Сада, ошноӣ бо таърих, ҷаҳоншиносии халқи худ аз даврони бостон, анъанаҳои наку, таърихи шоҳону шаҳристонҳо ва билохира шинохти адовати рақибон будааст. Чуноне борҳо таъкид карданд: “Душман аввал чизҳои камарзишро мегирад, баъд забонатро. Баъд бо муқаддасот ҷанг меорояд, сипас хонаву даратро.” Яъне, пайкор бо анъанаву урфу одатҳо мубориза ба муқобили халқу миллат аст.
Дар ин раванд, бо дастрасӣ ба сарчашмаҳо ва пажӯҳиши донишмандони хориҷӣ, ҳамзабон ва ватанӣ метавон ба чанд паҳлуи ҷашн таваҷҷуҳ намуд. Бояд зикр шавад, ки дар ибтидо Сада ба хотири дилхушӣ ва фароғат ба миён наомада, балки зарурат ва эҳтиёҷи рӯзгор ва зиндагии инсонҳо будааст. Бо гузашти марҳалаҳои тараққиёт такомул ёфта, чизҳое бар худ афзуда ва бархеро дар роҳи тулонӣ аз худ афкандааст. Аз як маросими одиву барои омма муҳим барои ҳисоби умр, фарқи чистии торикию рӯшанӣ, ба василаи тарғибу талқини анъанаи номиро (намиранда) ва намунаи барҷастаи русуми поянда ва шигарф табдил шуд. Дар ҳамин раванд, Сада сарчашмаи таърихист, ки аз гузаштаи пурғановати тоҷик, аз шоҳону номварони асрҳои пешин, адлу дод, диҳишу бахшиши онон, пайдоиши шаҳристонҳо ва оташкадаҳои маросимӣ, аз оини хуштарҳ, аз адабиёти тановар ва чанд паҳлуи зиндагиномаи мардум маълумот доштааст.
Дар маҷмуъ, бунёди идҳои пешин оғози рӯзгори ошноёнаи инсон ба табиату дарки омиёнаи ҳаводиси он мебошад, ки умумияти пайдоишашонро устувор мекунад. Аз дидгоҳи ҷомеашиносӣ ба замони асри нави санг ва ибтидои асри биринҷ тааллуқ дорад ва ташаккулаш ба бунёди нахустдавлатҳо рост меояд. Фарогири ҳама табақаҳои иҷтимоӣ: аз барзгар то шоҳон будааст.
Аз осори омӯхтаам натиҷа бармеояд, ки аз эътиқодҳои ибтидоист ва ба таълимоти зардуштӣ алоқаманд набуда, намунаи эътиқоду арҷгузорӣ ба Офтоб ва нишонае аз он дар рӯйи Замин – оташ будааст. Як маросимест мардумӣ, балки нишони эътиқод. Ва хосу ом оташро бартар аз ҳар чизи дигар медонистанд. Бино ба гуфтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфтанд, ки бар зидди ин неруҳо озар ё оташ ва раъду барқ муассиранд. Бар зидди торикӣ Хуршед – унсури тавонову муқаддас мавриди парастиш қарор гирифт.” (Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. – Душанбе,2006. – С.263).
Ин ҷо зарурат аст сари масъалаи муқовимати рақибони бунёдӣ алайҳи ҷашнвораи куҳантаринамон биандешем. Дар ин рав, бар хилофи бештари олимони Шарқ бар андешаам, ки Митроизм (Меҳрпарастӣ) аз парастиши оташ бардоштҳо дорад, на баръакс. Пас он, бар асароти мутақобила аз русуму урф, таҷриба ва анъаноти ҳамқавмон пурра гардид. Дар осори ҳаким Фирдавсӣ, ки такя ба манбаъҳои аҳди Сосонӣ, ки оҳангҳои туронӣ (мазмуну мотивҳо – истилоҳи Ҷон Роберто Скарча аз китоби “Оҳангҳои туронӣ дар ҳамосаҳои эронӣ” (аз итолиёӣ тарҷумаи Бобо-Назар Ғафор) доранд, ин нукта возеҳу рӯшан аст. Яъне, Ҳушанг ҳанӯз зардуштӣ нест ва ин ойину кеш дар даврони Гуштосп, дар шарқи Эрон пазируфта шуд. Яъне, пайдоиши Сада ба замоне рост меояд, ки қабилаҳои эрониву туронӣ як дину ойин доштанд. Ҳунари Ҳушанг дар аҳлӣ кардани оташ аст, на кашфи он. Балки Ҳушанг асрори истифодаи оташро ба мардум омӯхт. Оташро хонагӣ кард. Ричард Фрай дар китобаш “Мероси Осиёи Марказӣ” амиқтар меравад. Ӯ таъкид мекунад: “Вижагии ғоявии ориёнӣ оини оташ буд, ки, агар ба дасти эшон сохта нашуда бошад, пас дастикам ба василаи ориёнҳо иқтибос ва шоеъ гардид”.
