ПАЁМ. ТАНОСУБИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ
Дар низоми муносибатҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷомеаи шаҳрвандӣ озодӣ ва ҳуқуқи инсон мақоми меҳварӣ дошта, тараққиёти маънавӣ ва инкишофи иқтисодии кишвар дар мизони таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои татбиқи озодиҳои инсон амалӣ мегардад. Роҳ ба сӯйи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамзамон, эъмори ҷомеаи дунявӣ ва ҳуқуқбунёд буда, марҳалаҳои мураккаби ташаккул ва табодули низоми иқтисодӣ-сиёсӣ, иҷтимоӣ-фарҳангиро фаро мегирад. Дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлили дурнамои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, вазъи ҳаёти дохилию байналмилалӣ масъалаи таносуби арзишҳои миллӣ ва масъалаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ арзёбӣ мегарданд, ки бидуни ҳаллу фасли онҳо рушди муътадили ҷомеаи замони муосир тасаввурнопазир аст. Ҳанӯз дар Паёми худ, 30-юми апрели соли 2001, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи огоҳии ҳуқуқӣ ва мубориза ба хотири шаффофияти ҳалномаҳои судиро вазифаи фаврӣ ва таъхирнопазири кишвар баҳогузорӣ намуда буданд. Дар ҳамин Паём зарурати омода сохтани Кодекси мурофиавии ҷиноятиро ба миён мегузоранд, ки бидуни қабули он татбиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли қабулаш 1998), боиси рӯй додани ғалатфаҳмиҳо дар фаъолияти мақомоти марбутаи ҳуқуқӣ мешуд. Маълум аст, ки хусусияти аввали ҷомеаи шаҳрвандию дунявӣ устувории ҳокимияти мустақили судӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар ин Паём масъалаи сари вақт дида баромадани парванда ва иҷрои ҳатмии ҳукму ҳалномаҳои судӣ таваҷҷуҳи хоссаи Роҳбари давлатро ҷалб карда буданд. Роҳ ба сӯйи ҷомеаи дунявию ҳуқуқбунёд, пеш аз ҳама, дар ҷодаи риояи ҳатмии фаъолияти мустақилонаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ сурат гирифта, мухторияту мустақилияти ҳокимияти судӣ натиҷаи ниҳоии ин раванд хоҳад буд.
Дар Паём аз 4-уми апрели соли 2003 савол гузошта мешавад, ки тамоюл ва пайравӣ аз арзишҳои ҷомеаи дунявӣ, аз ҷумла пазируфтан ва аз худ кардани арзишҳои бегона оё метавонад барои Тоҷикистон ҳамчун роҳи дурусти пешрафт бошад? Ба саволи гузошташуда Роҳбари кишвари мо ҷавоби хело арзишманде медиҳанд: “Олами мутамаддин усулу меъёрҳоеро пеш гирифтааст, ки мувофиқ ба талаботи замон муносиб ба зиндагию манфиати халқҳо буда, роҳи беҳтарини пешрафту тараққӣ аст. Дар навбати аввал ин иқтисодиёти бозориест, ки ҷанбаи иҷтимоӣ дорад. Идеяи ҷомеаи дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ғояи бофтаю сохта набуда, аз таҷрибаи садсолаҳо ғуншудаи инсоният бармеояд. Татбиқи унсурҳои таркиботии ҷомеаи дунявӣ дар кишварҳои пешрафтаи олам гувоҳи дурустӣ ва муфид будани принсипҳои ҷомеаи демократию дунявист. Истиқлолияти миллӣ бидуни татбиқи идеяҳои ҷомеаи дунявӣ, ки бунёди онро низоми ҳуқуқбунёд ташкил мекунад, тасаввурнопазир аст”.
Дар ҳақиқат тавре аксарият шоҳидем, дар раванди васеъ авҷ гирифтани ҳаракат ба сӯйи созандагӣ ва бунёдкорӣ халқи моро монеаҳое рӯ ба рӯ омаданд, ки ин монеаҳо дар шууру тафаккур, дар рӯзгордории ҳамарӯзаи мардум ҳукмрон буданд, аз ҷумла исрофкорӣ ва хароҷоти беҳуда дар иҷрои баъзе расму оин ва анъанаҳо. Масъалаи хатари исрофкорӣ, ҳангомаҳои серхароҷот ва масрафҳои намоишкорона борҳо дар ҷараёни ироаи паёмҳо, дар маҷлисҳо ва дар вохӯрию нишастҳо аз тарафи Сарвари давлат таъкид мегаштанд. Қонуни миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат мураттаб гардид ва ба тасвиб расид, иқдоми бузурги ҳуқуқӣ-сиёсӣ ва фарҳангие буд, ки аз талаботу тақозои марҳалаи муайяни замони истиқлоли давлатию миллӣ бармеомад. Дар Паём аз 5-уми апрели соли 2009 Сарвари давлат зикр кардаанд: “Риояи қатъии муқаррароти Қонун доир ба танзими расму оинҳои мардумӣ, махсусан, дар шароити имрӯза, аҳамияти ҳаётӣ пайдо кардааст”. Бо саъю кӯшиши холисонаи Пешвои миллат арзишҳои арзандаи миллӣ ва расму одатҳои ифтихории халқ аз зуҳуроти номатлубу зиёновар чун хароҷоти зиёдатӣ, баргузории маросимҳои намоишкорона тоза карда шуда, ҳамзамон, ба хотири ҳифзи ҳувияти миллӣ ва муқаддасоти бостонӣ аз таъсири ҷаҳонишавӣ ва ворид шудани таъсири идеявии одатҳои ахлоқвайронсозанда, иқдому чорабиниҳои бетаъхири миллию фарҳангӣ гузаронда мешаванд. Аз ҷумла, Роҳбари давлат сохтмони варзишгоҳи назди биноҳо, театр, хонаҳои фарҳанг, бинои зебои мактаб бо муҷаҳҳазии майдончаҳои варзиширо омили муҳими машғул доштани наврасону ҷавонон ҳисобида, дар паёмҳои ҳамасола аз зиёд шудани теъдоди варзишгоҳҳо ва муассисаҳои фарҳангию истироҳатӣ иттилоъ медиҳанд.
