ПАРВОЗИ БАЛАНДЕ ДАР ЭСТРАДАИ ТОҶИК

10 март 2026, Сешанбе
5


(Оид ба фаъолияти сарояндагӣ, оҳангсозӣ ва омӯзгории Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Исматулло Холиқов)
Вақте сухан дар бораи суруду мусиқӣ меравад, пеш аз ҳама, моҳият ва вазифаи он бояд муайян карда шавад. Суруд ва мусиқӣ, ки аз оғози ба тамаддун рӯ овардани инсон арзи ҳастӣ намудааст, инъикосгари ҳолатҳои руҳии инсон будааст. Он шодию сурур, ғаму андуҳ, орзую омоли ҳар шахси сарояндаро ифода мекунад. Бинобар ин, ҳазорон сол аст, ки инсоният бо суруду оҳанг зиндагӣ мекунад, ишқу муҳаббат, ғаму шодияшро на танҳо барои худ, балки ба шунаванда низ илқо менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки дар замони истиқлоли давлатӣ санъати овозхонӣ ва оҳангсозии тоҷик равнақи тоза пайдо кард. Аз ҷумла, санъати эстрада, ки бештар бо руҳи тарабангезӣ ва писанди ҷавонон будан интишор ёфт, дар санъати тоҷик ҷойгоҳи устувор пайдо намуд. Анъанаҳои мусиқӣ ва овозхонии классикӣ ва мардумиро бо оҳангҳо ва шеваҳои сарояндагии ҷаҳонӣ пайванд намуда, мактаби нави санъати тоҷикро ба вуҷуд оварданд.
Санъати мусиқии эстрадаи касбии тоҷик дар заминаи эҷодиёти мусиқии мардумӣ ва бардошти мустақим аз санъати мусиқии эстрадаи ҷаҳониву шуравӣ ташаккулу рушд намудааст. Ин санъати муҳим дар кишвари мо, асосан, аз солҳои 60-уми асри гузашта (соли 1962) бо таъсиси як ансамбли созию овозӣ дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон рӯйи саҳна омад. Суруд ва мусиқии эстрадӣ чун ҷузъи фарҳанги мусиқии мо бо зуҳури оркестри эстрадии “Гулшан”, асосан, бо кӯшишу эҳтимоми Аҳмад Бобоқулов, Лайло Шарифова, Алиҷон Солиев ва, бахусус, Орифшо Орифов тавъам бо эҷоди фаъолонаи асарҳои созию овозӣ аз тарафи композиторони тоҷик, аз қабили Зиёдулло Шаҳидӣ, Шарофиддин Сайфиддинов, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Ёқуб Сабзанов, Фаттоҳ Одинаев, Хайрулло Абдуллоев, Саид Ҳамроев, Аъзам Солиев ва дигарон, фазои мусиқии Ватанамонро бо атру таровати сафобахши нав рангин намуд.
Маълум аст, ки ҳар як ҳунарманд бо роҳҳои гуногун – иштироку ғолибият дар озмунҳои касбӣ, ҳунарнамоии муассир дар гурӯҳу дастаҳои дигар ба ансамбли машҳури “Гулшан” ворид шуданд, зеро талабот ба ҳунари воло, иҷрои касбӣ, овози зебо ҳамеша маҳаки асосии талабот будааст.
Қаҳрамони ин мақолаи мо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Исматулло Холиқов низ ба ин ансамбли овозадор дар солҳои 80-уми садаи гузашта баъди соҳиб шудан ба мақоми аввали Озмуни умумииттифоқии “Истеъдодҳои ҷавон” (“Новые имена”) роҳ ёфт.
Исматулло Холиқов дар он солҳо ҳамчун яке аз ҳунарпешагони соҳибному муваффақи Театри халқии шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтари имрӯза) фаъолият менамуд ва маҳз бо сурудаҳои эстрадии худ дар байни ҷавонон маълуму машҳур гардида буд, зуд-зуд ба ансамбли “Гулшан” омада, сурудҳои нави худро муаррифӣ менамуд ва дар қалби худ орзуи пайвастан ба ин гурӯҳи ҳунарии овозадорро ҳеҷ гоҳ пинҳон намедошт.