Ба ҳар ранг мебояд ба замони пайдоишаш диққат кунем, ки акнун инсонҳо рӯ ба пешравӣ доштанд ва ҳанӯз давлатсозӣ сомон наёфта буд. Сада, ки аз пиндори мо оташпарастиро дар худ таҷассум мекард, пасон батадриҷ ба ҷашнвора табдил шуду ташаккул ёфт ва ба маросиме бузурге дар давлатдории Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён ҳамчун мубаллиғи ойину кеши меҳрпарастию Зардуштӣ гардид.
Аз аҳди бостон мардуми мо идҳои зиёдеро таҷлил мекарданд. Дар моҳрӯзи (тақвими) пешин ҳафта набуд ва ҳар рӯз номи махсус дошт, ки дар моҳи ҳамном ҷашн мешуд. Гӯё Сада ба воқеаи муҳими табиӣ ва нуҷумӣ алоқамандие надорад. Мешавад онро, танҳо ба омодагӣ ба баҳору оғози киштукор ва шинондани дарахтон пайвандӣ дод? Гумонам, ки қонеъкунанда нест. Бинобар ин, мебояд оғози ҷашнро аз шаби Чила 21-уми декабр – мавлуди Офтоб ва баргузориашро бо “Гаҳворабандони Хуршед” – даҳуми Баҳман (30-31-уми январ) пайваст. Ва боз далели баргузории ҷашн рӯшантар мешавад, ки аҳамияти оташ дар моҳи Баҳман (мутобиқ ба феврал), дар ҷӯши сармо намоёнтар ва гармию нигаҳдории он дучанд мегардад.
Акнун аз он бигӯем, чаро Ҷашни Сада ба рақобат бештар дучор шуд? Бо он, ки дар таркибаш аломатҳои рӯшану рӯйирости анъанаҳои пешин – оташпарастӣ ва Митроизмро дошт ва намунаи зиндаи муқовимат бо оини тоза – ислом ба шумор мерафт ва объекти асосии парастиш – оташкадаҳо пеши назари мардум буданд. Бо ин сабаб, муқовимати сахту сангин бо Сада воқеъ шуд. Бо нест кардани Сада аз миён бурдани оташкадаҳо саҳл мешуд ва баръакс. Араби истилогар қисми маъбаду оташкадаҳоро хароб ва бахшеро ба масҷид табдил дод. Араби дар мубориза бо парастиши Офтобу оташ дар Мисру соири давлатҳои Шарқ таҷриба пайдо карда, ҳангоми густариши ислом бо бутҳои худӣ ва парастиши Офтобу оташ ба тариқи даҳшатовар муқовимат орост.
