МАРГИ ЯК «ЗОҒ». АЗ ОВОЗА ТО ҲАҚИҚАТ
![]()
13-уми феврал хабари марги роҳбари паймон ё ба ном мухолифини тоҷик аз Аврупо ба гӯши мо ҳам расид. Дар хабар, ҳатто, гуфта мешуд, ки ӯро дар Варшава дар поёни пойи падари як гумроҳи дигари низ мухолиф дафн кардаанд.
Бо интизориҳои чанд рӯзи баъдӣ, хабари мавриди назар на инкор шуд ва на тасдиқ. Вале, дар баробари ин, дудилагии ман низ ҳеҷ бартараф намегашт, ки ду омил дошт: аввалан, якбора баланд шудани фиғони ҳаммаслакони ӯ, ки аз воқеаи нохуше дарак медиҳад. Воқеан, аз рӯи мушоҳидаҳо, баъди сари қудрат омадани Трамп ва дастураш дар бораи эътирофи танҳо ду ҷинс дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ин гурӯҳи ба ном мухолиф, мисли моргазида печидан доранд ва чун тавони бо Трамп сар ба сар шудан дар ихтиёрашон нест, заҳри худро сари миллат, хоса Сарвари ӯ мерезанд. Ғавғои ишон нолаи зоғонро дар дафни зоғи дигар мемонад. Ба хотир биёред, ин парандаҳои ваҳшӣ, ки миёни мардум чандон маҳбубият надоранду ба қавле, фақат қар-қар карда, омадани сармову хунукиро хабар медиҳанд, марги якдигарро мисли инсонҳо бо мотам таҳаммул мекунанд. Балки пештар аз марг вақте ҳис мешавад, ки яке аз онҳо ҷон ба Ҷонофарин супурдан дорад, якҷоя бо садои махсус нолаву фиғон мебардоранд. То ҳадде, ки фарсахҳо дур тамоми мавҷудоти зинда аз марги як зоғ огоҳ мешаванд. Имрӯз нолаву афғони муридони роҳбари паймони пушаймон маҳз ана ҳамин манзараро пеши назар ҷилва медиҳад. Яъне, чун зоғон сари бистари пешазмаргии «падари маънавияшон» қар-қар доранду шояд даргузашти ӯ ба бахти ин миллат рост бошад….
Омили дувум: дар мусоҳибаи охираш бо як блогери дайду, ки ба забони русӣ паҳн шуд, дидам, ки болои сари ин мард як тор мӯйи сиёҳ ҳам дигар намондаву боди марг пушти дараш вазидан дорад. Ошуфтаҳол буду озурда, навиштаҳои аз ким-куҷое рӯбардоркардаашро бо айнак ҳам базӯр мехонд. Ва ҳангоме аз рӯи одат чанд санг сӯи миллату Роҳбараш партофт, тавони сарбардорӣ надошт. Яқинан, сангҳои партофтааш аз пеши туфлии чармияш дур нарафтанд. Ноумед, ки буд, аз зиндаи зинда дида, ба мурдаи мурда шабоҳати бештар дошт.
Дар андешаи марги як гумроҳи назди миллат номусбохта, намедонам аз чи бошад, соли 2012 пеши рӯям омад. Роҳбари имрӯз аз Худову бандааш норозии паймони пушаймон, ки на танҳо бологузар, балки депутат буд, дар яке аз зиёфатҳои расмӣ ҷавони 25-соларо мемонд. Толори пуршукӯҳи тарабхонаи «Чаманоро» қадаҳҳо пури оби сурху сафеду гулобӣ, садои суруду мусиқӣ гӯши фалакро кар мекарду замири ӯ чун шаҳбача пур аз сурур буд. Аз ҳама чиз розӣ, аз давлату Ҳукумат ҳам, аз мизбон ҳам, аз депутатони ҳамсафаш ҳам, аз фазои идонаи мафтункунанда низ. Барои ман аҷибтар ин буд, ки сари ҳар 1-2 дақиқа ба мизи №1 бо умед чашм медӯхт, ки мабодо сӯяш нимнигоҳе шавад. Як тор мӯйи сари сафед надошт...
Ва, инак, имрӯз баъди бештар аз 10 сол ӯ барои 100 сол пиру фартут шудааст. Чаро? Магар камбағал шуд? НЕ! Ӯро ба гумони ғолиб Худо задааст. Ӯро, ки ношукр аст, ӯро, ки болои дастархони хонааш туф кардаву имрӯз муқобили миллат сангар гирифтааст. Ӯро, ки худи муридонаш чун морони сиёҳи сари китфи Заҳҳок аз дарун хӯрдан доранд. То ҳадде мағзҳои ҳаммаслаконашро шустааст, ки касе аз ин «воизон» суолаш намекунанд, ки чаро вақте дар курсии мансаб такя доштӣ, нанолидӣ, зиёфат хӯрда намозро ба фардо ба қазо гузоштӣ, аз камбуд нагуфтӣ, наҳзатиёни бевазифа дар ёду хаёлат ҳам намезаданд...
Ва ҳам касе намегӯяд, ки, эй, аз марҳамати Худованд маҳрум, агар Худо хосту дӯстат дошт, дар 70-у 80 ҳам бо мӯйи мошубиринҷ соатҳо миёни мардум бо қомати рост гаштаву бе айнак ояи шукрона мехонӣ. Аммо, агар аз борони раҳматаш маҳрумат кардаву пуштат гардонд, дар 50-у 60 зинда дар гӯр мешавӣ…
Интизори тасдиқи хабари деринтизор, мавзуъ пайгирӣ хоҳад шуд…