Ҳамин тариқ, ӯ ба ҳайати ансамбли шуҳратёри эстрадаи Тоҷикистон – “Гулшан” шомил гардид ва аз рӯзҳои аввали фаъолияташ кӯшиш намуд, ки сурудҳояш бо мусиқии равшану гуворои ба дилу ба гӯш наздик, бо суханҳои содаву фаҳмои хотирмон ба мардум пешниҳод шавад. Дар як муддати кӯтоҳ сурудҳои эҷоднамудаи Исматулло Холиқов, амсоли “Модар”, “Оташи меҳр”, “То ба Наврӯзи дигар”, “Кабӯтари сулҳ”, “Вахши ман”, “Табассум кун”, “Гули ман”, “Чашми пурхумор” ва ғайра, бо такмили жанри эстрадӣ, бо рангомезии барномаи оркестри эстрадии “Гулшан” эҷод шуда, писанди ҳаводорони ин жанри мусиқӣ гардиданд. Саҳми Исматулло Холиқов, ҳамчунин, дар таҳияи силсилаи суруду оҳангҳои халқии тоҷикӣ бо такмилу ҳамсонӣ ва тавъамӣ бо хусусиятҳои мусиқии эстрадӣ назаррас аст, зеро сурудҳои халқии “Дидам санаме”, “Гули ман”, “Холакот дона-дона” ва ғайра дар иҷрои овозхон бо сабки хосса, назокату фасоҳати махсус ҳаводорони зиёд пайдо намуданд.
Исматулло Холиқов дар давоми фаъолияти пурмаҳсули худ дар ҳайати оркестри эстрадии “Гулшан” бо зумраи композиторону созандагон, аз қабили Шарофиддин Сайфиддинов, Миратулло Атоев, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Абдуфаттоҳ Одинаев, Қудратулло Яҳёев, Толиб Шаҳидӣ, Аъзам Солиев ва дигарон, ҳамкорӣ намуд ва ин ҳамкориҳо ба ӯ барои эҷоди силсилаи нави сурудҳои касбии жанри эстрадӣ, ба монанди “Республикаи ман”, “Рӯди кӯҳӣ”, “Лолаи навбаҳор”, “Гуларусак”, “Ёри дерин”, “Таронаи Ватан”, “Модар” ва ғайра, сабаб шуданд. Мавсуф ин ҳамкории худро бо композиторону шоирон, ҳамчунин, дар замони роҳбари бадеии оркестри эстрадии “Гулшан” интихоб гардиданаш низ бо савияи баланди ҷӯяндагиву навоварӣ идома дод ва мақому эътибори худро ҳамчун сарояндаи моҳиру тозакор, роҳбари кордону ғамхор тақвият бахшид.
Исматулло Холиқов, ки худ вижагиҳои санъати овозхонии эстрадиро хуб фаро гирифта буд, минбаъд ба барномаҳои ҳунарии оркестри “Гулшан” бозёфтҳои нави эҷодиро ворид намуд. Ӯ барои пурра намудани ҳайати эҷодии оркестр ҷавонони соҳибистеъдодро аз дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъват намуд ва дар ташаккулу тарбияи онҳо мунтазам ҳамчун роҳбари бадеӣ дар ҳамкорӣ бо шоирон, оҳангсозон, мусиқишиносон пайваста кор бурд.
Фаъолияти меҳнатии ин эҷодкори бомаҳорат дар таълиму тарбияи ҷавонон, дӯстдорони ҳунари касбии жанри эстрадӣ ҳоло ҳам пурҷӯшу хурӯш идома дорад. Исматулло Холиқов ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи навозандагӣ ва сарояндагии эстрадии факултети санъати мусиқии эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба толибилмон нозукиҳои муассиру ҳирфаии мусиқиву оҳангсароии эстрадиро меомӯзонад.
Дӯстдорони санъати эстрадаи тоҷик соли гузашта шоҳиди рӯйи саҳна омадани ду барномаи мукаммали консертии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Исматулло Холиқов ва шогирдонаш гардиданд. Ин барномаҳо, ки дар толорҳои Кохи “Суруш” ва Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуданд, аз ҷониби мухлисони сершуморашон бо самимияту аҳсангӯйӣ истиқбол шуданд.
Пас аз тамошои ин барномаҳо мухлисони жанри эстрада шоҳид шуданд, ки Исматулло Холиқов, воқеан, дар замири насли ҷавони санъатдӯст фазилатҳои ҳамидаи инсонӣ, меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба устодони санъату ҳунар ва мероси гаронбаҳои онон ифтихор аз гузаштаи ғановатманди илмӣ-адабӣ ва фарҳанги ниёгонро парвариш намуда, барои ба майдони ҳунару рӯйи саҳна омадани беҳтарин санъаткорони ҷавон – шогирдонаш кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст.
Барномаҳои мукаммали консертии “Чашмаи меҳр” ва “Таронаи ҳамдилӣ”, ки дар ҳамкорӣ бо шоирону композиторони беҳтарини ҷумҳурӣ оварда шудаанд, аз лиҳози бадеият, гуногунии иҷрои жанрӣ, касбияти баланди эҷоди мусиқӣ, вусъати ифодаҳои саршори миллӣ ва таснифоти мусиқии гуногунжанру мавзуан замонавӣ иборат буданд.
Лозим ба зикр аст, ки барномаҳои ҳунарии “Чашмаи меҳр” ва “Таронаи ҳамдилӣ” аз нигоҳи касбият, рангорангии иҷрои муваффақона, кор бо мутрибон, истифодаи дурусти созҳои мусиқӣ, интихоби дурусти асарҳои созиву овозӣ, ситоиши дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, тараннуми заҳматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби тавон ва қудрату қобилияти эҷодии ҳунарманди бемисл Исматулло Холиқов мебошад.
Масалан, силсилаи суруду таронаҳои тозаэҷоди Исматулло Холиқов таҳти унвони “Таронаи ҳамдилӣ”, ки дар толори барҳавои Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон баргузор гардид, ба солгарди Ҷашни муқаддаси Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд. Аз тарафи дӯстдорони эҷодиёти ӯ ва мухлисони санъати эстрада ниҳоят самимӣ пазируфта шуд ва аз ҷониби мусиқишиносону аҳли илму адаб сазовори баҳои баланд гардид. Дар ин барнома суруду таронаҳои “Эй ситораҳо” шеъри Ҳ. Қурбонова, “Табассум кун” бар матни О. Мирак, “Модар маро бубахш” шеъри К. Шамшерзода, “Хурӯши ақл” ғазали Ҳофиз, “Ормон” шеъри Давлат Сафар, “Наврӯзи Тоҷикистон” шеъри Зариф Ибод, “Гавҳари ноёб” ғазали Шамси Табрезӣ, сурудҳои халқии “Эй санам” ва “Ба ноз-ба ноз”-ро Исматулло Холиқов бо маҳорати баланди касбӣ ва овози ширадори тенори лирикии худ пешкаши аҳли толор намуд. Ҳамнавоии устодону шогирдон дар мавриди иҷрои суруди “Магзор ки дунё бигзарад”-и Назри Яздон бо Фирдавси Абдулқосим ва иҷрои сурудҳои халқӣ дар қолаби яккасаройӣ аз ҷониби шогирдонаш Акрамҷон Ашӯров “Гули ман” ва Афзалшо Сафарзода “Дидам санаме” пешниҳод гардида, ба истиқболи гарму самимии аҳли толор сазовор шуданд. Ин барнома аз лиҳози касбият ва бандубасти матни муҳтаво дар сатҳи баланди касбӣ иҷро гардид.
Барномаи консертии “Чашмаи меҳр” бошад, ҳамчун ҳисоботи эҷодии ин ҳунарманди асил, ки тули солҳои гуногун эҷод шудаанд, чун нишонаи касбияти баланди коркарду танзими эстрадӣ, интихоби созҳои мусиқӣ, ҳамкории иҷрокунанда бо оркестр, интихоби овоз, муназзамии ҳаракат дар саҳна пешкаши дӯстдорони мусиқии эстрадӣ гардид. Ин барнома минбаъд ҳамчун маҷмуаи нотавӣ чун як дастури таълимӣ нашр шуд ва ба омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таълими мусиқӣ пешкаш гардид.
Ҳамин тавр, таъкид намудан зарур аст, ки Исматулло Холиқов ҳаёту фаъолияти хешро ба эҷоду омӯзгорӣ бахшида, ҳамчун санъаткори касбӣ, роҳбари кордон ва тарбиятгару раҳнамои донишманди мусиқӣ дар байни ҷомеа сазовори эҳтиром мебошад. Барномаҳои мукаммалу пурмазмуни эҷодкардаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Исматулло Холиқов “Чашмаи меҳр” ва “Таронаи ҳамдилӣ” гувоҳи дастовардҳои шоистаи солҳои охири ҳунарманд буда, сазовори Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошанд.


Кароматулло ОЛИМОВ,
академики АМИТ,
Мирзошоҳрух АСРОРӢ,
доктори илмҳои фалсафа,
Афзалшоҳ ШОДИЕВ,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 06.03.2026 №: 45