Дар ибтидо оташкадаҳо нобуд гардиданд, вале ғоя ва моҳияти анъана дар тафаккур боқӣ монд, ки ҳамлаи навбатии бодиягардон (асрҳои ХI-ХIII), тақрибан аз миёнаш рӯфт. Дар пойдории Ҷашн нахуст омили сиёсӣ аҳамият доштааст. Дар ин ҷода нақши абармардони сулолаҳои ватанпараст хеле муҳим буду монд. Дар миён нақши давлатҳои Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён ва саҳми Яъқуби Лайс ва Исмоили Сомонӣ барҷаста менамоянд. Дар ривоҷи амалҳои онон муборизаи халқ барои нигаҳдории суннатҳои падарон аҳамияти ҷиддӣ дошт. Дар ин баробар, балки бартар аз он муқовимати фикрӣ ва ғоявӣ нақши муҳимтаре бозид. Аз ҳаракати шуубия ба пас родмардоне дар ҳимояи мероси падарон ҷон ба каф муқовимат оростанд. Ибни Муқаффаъ, устод Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Асадии Тӯсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳон Берунӣ, Абулфазл Байҳақӣ, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Носири Хусрав ва даҳҳои дигар бар забону анъаноти пешин содиқ монданд. Муқовимати фикрӣ ва ғоявӣ афзалтар аз муборизаи босилоҳ буд.
Аммо рақибон мехостанд дар ҳама бахш дастёб бошанд, зеро ҳар забткор бо таълимот ва оину анъанаи худ ба сарзаминҳои дигар ворид мешавад ва тибқи он амал ва аҳолии бумиро ба он иҷборан ҷазбу ҷалб мекунанд. Дар ҳамин раванд ба ҷойи осору суннатҳои миллӣ ҷабран маҳсули офаридаи худ, арзишҳои созгор ба густариши таълимоти мувофиқро талқин менамояд. Корро ба соне амалӣ месохтанд, ки аз оину кеши пешин чизе боқӣ намонад. Чуноне, пас аз муддате дар Хуросону Варорӯд аз оташкадаҳо нишоне намонд. Ба қавли Фирдавсӣ, ки дар достони “Подшоҳии Яздигурд” таъкид медорад:
Аз ин зоғсорони беобу ранг,
На ҳушу на дониш, на ному на нанг...
Ба Эрону Бобул на кишту дуруд,
Ба чархи Зуҳал бар шудӣ тира дуд.
Ҳама оташ бимурдӣ ба оташкада,
Шуди тира Наврӯзу Ҷашни Сада.
Арабҳо нақшаи густурдае доштанд, ки ба ҳама самт равона мешуд. Дар таҳкими ғоя аз таълимоти нав номувофиқонро сар мезаданд ва ба донишмандону мудаббирон такя. Бо ҳар усул сиёсати худро таҳким мебахшиданд. Ба шоҳиди воқеот ва сиёсати хуношоми араб - Абулқосим Фирдавсӣ даҳҳо бор муроҷиат бикунам ҳам, дилам тар намешавад. Ӯст, ки арабро “душман” ва “Каҷандешу бадхӯю Аҳриман...” мешуморад.
Абурайҳон Берунӣ “аъробро аз илми буруҷу сувар хеле дур” донистааст. Вале монои Берунӣ шахсиятҳо начандон зиёд буданд, ки бо санаду далелҳои қотеона садди роҳи душмани ғаддор шаванд. Аз дастгирии ғоявӣ ва моддии хилофат, аз арабзадагии доираҳои “мавло”-и мушовиру маслиҳатгар араб ҳишта мегирифт. Бо амри маъруфи идеологҳои мусалмон ва маҳаллӣ араб нерумандӣ ва тавони фарҳанги пешинро дар моддиёт – оташкадаҳо, мавзеъҳои муқаддаси шаҳристонҳо, намунаҳои санъати меъморӣ (рамзҳо, пайкараҳо, тасвирҳо) ва дар маънавиёт – китоби муқаддаси Авесто, (китобхонаи бузурги Марв), оину кеши пешин, шахсиятҳо бо андешаи миллӣ, номҳои пешин, ҷашнвораҳо медиданд, ки бештарашро аз байн бурданд. Ҳатто, рисолаҳои зиёди ба илмҳои риёзӣ, ситорашиносӣ, таърих, ки ба дину оин иртиботе надоштанд, сӯзонданд. Ҳар тане, ки рӯ ба гузаштааш меовард, ба куфру кофирӣ маҳкум мегардид ё сангсор мешуд ё қатл.
