ШОМИ ШАНБЕ

10 март 2026, Сешанбе
4


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «ЗЕБО»
Дар ин филворд ном ё насаби заноне, ки аз зеботарин бонувони ҷаҳон шинохта мешаванд, ҷой гирифтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. ШОКИР


Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82


Масъули рубрика Ш. ШОКИР


ҚИССАИ ЯК МУЪҶИЗА
Дар таърихи тиб лаҳзаҳое ҳастанд, ки на танҳо дастовардҳои илмӣ, балки фидокорӣ, сабр ва иродаи қавии табибонро инъикос мекунанд. Яке аз чунин лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда соли 1987 аз ҷониби суратгир Ҷеймс Стэнфилд аккосӣ мешавад.
Дар маркази акс ҷарроҳи маъруфи лаҳистонӣ Релига Збигнев дида мешавад. Ӯ пас аз анҷоми амалиёти мураккаби 23-соата – пайвандсозии дил, хаставу бемадор назди монитор нишаста, фаъолияти дили навпайвандшудаи мизоҷро назорат мекунад. Дар кунҷи ҳуҷра бошад, ёвари ӯ, ки аз бемадорӣ дигар тавони истодан надорад, рӯйи фарш хобидааст.
...Аммо қувваи воқеии ин тасвир дар он аст, ки қиссааш бо ҳамин анҷом намеёбад. Беморе, ки рӯйи кати ҷарроҳӣ мебинед, Тадеуш Житкевич ном дорад. Ӯ на танҳо аз ин ҷарроҳии фавқулода душвор ҷон ба саломат бурд, балки солҳои зиёд зиндагӣ карда, ҳатто аз худи ҷарроҳ Релига Збигнев бештар умр дидааст.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА


БУЗУРГОН ДАР СИТОИШИ ЗАН
Фирдавсӣ: “Занонро ситоиш бувад дину кеш”.
Саъдӣ: “Зани хуби хушхӯй хеш асту ёр”.
Мавлоно: “Зан чун товус аст бо зебоиву шукӯҳ”.
Ҳофиз: “Зан мояи оромиши ҷон аст”.
Сино: “Зан шарики мард дар хирад ва ҳамдами ӯ дар зиндагист”.
Куруш: “Занонро гиромӣ бидоред. Онҳо пояҳои озодиву шарафанд”.
Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ


«CALIBRE 89»
СОАТЕ, КИ УСТОҲО БАРОИ СОХТАНИ ОН НУҲ СОЛ РАНҶ КАШИДАНД
Соли 1541, вақте ки Людовики XIV дар Аврупо истифодаи ҳама гуна филизоти қиматбаҳоро барои ороиш манъ кард, дар шаҳри Женеваи Швейтсария иттиҳодияи устоҳо ба сохтани соатҳои дастӣ шуруъ намуд. Соат бо мурури замон ҷойи зару зеварро иваз кард. Дар натиҷа, соатҳои швейтсарӣ бо намои зебо ва сифати хуб машҳур гашта, то ҳозир нуфузи худро дар бозори ҷаҳонӣ нигоҳ медоранд.
Соли 1953 дар Швейтсария нахустин соати квартсии худкор сохта шуд, ки бо тамғаи «Longines» дар ҷаҳон машҳур гашт. Соли 1989 бошад, соате бо номи «Calibre 89» ба фурӯш бароварда шуд, ки устоҳо барои сохтани он нуҳ сол ранҷ кашиданд. Он аз 1700 қисми мухталиф иборат буд.
Швейтсария 95 дарсади соатҳои истеҳсолнамудаи худро содирот мекунад. Даромади солонаи ин кишвар аз саноати соатсозӣ 22,9 миллиард долларро ташкил медиҳад.


Таҳияи Кароматулло АТО


ПОДОШИ ЯК НЕКӢ
Хизмати Силвестр Сталлоне дар синамои ҷаҳонӣ то ҳадде бузург аст, ки ӯро оламиён шинохтаву эътироф мекунанд. Агар дӯстдорони кино Сталлонеро аз иҷрои нақшҳояш дар филмҳои «Рокки»-ву «Рэмбо» шинохта бошанд, коршиносони соҳа ӯро ҳамчун коргардон ва продюсери муваффақ баҳои баланд медиҳанд. Ва ӯ на танҳо бо дороии беш аз 400 миллиондолларааш, балки бо амалҳои хайриявии доимияш ба ниёзмандон низ миёни мардум шинохта аст. Вақте тарҷумаи ҳоли ситораи кино Сталлонеро варақ мезанем, бовари кас намеояд, ки замоне ӯ то дараҷае камбағал будааст, ки ба худ дар ошхона хӯрок хӯрданро иҷозат намедодааст.
Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки соли 1975 Силвестр Сталлоне дар суратҳисобаш ҳамагӣ 106 доллар дошт, ки сахт эҳтиёташ мекард. Дар яке аз тарабхонаҳои Лос Анҷелес пешхизмате бо номи Ҷоан ҳис кард, ки ин мард гурусна аст, аммо ҷуръати фармоиши хӯрокро надорад. Бе он ки чизе аз Сталлоне пурсад, хӯроки гарм оварда наздаш мегузорад ва мегӯяд: «Ҳар вақте имкон ёфтӣ, омада ҳисобӣ мекунӣ». Сталлоне ин меҳрубонии занро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозад. Вақте филми машҳури ӯ «Рокки» 225 миллион доллар фоидааш меорад, аввалин коре мекунад, ба суроғи Ҷоан рафта ӯро меёбад ва баъди аз аҳволаш бохабар шудан 75 ҳазор доллар қарзи ин бонуро бурда дар бонк месупорад. Ба ғайр аз ин, ба номи Ҷоан фонд мекушояд, то ӯ дигар кор накунад. Давоми 41 соли баъдӣ, яъне то марги Ҷоан бошад, Сталлонии акнун машҳур ҳар пагоҳӣ барои ӯ дастаи гул туҳфа менамуд, ки дарунаш чунин навиштаҷот дошт: «Ту замоне маро хӯрондӣ, ки ҳеҷ кас набудам».
Соли 2016 дар маросими дафни Ҷоан Сталлоне кӯтоҳ мегӯяд: «Ҷоан одаме буд, ки ба ман хеле пештар аз оламиён бовар кард».
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА


ШУКРОНАИ НОБИНОЕ, КИ "ФУРӮҒ"-РО НУР БАХШИД
Шукрона хонандаи синфи 11-и Мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор аст, ки аз модар нобино ба дунё омадааст. Вале ҳарчанд чашмонаш тавони биноӣ надоранд, бо дили чашм китоб хондаву шеърҳои зиёде аз бар менамояд.
Тавре худи ӯ нақл мекунад то имрӯз 160 китоби бадеиро мутолаа намуда, 190 ғазалро ҳифз кардааст. Илова ба ин, порчаҳои алоҳидаро аз достонҳои маъруфи шоирони классик ва муосири тоҷик аз ёд медонад.
Шукрона аз кӯдакӣ ба китобхонӣ шавқи зиёде дошт ва асарҳои насриро бо хатти Брайл мутолаа менамуд. Ӯ шеър ва ғазалҳоро тавассути гӯш кардани фитаҳои овозӣ аз худ намудааст ва донандаи забони англисӣ низ ҳаст.
Соли 2025 Шукрона дар Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи «Адабиёти муосир» иштирок карда, сазовори ҷойи сеюм гардидааст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


САРВАТЕ, КИ РАМЗИЮ ТАЪРИХИСТ, НА МОЛИЯВӢ


Леонор, Маликаи Астурия ва Инфанта София – духтарони шоҳи Испания Фелипе VI мебошанд, ки бар хилофи тасаввуроти ҳаёти шоҳона, тарзи зиндагии хоксоронаро интихоб кардаанд.
Леонор ҳамчун вориси тахт дар синни 20-солагӣ омӯзиши ҳарбӣ гирифта, дар давлат ба ҳайси халабон ройгон хизмат мекунад. Хоҳараш Софияро агар дар кӯча медидед, ҳеҷ гоҳ тахмин намезадед, ки ӯ вориси дуюми тахт аст. Ӯ бо зиндагии хоксорона то ҳол масъулияти расмиеро ба уҳда нагирифтааст, аммо дар оянда метавонад яке аз чеҳраҳои муҳими намояндагии Испания гардад.
Ҳарчанд, хоҳарон бузургнамоӣ намекунанд, вале меросбари сулолаи таърихии чандсадсолаанд. Аз ин рӯ, “сарват”-и онҳо бештар рамзӣ ва таърихист, на молиявӣ.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


ОЛИМОНИ ТОҶИК ПИРЯХЕРО ПАЙДО КАРДАНД, КИ ОБ НАМЕШАВАД, БАЛКИ МЕАФЗОЯД
Дар кӯҳҳои Помир пиряхи беназире кашф шуд, ки бар хилофи гармшавии иқлим меафзояд. Сухан дар бораи пиряхи Кон – Чуқурбошӣ, ки бо номи «Қалъаи кабуд» низ маъруф аст, меравад. Ин пирях дар баландии қариб 6 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.
Охири соли гузашта экспедитсияи байналмилалӣ бо иштироки мутахассисони тоҷик дар ин ҷо чоҳҳои то умқи беш аз 110 метр парма карда, намунаҳои яхеро гирифтанд, ки синну солашон ба 30 ҳазор сол мерасад. Олимон ин бозёфтро «капсулаи вақт» меноманд: таҳлили қабатҳои ях кумак мекунад, ки фаҳмем атмосфераи Замин ҳазорсолаҳо пеш чӣ гуна буд.
Омӯзиши ин пиряхи аномалӣ имкон медиҳад, ки тағйирёбии иқлим дақиқтар пешгӯйӣ карда шавад ва захираҳои обии Осиёи Марказӣ чӣ тавр нигоҳ дошта шаванд.
Қисме аз намунаҳои пирях, аллакай, ба лабораторияи яхбастаи Антарктида барои нигоҳдории ҷовидона фиристода шудаанд.
Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МАСХАРАБОЗ


Шоҳи Испания баъди як дидор бо тоҷири номдори олмонӣ Дидрих ба ӯ маблағи калон дода, мефармояд, ки барояш беҳтарин аспҳои зотӣ биёрад. Масхарабози дарбор ин амали шоҳро дида, номи ӯро дар китоби «одатҳои аблаҳона» сабт мекунад.
– Чӣ амали аблаҳона кардам, мепурсад шоҳ аз масхарабоз.
– Магар аблаҳӣ нест, ки як нафарро нашнохта чунин маблағи калонро бароварда додед.
– Ба ҳар ҳол агар сари вақт аспҳои хостаи маро харида биёранд чӣ?
– Он вақт шоҳам номи шуморо хат зада, дар китоб номи Дидрихро менависам.

Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА


ЛАТИФА
Модар ба писараш мегӯяд:
– Ба хонаи ҷӯраат зуд-зуд нарав, ба модараш мефорад ё намефорад.
Кӯдак мегӯяд:
– Очаҷон, парво накунед, ҳар вақте ба хонаи онҳо меравам, очааш мегӯяд: «Биё, биё бачаҷон, ҳамин ту намерасидӣ”.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
10 ФУТБОЛБОЗЕ,
КИ АЗ ҲАМА БЕШТАР ҶОИЗА БА ДАСТ ОВАРДААНД


6. Жерар Пике (Испания) – 37 ҷоиза


Жерар Пике, футболбози испанӣ, дастпарвари клуби «Барселона», дар ҳайати дастаи якуми ин бошгоҳ ягон бозӣ анҷом надода, соли 2004 ба «Манчестер Юнайтед» мегузарад ва бо ин бошгоҳ чемпиони Англия, ғолиби Лигаи чемпионҳо (2007/08) гардида, Ҷоми Лигаи футбол ва Суперҷоми Англияро низ ба даст меорад. Соли 2008 ба «Барселона» баргашта, бо он 9 маротиба чемпиони Испания шуда, соҳиби 7 Ҷоми Испания, 6 Суперҷоми Испания мегардад. Ӯ бо ин клуб, инчунин, се маротиба дар Лигаи қаҳрамонҳо ва се бор дар Чемпионати ҷаҳонии клубҳо ғолиб мешавад.
Жерар Пике бо тими миллии Испания қаҳрамони ҷаҳон (2010) ва қаҳрамони Аврупо (2012) шудааст.


Таҳияи Иброҳими САЙФУЛЛО


ПОШИДАНИ ДОРЧИН БА ШАХСОНИ ТАНҲО
Дар Дания як анъанаи ҷолибе вуҷуд дорад: аз сар то пойи мард ё зане, ки 25-сола шудаасту ҳанӯз издивоҷ накардааст, дорчин мепошанд. Бӯйи дорчин хеле қавӣ буда, муддати тулонӣ боқӣ мемонад, аз ин рӯ, ҷавонони раҳгузари ҷинси муқобил метавонанд озодона ба назди шахси «хушбӯй» омада, шинос шаванд ва оила барпо кунанд.
Агар баъди 25-солагӣ ҳам танҳо монанд, ҷазо боз шавқовартар мешавад, ин дафъа навбат ба қаламфур мерасад. Дӯстон аввал ба онҳо об ва баъд мурч мепошанд. Гуфта мешавад, ки ин маросим тақрибан дар асри 16 пайдо шудааст ва то имрӯз миёни ҷавонон маъруфият дорад.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА


МЕҲРИ МОДАР


Кӯдакеро, ки аз ғами марги модар лойбозӣ дошт, падараш садо карда, гуфт:
– Бархез, писарам, лойбозӣ накун, ки либосат чиркин мешавад.
Кӯдак гуфт:
– Падарҷон, ёд дорам, шумо гуфта будед, ки мо аз лой сохта шудаем?
Падар гуфт:
– Бале, писарҷонам ёд дорам!
Кӯдак бо чашмони пур аз умед, вале ашколуд нидо кард:
– Падарҷон, илтимос, ёрӣ диҳед, аз лой модарамро бисозам…
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


ХОНАЕ, КИ ГИТЛЕР ТАВАЛЛУД ШУДААСТ, ИДОРАИ ПУЛИС МЕШАВАД
Хона дар маркази шаҳри Браунау-ам-Инни Австрия ҷойгир буда, дар санги ёдгории назди он чунин навишта шудааст: "Барои сулҳ, озодӣ ва демократия. Нест бод фашизм. Миллионҳо қурбонӣ инро ба мо хотиррасон мекунанд".
Пас аз даҳсолаҳои баҳс дар бораи чи кор кардан бо биное, ки дар он Гитлер таваллуд шудааст, Ҳукумати Австрия ин хонаро соли 2017 харид ва эълон кард, ки он ба идораи пулис табдил хоҳад ёфт, – менависад The New York Times.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ


ПАДАР ВА ПИСАР
Падаре ба писари 7-солааш амр кард, ки дарахти хушкидаро бурад. Ба писари хурдсол табар дод ва гуфт:
– Ту метавонӣ ин дарахтро бибурӣ. Бовар дорам, ки ту қавитар аз ин дарахт ҳастӣ.
Писарак табарро гирифту зад. Як бор, ду бор, сад бор... Вале дарахт намеафтод. Дас- таш захмӣ шуд, хаста гардид ва гиря кард.
Падар омад, дасташро гирифту гуфт:
– Чаро гиря мекунӣ? Ба охирин зарбаат диққат кун.
Писар нигоҳ кард ва дид, ки дарахт дар ҳоли афтодан аст. Боз як зарбаи дигар зад ва дарахт афтод.
Падар гуфт:
– Писарам, ин дарахт на аз охирин зарба, балки аз ҳамаи он зарбаҳое, ки пештар зада будӣ, афтод. Зарур нест, ки зуд-зуд хаста шавӣ. Агар ҳар рӯз як қадам гузошта бошӣ, албатта, ба мақсади худ мерасӣ.
ҲИКМАТ: Сабр ва устуворӣ ҳамеша натиҷа медиҳад. Муваффақият якбора намеояд, он аз қадамҳои хурд ҳосил мешавад.
Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ


САДОҚАТИ КНЯЗ ВА АСРОРИ БУНЁДИ ҚАСРИ ДОРОИ 365 ҲУҶРА
Дар гӯшаи зебоманзари Абхазия, дар ноҳияи Гулрипш, ёдгории беназири меъморие бо номи қасри княз Сметской қомат афрохтааст, ки таърихи сохта шудани он на танҳо аз санъати меъморӣ, балки аз қудрати муъҷизаофари ошиқ қисса мекунад.
Олга Юревна, ҳамсари маҳбуби княз, ба бемории сил гирифтор шуд. Дар он замон ин дард табобатнашаванда маҳсуб меёфт, вале яке аз табибон ба княз маслиҳати аҷибе дод: барои шифо ёфтани ҳамсаратон ӯ бояд ҳар шабро дар ҷойи наве рӯз кунад, ки ҳавояш комилан тоза бошад.
Княз Сметской дарҳол ба иҷрои ин маслиҳат камар баст ва қасреро бо 365 ҳуҷра бунёд намуд, то ҳамсараш давоми сол ҳар шаб дар хонаи нав хоб равад. Бино тавре сохта шуд, ки нури Офтоб ба тамоми ҳуҷраҳо мерасид ва дар атрофи қаср боғи зебое бо гиёҳҳову дарахтони аз тамоми ҷаҳон овардашуда бунёд ёфт, то ҳавои атрофро муаттару руҳбахш созанд. Ин тадбир ва муҳаббати бепоён боис гашт, ки Олга Юревна бар беморӣ пирӯз омада, 90 сол умр бинад.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА


МУЪҶИЗА ВА ТУҲФАИ БЕБАҲО
Дар Британияи Кабир нахустин тифле таваллуд шуд, ки ба шарофати пайванди бачадони зани фавтида ба зани дигар ба дунё омадааст. Амалиётро ҷарроҳони Лондон ва Оксфорд анҷом додаанд. Дар ин бора ВВС хабар додааст.
Тибқи иттилоъ, кӯдак писарча буда, Ҳюго ном дорад ва, аллакай, даҳҳафтаина шудааст. Волидонаш таваллуди тифлро муъҷиза хонда, ба хонаводаи донор барои меҳрубонӣ изҳори сипос намуда, гуфтаанд, ки ин тасмими онҳо барояшон туҳфаи бебаҳо аст.
Пайванди бачадони зани фавтида ба зани зинда дар оянда метавонад мушкили занонеро, ки бо сабаби иллатҳои ҷиддӣ соҳиби фарзанд шуда наметавонанд, ҳал карда, ба онҳо имконияти чашидани лаззати модар буданро диҳад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


ОДОБИ ҶАМЪ КАРДАНИ ДАСТАРХОН
Боре шахсе меҳмони Мавлоно Анваршоҳи Кашмирӣ шуд. Баъд аз зиёфат ва дуою фотиҳа меҳмон аз соҳибхона хоҳиш намуд, ки ба ӯ иҷозат диҳад, то дастархонро ҷамъ кунад. Мавлоно аз меҳмон пурсид:
– Оё Шумо одоби ҷамъ кардани дастархонро медонед?
Меҳмон дар ҳайрат афтода, пурсид:
– Магар ҷамъ кардани дастархон ҳам одоб дорад?
Мавлоно Анваршоҳи Кашмирӣ гуфт:
– Бале!
Сипас, Мавлоно пӯчоқи меваҳо, нонрезаву донаҳои биринҷ, устухон ва пардаи гӯштро алоҳида дар табақчаҳо гирифта, шарҳ дод:
– Пӯчоқи меваҳо ҳаққи гов, нонрезаву донаҳои биринҷ ҳаққи мурғ, устухон ҳаққи саг ва пардаи гӯшт ҳаққи гурба аст. Ягон неъмати Худованд бояд зоеъ нашавад.


Аз китоби «Марворидҳои дурахшон», баргардони Сайфиддин СУННАТӢ

Санаи нашр: 06.03.2026 №: 45