ИЛМ ДАР ХИДМАТИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ Ё ПАЖӮҲИШГОҲЕ ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛ
Фарҳанг оинаи ҳастии миллат, пояи худшиносӣ ва сарчашмаи неруи маънавии ҷомеа мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанг ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ табдил ёфт.
Фарҳанг дар кишвар нафаси тоза гирифт: арзишҳои миллӣ аз нав эҳё гардиданд, мероси ғании таърихию фарҳангӣ ҳифз ва муаррифӣ шуд, фарҳанги тоҷик бо чеҳраи асилу пурмазмун ба ҷаҳони муосир қадам гузошт. Дар татбиқи ин сиёсати оқилона Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ (ПИТФИ), ки соли 1997 таъсис ёфтааст, нақши шоиста дорад. Он имрӯз ягона муассисаи илмию тадқиқотии кишвар ба шумор меравад, ки масъалаҳои муҳими соҳаҳои фарҳанг, ҳунар ва иттилоотро ба таври фарогир меомӯзад.
Тавре директори Пажӯҳишгоҳ Абдуфаттоҳ Аминзода мегӯяд: “Маҳз дар натиҷаи кори мунтазами олимон унсурҳои муҳими фарҳанги миллӣ таҳия, ҳуҷҷатгузорӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ пешниҳод гардиданд. Ин раванд ба ворид шудани як қатор ҷашнҳо, суннатҳо ва ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи байналмилалии мероси фарҳангӣ замина гузошт”.
Пажӯҳишгоҳ як қатор лоиҳаҳои муҳими илмӣ-амалиро татбиқ намуд, ки таъсиси бойгониҳои иттилоотӣ, бунёди захираҳои электронии фарҳанг ва санъат, ташкили пойгоҳҳои библиографӣ ва таҳияи манобеи ҳуҷҷатишудаи илмӣ аз ҷумлаи онҳост.
Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Пажӯҳишгоҳ ин саҳмгузорӣ дар таҳия ва пешниҳоди унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддии Тоҷикистон ба ЮНЕСКО мебошад, ки тибқи муқаррароти Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ (2003) сурат мегирад. Конвенсияи мазкур марҳалаи сифатан нави муносибати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фарҳангро ифода намуда, онро на танҳо ҳамчун ёдгории моддӣ, балки ҳамчун раванд, таҷриба, дониш ва зеҳнияти зиндаи ҷомеа эътироф мекунад.
Фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сабти номи мероси фарҳанги ғайримоддӣ намунаи равшани сиёсати дурандешона дар соҳаи нигоҳдории фарҳанги миллӣ мебошад. Дар ин раванд, Пажӯҳишгоҳ ҳамчун маркази илмӣ-тадқиқотӣ ва методӣ на танҳо иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро таъмин намуд, балки ба таҳкими ҳувияти миллӣ, рушди ҳамкории фарҳангӣ ва ҳифзи мероси зиндаи тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошт. Ин ниҳод дар омода, таҳия ва пешбурди парвандаҳои номинатсионӣ нақши калидӣ иҷро намуд.
Маҳз тавассути сабти ном дар Феҳристи ЮНЕСКО баъзе аз унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ аз доираи маҳдуди маҳал ва минтақа берун рафта, ба қисми ҷудонашавандаи мероси муштараки инсоният табдил меёбанд.
То охири соли 2025 аз тарафи Тоҷикистон ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО 13 унсури мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид гардид. Дар ба даст овардани чунин нишондиҳандаи баланд дар фазои фарҳангии минтақа нақши Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот хеле назаррас мебошад.
Нахустин номинаи Тоҷикистон – «Мусиқии Шашмақом», ки омодасозии асосии он аз ҷониби Тоҷикистон маҳз бо иштироки ходимони Пажӯҳишгоҳ анҷом ёфта буд, моҳи ноябри соли 2008 дар иҷлосияи Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО ба Феҳристи репрезентативӣ ворид гардид. Ин иқдом барои ташаккули сиёсати миллии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар заминаи муҳим ва нахустинро гузошт.
Минбаъд мутахассисони варзидаи Пажӯҳишгоҳ дар таҳияи номинаи муштараки Наврӯз фаъолона иштирок намуда, барои муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон, густариши ҳамкориҳои фарҳангии минтақавӣ ва шинохти фарҳанги тоҷик ҳамчун ҷузъи тамаддуни муштарак нақше бориз гузоштанд.
Таҳқиқоти саҳроӣ, ҳуҷҷатгузории илмии унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ҷалби ҷомеаҳои маҳаллӣ, ҳунармандон, ҳофизон ва интиқолдиҳандагони суннатҳо, инчунин, таҳияи парвандаҳо мутобиқ ба талаботи Конвенсияи ЮНЕСКО ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ бахшҳои асосии ин фаъолият мебошанд.
Бо ташаббус ва раҳнамоии ПИТФИ унсурҳои фарҳангӣ, аз қабили “Оши палав” (2016), “Чакан” (2018), “Фалак” (2021), “Анъанаҳои кирмакпарварӣ” (2022), “Латифаҳои Хоҷа Насриддин” (2022), “Атласу адрас” (2023), “Сада” (2023), “Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ” (2023), “Меҳргон” (2024), “Санъати рубобсозӣ ва рубобнавозӣ” (2024) ва “Фарҳанги суманакпазӣ” (2025) пайиҳам ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Дар солҳои аввали истиқлол, замоне ки ҷомеа ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва бозсозии фазои фарҳангӣ ниёз дошт, ПИТФИ таҳқиқи захираҳои фарҳангии кишвар, омӯзиши вазъи муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва мероси ғайримоддиро ҳамчун самтҳои афзалиятнок роҳандозӣ намуд. Экспедитсияҳои илмӣ, таҳқиқоти сотсиологӣ ва таҳлили вазъи фарҳанг дар минтақаҳо заминаи илмии қабули қарорҳои минбаъдаро фароҳам оварданд.
Бо таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва густариши инфрасохтори фарҳангӣ, Пажӯҳишгоҳ ба омӯзиши фаъолияти китобдорӣ, матбуот, воситаҳои ахбори омма ва фазои иттилоотӣ диққати махсус зоҳир кард. Дар баробари корҳои таҳқиқотӣ, ҳамчун ниҳоди таҳлилгар ва машваратгари соҳаҳои гуногун низ фаъолият намуд. Омӯзиши вазъи муассисаҳои фарҳангӣ дар минтақаҳо, таҳияи хулосаҳои таҳлилӣ, пешниҳоди ҳисобот ва тавсияҳо ба ниҳодҳои давлатиро низ пайваста анҷом медиҳад.
Ҳамин тавр, дар тули 35 соли Истиқлоли давлатӣ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба маркази муътабари илмӣ-таҳлилӣ табдил ёфта, роҳеро паймуд, ки моҳияташ хизмат ба фарҳанг, давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Қурбониддин АЛАМШОЕВ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, мушовири ҷамъиятии Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ (2003)