Искандари Мақдунӣ бо сӯзондани китоби муқаддаси Зардуштӣ ва Истахр - минбари Ҷашни Наврӯзу Сада, ки қудсиёташ дар таҷлили расмии ҳамин ҳамоиш намоён мегардид ва неруи бузурги руҳонӣ дошт, аз миён бурданд. Бино ба навиштаи бостоншиноси амрикоӣ Д. Уилбер дар китоби “Ориёнома”, Искандар нақшаи Дориюшро ба бод дод, ки бо бунёди Кохи бегазанд мехост ҷовидон бимонад.
Ҳамин амалро арабҳо фарогиртар ба роҳ андохтанд. Бо аҳли байташон дар қария ва шаҳристонҳо, дар хонаҳои мардум сокин шуданд, то аз гуфтугӯ ва адои аркони дини навзуҳур назорат кунанд. Ҳамин ҳолатро ҳаким Низомӣ хеле рӯшан тасвир мекунад:
Хонадорон зи ҷаври хонабарон,
Хонаи хеш монда бар дигарон.
Ба қавли ин шоири шаҳир "пойи бегона дар миён омад" ва "хонаи мо ба дасти хонабарон" афтод ва ҳар кореро, ки дилашон хост, карданд:
Он биёбонии арабпарвард,
Кори мулки Аҷам надонад кард.
Тозиёнро диҳад вилояту ганҷ,
Порсизодагон расонд ба ранҷ.
Агар андак ресмони андешаро дарозтар партоем, пеши назар хунхории ҳадафмандонаи араб ҷилва мехӯрад. Ба хотири бардошти ғанимат барои яксар маҳв кардани (генотсиди) халқҳои муқобилашон омода буданд. Чунонки ин амалро то марзҳои Эрон анҷом доданд. Инчунин, нуктаҳо дар навиштаи Муҳаммад Ҷарири Табарӣ дар амалҳои Қутайба дар Самарқанд мунъакис шудаанд. Барои он, ки нисбат ба ҷашнвора нафрат ангезанд, ба гуфти Акбар Турсон: “Дар мавқеъгирӣ бо оташ ташреҳи мармузи худошиносии мусулмонӣ боло гирифт: оташро бо дӯзах айният доданду шайтонро маҳсули “оташи пок” муаррифӣ намуданд. Ин ба тағйири нақши оташ дар ҷаҳоншиносии эрониён овард. Оташ аз поксозу дармонбахш ва хайру созанда ба олоти тарс ва муҷозот табдил шудан гирифт.”
“Чу бахти араб бар Аҷам чира шуд, Ҳама рӯзгори эрониён тира шуд” - аз хулосаи таҳдор ва пурвусъати ҳаким Фирдавсист. Бо ҷон гирифтани ислом муқовимат бо озодандешон ва номоварони тоҷик оғоз гардид. Ба ҳар баҳонае бахташонро вожгун менамуданд. Муқаннаъ, Абумуслими Хуросонӣ, Язак, Тоҳир ибни Абулло, Яъқуб ибни Лайс ва даҳҳои дигар бо хиёнат кушта ва ё душмани дини мубини ислом эълом шуданд. Дар ин раванд, комноком хиёнати ашрофзодагони маҳаллӣ ва руҳониён рӯшан аст. Аз устод Рӯдакӣ сар карда, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, амир Ҳасанаки вазир ва садҳои дигар ба рофизию қарматию исмоилӣ муттаҳам гардиданд. Оини бадбинии эрониён аз замони Уммавиён, ба қавли Забеҳулло Сафо “салтаи қаҳролуд ва нажодпарасти араб” ба вуҷуд омада буд ва эрониёнро ба мисли дигар қавмҳо фармонбари худ ва мавлову банда мехонданд.
Абулфазл Балъамӣ дар бахши “Зикри ба дор кардани амир Ҳасанак...” аз ҳамин хиёнатҳо ёдовар мешавад. Бино ба ҳикояти ӯ, Ҳасанак қариб 7 сол бар дор бимонд. Ва қиссаи модари Ҳасанак ҷигарсӯз аст. Ду моҳ ин ҳадисро аз ӯ пинҳон доштанд. “Ва модари Ҳасанак зане буд сахт ҷигаровар.., чун бишнид ҷазаъ накард, чунонки занон кунанд, балки бигирист ба дард, чунонки аз ҳозирон аз дарди вай хун гиристанд”.
Ва ёрон аз бисёр қиссаҳо, ки ба бузургони миллат воқеъ шуда, огоҳанд. Ҳамчуноне аз қатли Ҷаъфари Бармакӣ, ки Ҳорунаррашид бифармуд бикушанд ва “...то ба чаҳор пора карданд ва ба чаҳор дор кашиданд...”
Ва агар ба осори Абурайҳон Берунӣ муроҷиат намоем, боз як муқовимати усулии арабро бо мардумони ориёӣ мушоҳида мекунем. Дар ҳамин рав моҳрӯзии хуршедии ниёгон мамнуъ шуд. Маълум мегардад, ки ду таълимоте, ки рӯ бар рӯйи ҳам омаданд, аз бунёд ихтилофи ҷиддӣ доштанд. Пас он, анъанаҳои арабию сомӣ ва зардуштию маҳаллӣ ба ҳам печида, дар тафаккури мардум соз гирифтанд. Аз тарафи дигар, бо фарҳангу ҳушёрии сиёсӣ ва ватанхоҳӣ идҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Садаро бо бахшидани армуғонҳо ба араб зинда дошта, пас он, ҳамчун ҷашнҳои миллию давлатӣ дар сатҳи шоҳону вазирон шону шуҳрат доданд. Аз дигар сӯ, дар андешаам, ки занҷираи ҷашнвораҳоро умумияту бунёд, ки ба гардиши Офтоб ва хосиятҳои кайҳоншиносӣ ва донишҳои астрономӣ бастагӣ доштанд, зинда доштанд. Яъне, паҳлуҳо ва заминаҳои устувори табиӣ наҷотбахш буданд.
Дигар, ки фарзонаҳои рӯшангари замона дар пайи сабзиши дастовардҳои куҳани миллӣ буданд. Магар мешавад ҷоннисорӣ ва муқовимати шадидро, ки Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав ва вазирону солеҳони Бармакӣ анҷом доданд, фаромӯш кард. Дар замони Ғазнавиён фарҳанги ориёӣ гулхати сареҳе дошт. Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Анварӣ ва чанде дигар ҳар дами мувофиқ аз Наврӯзу Садаву Меҳргону Тиргон ёдовар мешуданд. Ҳамин омили муҳими сиёсӣ ва ақлонӣ буд, ки пас аз зарбаҳои муҳлики араб на як Наврӯзу Сада, балки анъанаҳои дигар низ сабзиши дубора ёфтанд.
Чуноне дар замони Истиқлол ҳамин рисолатро Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт ва бо ташаббусҳои хеш оини ҷашнвораҳоро зинда кард, балки онҳоро ба муаррифи чеҳраи тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мубаддал намуд. То замоне халқи тоҷик вуҷуд дорад, растохезу умри дубораи онҳо бо номи ин марди рӯшангару ватанпараст – Эмомалӣ Раҳмон боқӣ хоҳад монд. Душманон ва хоинони дару даргаҳ ва берун аз он ҳарчи мегӯянду менависанд аз рашк аст, ки асоси давлати бунёднамудаи ӯро садоқат ба анъанаҳои миллат ва Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Асоси пешравиҳои ҷомеаи кунунӣ дониш мебошад, ки борҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки аз осори пешин сарчашма мегирад. Аз тарафи дигар, ҳамагуна анъана ва русуму одоти мардум ҷавҳари дурахшандагии фарҳанг будаанд. Бе аз худ кардани донишу андешаи пешин ба дастовардҳои бузург расидан имкон надорад. Дар ин ҳолат, моро лозим аст ба дарунсӯ ва гавҳари судбахшу пурарзиши анъанаҳои ниёгон муроҷиат намоем, ки аз асотир, бовар, гоҳномаву шинохти розҳои табиат, зебоипарастӣ, ахлоқ иборат будааст. Ва дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамои рӯзгори ҳар фарди созанда бошад: “Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ, онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.” Дар авзое, ки ба тармими хонаи бобоӣ камар бастаем, ин суханон бояд шиори рӯз бошанд.
Ҷонибек АСРОРИЁН,
мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ, номзади илмҳои таърих
