САДА. ПИРӮЗИИ ГАРМӢ БАР САРДӢ, РӮШНОӢ БАР ТОРИКӢ ВА НЕКӢ БАР БАДӢ
Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шумурда мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад. Имрӯз Ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст.
Дар асоси сарчашмаҳои асотирӣ ва адабӣ шоҳ Ҳушанги пешдодӣ на танҳо рози оташафрӯзиро дарёфтааст, балки ҷашни гиромидошти онро бо номи Сада бунёд ниҳодааст.
Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳон гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Абулқосим Фирдавсӣ
Тибқи асотиру ривоят, кашфи оташ ва вобаста ба он истеҳсоли оҳан ва таъсиси Ҷашни Сада боиси ба вуҷуд омадани бисёр касбу ҳунарҳои мардумӣ, асбобу олоти корӣ гардидааст, ки то имрӯз идома ёфта, дар фаъолияти ҳаррӯзаи кишоварзон истифода мешаванд.
Дар қатори дигар ҷашнҳои ниёгони мо Ҷашни Сада таърихи хеле қадима дорад. Моҳияти Ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд. Сада ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад.
Ғояи асосии Ҷашни Сада гиромидошти нуру рӯшноӣ ва гармӣ мебошад. Дар устураҳои бостонӣ омадааст, ки мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват мекардаанд. Муроду мақсади мардум аз баргузории он оғоз намудани омодагиҳо ба корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад. Сада Ҷашни пиру ҷавон, зану мард ва ҳамаи шаҳрвандон аст. Он ба ягон дину мазҳаб тааллуқ надошт ва надорад.
Оид ба шарҳи истилоҳи “Сада” дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз ҷумла, машҳуртарин тафсири мардумии он ин аст, ки Сада аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва он иборат аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз будани замони расидани Наврӯзро ифода мекунад. Аммо, ба ақидаи олимони устурашинос, истилоҳи “сада” аз калимаи “санд”-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан ва зоҳир шуданро дорад. Яъне, падид омадани равшанӣ ва гармӣ.
Дар замони қадим, деҳқонону чорводорон, ки зиндагии онҳо ба захираҳои табиӣ вобаста буд, Садаро барои истиқболи гармии Офтоб ва оғози омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ҷашн мегирифтанд.
Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар карда, то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буда, дар дарбор ва байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бошукӯҳ таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои XII – XIII бо таъсири руҳониёни мутаассиб таҷлили расмии Ҷашни Сада аз тарафи шоҳон қатъ шуда, он ба ҷашни мардумӣ табдил ёфт ва дар шакли сайрҳо то ба рӯзгори мо омада расидааст.
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, баъд аз ҳуҷуми арабҳо ба сарзаминҳои Осиёи Марказӣ Ҷашни Сада аз байн бурда шуд. Як нуктаи дигарро бояд дарҷ намуд, ки замони Иттиҳоди Шуравӣ низ ин Ҷашн қайд карда намешуд.
Хушбахтона, бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои ниёгонамон дубора эҳё шуданд. Аз ҷумла, Сада дар кишвари фарҳангпарвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашнҳои Меҳргон ва Сада расман дар рӯзҳои муайян таҷлил мешаванд.
Париноз МИРЗОЕВА,
омӯзгори МТМУ №44-и шаҳри Ҳисор
