ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИФТИХОРИ МАНУ МОСТ!
Зикри корномаҳои наҷотбахши миллати тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои он муҳим ва зарур аст, ки ин корномаҳо ҳазорҳо, миллионҳо нафарро имрӯзу оянда ба ҷавонмардӣ, ба шуҷоату нотарсӣ, садоқати ватандорӣ, тамаддунофарӣ, маорифпарварӣ, ғамхориву меҳрубонӣ ба қишри осебпазири ҷомеа, ахлоқи поки оиладорӣ, ҳифзу эҳтироми модарону хоҳарон, муҳофизу нигаҳдори ҳуқуқ, такягоҳи бовару эътимоди онҳо будан, дастгирии ҷавонон ва ҳидояти онҳо ба роҳи дурусти зиндагӣ, фидоии Ватану миллат будан ҳидоят мекунад ва хоҳад кард.
Таърихи миллати мо чунин инсони муъҷизамасалро ёд надорад, зеро ҳар шахсияте дар ҷараёни фаъолият ва умри худ танҳо як ҷараёнро тавонистааст пеш барад, дар як ихтисосе тамаддунофарӣ кардааст, аммо Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои як кишварро бо ибтикороти пур аз қаҳрамонӣ пеш бурда, Тоҷикистонро аз як кишвари ҷангзада, харобу вайроншуда, ки модаронаш гирёну ҷавононаш раҳгум задаву намедонистанд барои чӣ даст ба гиребони падар ё бародари худ задаанд, бонувони ҷавони хонавайрону бесаробон, кӯдакони бепадар, шаҳру рустоҳои вайрону халқи гурусна, гурезаҳои иҷборӣ, аҳли илму фарҳанги фирорӣ... буд, ба як давлати рӯ ба тараққӣ, ба як кишвари амнтарини ҷаҳон, ба як давлати пуриқтидор ва дар ҷаҳон эътирофшуда расонданд.
Пешвои миллати мо дар таърих, сиёсат ва адабиёти миллат як чеҳраи нотакрор, бесобиқа, муъҷизамасал аст, ки ҳазорон нафар ба он кас пайравӣ хоҳанд кард.
Дар таърихи каёни ориёӣ ва роҳбарони давраи шуравӣ касе ба андозаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби муҳаббати халқ набудааст. Сиёсати давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯстдориву муҳаббат, эҳтиром ва ғамхорӣ ба халқу обод кардани кишвар, тамаддун овардану рӯшангароӣ аст.
Ҳеҷ сарвари давлатеро ёд надорам, ки дар васфаш садҳо китоб, мақолаҳои илмиву адабӣ, рисолаҳои сиёсӣ, ҳазорҳо шеъру достон эҷод шуда бошанд.
Яъне, ин қадар васфи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дили мардуми тоҷик зиёд аст, ки ҳар касе мехоҳад бо китобе, бо шеъре, бо дуои неке, бо ҷумлае, бо тасвир кардани симои пуранворашон меҳру иродату ихлосу дӯстдории хешро арз кунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳтарин бо сиёсату хиради дурандешонаи давлатсозиву давлатдорӣ дар пеши назари аҳли олам Тоҷикистонро ба ин рӯзҳои саодатманд ва иззату шарафи ҷаҳонӣ расонданд.
Солҳои навадуми асри ХХ аҳли олам медонад, ки Тоҷикистон дар вартаи нобудӣ қарор дошт ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуданд, ки миллати тоҷик аз хатари нобудӣ раҳоӣ ёфт. Ҳарчи Тоҷикистон дар давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ ба даст овардааст, ба шарофати роҳбарии хирадмандона ва сиёсати одилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Адибаи ХУҶАНДӢ
