АСИЛЗОДАИ ОРИЁӢ Ё ЧАРО ФОРСИЗАБОНОНИ ОЛАМ ПЕШВОИ ТОҶИКОНРО ДӮСТ МЕДОРАНД?
![]()
– Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки эрониён бисёр дӯсташ медоранд, дастур дода, ки ба мардуми кишвараш ду ҷилд “Шоҳнома”-и ройгон ҳадия бидиҳанд, то ба фарҳангу асолати худашон бештар ошно шаванд. Эмомалӣ Раҳмон нишон дод, ки як ориёии воқеӣ аст ва ба эҳёи ҳофизаи таърихӣ, гиромидошти оинҳои мардумии ниёгонаш – Наврӯзу дигар ҷашнҳои суннатӣ алоқаи зиёд дорад. Дар ҳоле ки мо аз таърихи худ фаромӯш месозем, Раисиҷумҳури Тоҷикистон акси бузургони илму адаб, аз ҷумла Рӯдакию Синоро рӯйи асъорашон гузошт. Муҷассамаи Куруши Кабирро дар боғҳои аслии кишвар насб ва асомии (номҳои) ғайритоҷикро ба фарзандон маҳдуд сохта, ба ҷойи он номгузории миллиро афзалият бахшид. Эътиқод ба динро ихтиёрӣ намуда, дар кишвараш рақсу шодиро ҷорӣ карда...
– Ин ҳарфҳо дар навори ҷолибе шунида мешаванд, ки аз ҷониби як блогери эронӣ дар саҳифаи интернетии “tarikh.parsi” (таърихи порсӣ) гузошта шуда, чандест дар фазои маҷозӣ мечархад. Дар матлаб, ки нахуст тавассути инстаграм пахш шуда, ба дигар саҳифаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, иқдомҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсиф мешаванд. Гӯянда, ки ба форсӣ суҳбат мекунад, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлати тоҷиконро дар роҳи худсозии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ бо як навъ изҳори муҳаббату эҳтироми хос ситоиш мекунад.
“tarikh.parsi”, ки наздик ба 2 миллион обуначӣ дорад, бо ин навор баҳси гармеро дар мавриди таърихи тамаддуни тоҷикӣ-форсӣ ба миён овард. Дар поварақи навор, шарҳу назарҳое аз ҷониби форсизабонони олам ба чашм мехӯранд, ки аз шоҳкорҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти таърихӣ ва посдору пуштибони ин тамаддуни оламгир ёд мешаванд.
Ангезаи аслии навори мазкур, дар канори дигар иқдомоту корномаҳои мондагор, тақдими “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ аз сӯйи Пешвои миллат ба ҳар хонадони тоҷикистонӣ буд. Лозим ба ёдоварист, ки аз лаҳзаҳои аввали тақсими шоҳасар ба сокинони мамлакат, форсизабонони олам ин амрро гарму самимӣ истиқбол карданд ва дар расонаҳои гуногун бозтоб шуд.
Мутаассифона, дар ҳоле ки ҳамзабонони мо чунин ғамхориҳои Пешвои миллатро дидаву мафтуни он мегарданд ва ошкоро ҳам мегӯянд, ки дар орзуи чунин сарваре ҳастанд, зумрае аз ҳасудони худбохтаву оворагарде, ки дорем, ҳанӯз ҳам даст аз иҳонат барнамедоранд. Балки обрӯйи афзояндаи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва эътибори сиёсии Сарвари ташаббускораш устухоне дар гулуи тоифаи бадбину бадкеш гардидааст, ки ҳоло охирин даргоҳи умедашон шабакаҳои иҷтимоӣ асту бас.
Аммо мардуми шарафманди тоҷик таҷрибаи зистан дар фазои сулҳу субот, созандагиву бунёдкориро бо тарҳҳои хашине, ки бадхоҳони миллат дунболаш ҳастанд, иваз нахоҳанд кард. Балки бо нигоҳе ба сабақҳои талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дигар фирефтаи душманони дохилу хориҷ нахоҳанд шуд ва ба ҳарфи “идеолог”-ҳои зархарид ҳам гӯш нахоҳанд дод.
Мо ба ин бовар дорем, шумо чӣ?