Дар баробари дастовардҳои истеҳ-солию технологӣ, охири қарни гузашта ва аввали солҳои 2000-ум ба муҳити маънавӣ ва ба фазои эътиқодии мардуми мо равияҳои навбаромади динию экстремистӣ ворид шуда, хатари бузургеро дар роҳи ваҳдати миллӣ ва ягонагии мардуми мо эҷод карданд. Равияҳои ваҳҳобияву салафия, созмони таблиғоти исломӣ зарбаи аввалро ба хотири парешон сохтани иттиҳоди исломии мусалмонони Тоҷикистон, ки пайрави мазҳаби ҳанафия буданд, равона месохтанд. Онҳо дар асл пешбарандагони исломи сиёсӣ, харобсозандагони мазҳаб ва ваҳдати мардуми мо буданд. Усули муфиди истодагарӣ ва рафъи ин хатарро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём аз 24-уми апрели соли 2010 чунин зикр намуданд: “Омӯзишу қадрдонии мероси фарзандони барӯманди халқи тоҷик, аз ҷумла эҳё ва истифодаи осори умумибашарии фақеҳи бузург, поягузори яке аз мазҳабҳои бонуфузи дини мубини ислом - Имоми Аъзам ва соли бузургдошти ӯ эълон шудани соли 2009 аз ҷумлаи тадбирҳои муассири фарҳангӣ дар ин самт хоҳад буд”. Гузарондани даҳҳо симпозиумҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ доир ба мазҳаби ҳанафия ва миссияи таърихии Имоми Аъзам-Абуҳанифа гувоҳи эҳтироми роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ва халқи кишвар ба дину мазҳаби исломӣ буданд.
Бо устувор шудани ҳокимияти судӣ ва пойдор гаштани принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ масъалаи тақвият ёфтани арзишҳо, тарбияи насли ҷавон ва маҳбубият ёфтани анъанаҳои ҷомеаи тозаистиқлоли мо ба миён омад. Дар ҳамин марҳала вазифаи бомасъулияте дар баробари ҷомеаи мо қарор гирифт: чӣ тавр таваҷҷуҳи насли ҷавонро аз завқмандӣ ба анъанаҳои бегона дур сохта, ҳамзамон, аз таблиғоти доираҳои экстремистии исломгароӣ, ки ҳамарӯза тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мисли борон сари ҷавонон мерезанд, раҳо созем. Дар рӯзномаи фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва ҳавзаҳои машғулиятҳои варзишии ҷавонон номгӯйи иқдому чорабиниҳое доир ба ин масъала зикр гардиданд, ки аз мундариҷаи паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд. Аввалан, қувват бахшидан ба анъанаҳои миллию бостониамон чун ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Рӯзи Модар, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ, Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра, ки дар ҳама ҷамоату шаҳрак, маркази ноҳияву вилоят ва пойтахти кишвар дар сатҳи баланд гузаронда мешаванд. Сипас, озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба миён омаданд, ки ба таври васеъ тавассути васоити ахбори омма таблиғ мешаванд. Пос доштани арзишҳои миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстию хештаншиносиро бидуни омӯзиши таърихи бостонии аҷдодони ориёӣ тасаввур набояд кард. Аз ин рӯ, Паёми навбатии (аз 16-уми декабри соли 2025) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи эҳёсозандаи муҳаббат ба таърихи гузаштаи Ватан бо мафҳуми Хотираи таърихӣ ном бурда шуд. Хотираи таърихӣ унсури қувватбахшандаи бедории миллӣ ва раҳнамосозандаи ҷомеаи тоҷик ба сӯйи эъмори ҷомеаи демокративу дунявӣ буда, масъалаи устувор намудани хотираи таърихии миллати тоҷик ҳамчун барномаи муҳими азнавсозии тафаккури миллӣ ва пойдор сохтани эҳсосу арзишҳои миллӣ дар ин Паём баҳогузорӣ гардид. Таърихи бостонии мо-тоҷикон ба фарҳанги бостонии ориёӣ сахт алоқаманд аст. Фаъолияти бунёдгузори сулолаи Ҳахоманишиҳо Куруши Бузург бошад саҳифаи ҷилодиҳандаи тамаддуни ориёист.
Ҳамин тавр, арзишҳои миллии Ватани ориёии мо – Тоҷикистон дар таносуб бо устувор шудани принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд пойдору устувор мешавад, ки бевосита аз паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ маншаи назариявӣ ва раҳнамои амалии худро мегирад.
Файзалӣ АМИНОВ, ходими пешбари илмии Институти илмӣ-таҳқиқотии ДМТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент
