АСАРИ ПАНДОМӮЗ. АНДЕШАҲО РОҶЕЪ БА КИТОБИ «ЁДДОШТҲО»-И ПРОФЕССОР САЙМУМИН ЯТИМОВ

12 март 2026, Панҷшанбе
1


Китоби «Ёддоштҳо»-и профессор Саймумин Ятимов, ки бо сабки хос таълиф шудааст, намунаи беҳтарин ёддоштнависии замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Нависанда дар ин асар воқеаҳоро бо навъи андешаҳои пандомӯз ва танқидомези замони гузашта баён намудааст, ки хеле ибратомӯз мебошанд.


Бояд гуфт, ки ёддоштнависӣ як санъати вижаи имкониятҳо низ ҳаст, ки на ҳар кас аз уҳдаи навиштани он баромада метавонад, зеро тасвири объективӣ ва баёни ҳодисаҳои зиндагӣ дар худ бори гарони масъулиятро низ бар уҳда доранд. Навиштану тасвири ёддоштҳои як нафар, ки дастраси мардум мегардад, аз нигоҳи мо, бояд на танҳо ба зеҳну тафаккури хонанда таъсиргузор бошад, балки ҳамчун портрети хотиравию ахлоқӣ ва ибратомӯз мондагор ҳам бошад.
Китоби «Ёддоштҳо»-и профессор Саймумин Ятимов ин хусусиятҳоро дорост ва дар байни мардум маъруфияти бештар ва иззату эҳтироми хосса пайдо намудааст. Нависандаи асар саргузаштҳои шахсию ҳаётии худро ба таври воқеӣ, бидуни муболиға ва одӣ иншо карда, ки барои хонанда хеле равону ҷолиб ва омӯзанда ба назар мерасанд.


МЕҲРИ МОДАР
Барои ман ҳамчун муҳаққиқ таҳлилу таҳқиқи ин асар хеле ғайриодӣ буд. Мутолааи «Ёддоштҳо» пеши назарам ҷаҳони андешаи нависандаи сипаҳсолори қалби зебодоштаро ошкор сохт, ки хеле ҷолиб ва арзишманд менамуд. Замоне ки ба хондани он шуруъ намудам, андеша доштам, ки ин танҳо як асари тарҷумаиҳолӣ ва қиссаҳои шахсии як нависанда аст. Аммо аввалин сухану сатре, ки таваҷҷуҳи маро ба худ ҷалб кард, ин ибораи «Модарам мегуфт…» буд, ки ёди ҳамешагии модарҷонам ва қиссаҳои асари Расул Ҳамзатов «Доғистони ман»-ро, ки китоби рӯйимизии ман аст, пеши назарам овард. Расул Ҳамзатов дар ҳар сархати саҳифаи китоб менавишт: «Падарам мегуфт...» ва аз номи Абутолибу дигарон шарҳу баён ва ё ҳикматеро баррасӣ мекард.
Аммо барои ман ишораи гуфтори нависанда: «Модарам мегуфт...» чунон дилчаспу диққатҷалбкунанда буд, ки дигар вақти миҷа задан ҳам надоштам, то китобро ба равоқи китобҳоям гузорам. Чун номи мубораки модар, васф ва ҳидоятҳоро бидидам, ғарқи мутолааи ин асари мондагор гардидам, зеро ман ҳам то ҳанӯз оғӯштаи меҳру муҳаббати фариштаи нотакрори осмонӣ – очаҷонам ҳастам. Он касро то ҳанӯз кӯдакона аз ҳама бештар дӯст медорам. Ҳатто хаёл, андеша ва ёди модарҷонам бароям хеле гарму нарм ва муқаддас аст. Имрӯз ҳам дар ғурбати танҳоӣ муниси ҳамешагиям руҳу садои ширини модари ғамгусорам аст. Ҳамин аст, ки дар вақти мутолааи ин асар, вориди образи бадеӣ шуда, худамро ҳамчун қаҳрамони асосии «Ёддоштҳо»-и нависанда ҳис мекардам. Аҷабо, ба хаёлам, нависанда образи модари маро низ бо тамоми ҳаёту фаъолияти мани муаллим дар ин асар гӯё ба риштаи тасвир кашидааст.
Бартарии аз ҳама бештари ин асарро дар он дарёфтам, ки оғози руҷуи он аз сухани меҳри модар сар мешавад, ки дар дигар ёддошту асарҳо ин хеле кам ба назар мерасад. Тасаввур намоед, ки аз саҳифаи 5,127-132, 137, 139, 142, 144, 152,154, 238 то саҳифаи 299 васфу ситоишҳои сифат ва ҳидоятҳои модар дар ҳар шебу фарози зиндагӣ баён гардидаанд. Нависанда дар ин асар муносибати модару падар, акаву додар, апаву хоҳар ва дигар хешутаборонро чунон бо муҳаббати самимӣ тасвир намудааст, ки ҳамчун хонанда ва таҳлилгар мегӯям, ки хуш ба ҳолатон бо чунин муҳаббату тасвири барҷаста.
Муаллиф менависад: «Модарам табъи шоирона дошт». Аҷаб хотираи шиноси ширину мондагор. Ё ин ки «Ман, бо ифтихор ҳамчун тафсири воқеият иқрор мегаштам, ки ин ҳусни хатти нахустустоди ман – модари ман, нишона ва ёдоварӣ аз ӯст».
Аҷабо фикр доштам, ки дар ҳаёт касе мисли ман нисбати модар ва шукӯҳу манзалати фариштаи зиндагиам муҳаббати бепоён надорад. Аммо ин тавр набудааст, ин асари насрӣ диду назар ва табиати руҳу равонамро ба куллӣ тағйир дод, яъне ман дар талоши зиндагӣ ва ин асно танҳо набудаам ва чанд сабақи дигаре аз ёддоштҳои нависанда омӯхтам. Агар бовар кунед, бемуҳобот мегӯям, ки ҳанӯз ҳам ашкҳоям барои модарҷони азизам, ки хеле барвақт дунёро падруд гуфта буданд, нахушкидаанд. Мутолааи «Ёддоштҳо»-и нависанда бошад, боз хаёламро ғарқи дунёи ширини модару бачагӣ ва хонаи падар бурду бурд.
Нависанда дар ҷойи дигар зикр мекунад: «Ҳоло дар китобхонаи шахсии ман аз замони кӯдакиву наврасӣ ба сифати ёдгорӣ аз модари ҷигарбандам гаҳвораи ман, номаҳои модарам ҳангоми дар аскарӣ хидмат карданам, китоби «Алифбо»-и ман ва дар болои он акси бузургтарин ғамгусори зиндагии ман – модарам мондаанд».
Офарин! Ташаккур! Ҳамду сано бод ба иззату қадрдонӣ ва ҳиммати нависанда, ки сабки қалам ва навиштаҳои модарномаи ӯ дар «Ёддоштҳо» диламро ба ваҷд овард, хаёламро ба дуриҳои дури зиндагӣ ҳавола карда, ба зеҳнам таъсири хеле мондагор гузошт. Баъди мутолааи асари Кришан Чандар «Як гулу сад харидор», ки дар овони ҷавонӣ хонда будам, ин дуюмин асарест, ки аз мутолааи он ашкҳоямро нигоҳ дошта натавонистам.
Дарвоқеъ, нависанда, дар «Ёддоштҳо» мақому мартаба ва ҳидоятҳои модари азизро бо тасвиру ишораҳои хеле зебою самимӣ, моҳирона ва ҳадафмандона ба хонанда расонда тавонистааст, ки ба хаёлам, ин боиси муваффақияту сарфарозии нависанда ва умеду орзуи хонандаи арҷманд мебошад.


МАТН ВА СУХАНИ АСАР
Хеле воқеӣ, равон, зебо ва аз ҳаёти шахсии муаллиф навишта шудааст. Забони асар хеле сода ва дар баъзе ҳолатҳо моломоли сабки иҷтимоии адабӣ ва саросар бемуболиға мебошад. Дар «Ёддошҳо» фаҳмиш ва эҳсосоти шахсии муаллиф низ самимона ва хотирмон баён гардидааст. Хусусан, давраи кӯдакиву ҷавонӣ, мактабу деҳа, майл ба суруду оҳангҳо ва асбобҳои мусиқӣ, рубоб, устокориҳо, аз ёд кардани шеър, навиштани андешаҳо, ба хотир овардани шахсиятҳои муътабару хушном асоси матни асарро ташкил медиҳанд. Махсусан, ҷойгоҳи падари муаллиф дар тарбия ва ташаккули нависанда, мақому мартабаи муаллимон – Усмон Раҳмонов, Амонулло Саидов, Фаина Димитревна ва дигарон хеле бо маҳорати баланди нависандагӣ баён гардидааст.
Муаллиф менависад: «Муаллим У. Раҳмоновро устоди таърихшиносони маорифи деҳот, фидоии илму маърифат ва намунаи олии омӯзгори мактаб, муҳандиси бузурги руҳи шогирдон номидан арзанда аст». Воқеан, эътирофи мардуми доно ва хотира аз онҳо туҳфаи бузурги осмонӣ ва инсониест, ки на ба ҳар кас муяссар мегардад ва ин амал қадру манзалати нависандаро боз ҳам фузун мегардонад.
Бояд гуфт, ки баёни текстологии муаллиф, хулосаҳои мантиқӣ дар бораи муаллимони ҳақиқии беунвон ва таълимдида дар раванди таълиму тарбия ба равони хонанда, таъсири мусбат расонда метавонад.
Дар «Ёддоштҳо»-и мазкур нависанда пос доштани ҳаққи намак ва заҳмату дониши устодони донишгоҳи хатмкардаашро хеле воқеӣ ба қалам додааст. Ёдовар шудани номҳои мубораки устодон, кору пайкор ва баёни ҷаҳонбинию донишҳои бунёдии онҳо беҳтарин намунаи тасвири воқеии муаллиф ба шумор меравад, ки шоистаи таҳсин аст.
Бояд тазаккур дод, ки эътироф кардан ва иззату эҳтиром гузоштан ба шахсиятҳои шинохта ва бузург ҳам яке аз бартариҳои хоси баёни муаллифи «Ёддоштҳо» мебошад. Замоне ки дар ин асари мансур дар бораи устоди зиндаёдам Абдураҳмон Азимов ёддоштҳои муаллифро мехондам, пеши назарам шуҷоату мардонагии ин ҷавонмарди қавиирода, кордон, донишманд ва китобхону ватанпараст ҳувайдо мегашт. Албатта, дар матни асар тасвир намудани нақши чунин родмардони Ватан зинати мафкура ва ҳақиқатбаёнии нависанда ба шумор меравад, ки на ҳар кас чунин қобилияти шинохти шахсияту сарваронро дорад. Ҳамзамон, асари мазкурро муносибати муаллиф ба донишандӯзӣ ва таваҷҷуҳу посдории корномаҳои устодони зиндаёд академикҳо Муҳаммад Осимӣ ва Мусо Диноршоев зинати маънавӣ ва таровати адабӣ медиҳад.
Образҳои одамони бадназар ҳам дар асар хеле аҷиб тасвир ёфтаанд. Агар шумо ба номи кӯри Абуҷаҳлов ва фарзанди он кас рӯ ба рӯ шавед, ба як тасвири муҳиме ошно мешавед, ки онро дигар ба ҳеҷ ваҷҳ сафед кардан, тағйир додан амри муҳол аст. Номгузории муаллиф ба образҳои манфӣ номгузории сахту хеле оҳанин аст, ки, аллакай, ин баёни хулқу атвори нафаронеро муайян мекунад, ки дар доираи муносибатҳои хуби инсонӣ ҷой дошта наметавонанд.
«Ёддоштҳо»-и нависанда ба ҳаёти воқеӣ ва таҷрибаи бевоситаи нависанда ба аҳли адаб ва хонандагони сершумор вобастаю пайваста буда, метавонад барои мардум ҳамчун манбаи панду ҳикмат ва беҳтар дарк кардани муносибатҳои инсонӣ, дарки масъулияти касбӣ ва идоравӣ мавриди истифода қарор гирад.
Хулоса ва мазмуни асосии «Ёддоштҳо»-и нависанда аз муносибат ба одамон, давраҳои донишандӯзӣ, фаъолияти корӣ ва ҳодисаҳои мухталифи ҳаёти шахсӣ иборат мебошад. Асари мазкур аз рӯйи мазмуну мундариҷа, хусусияти таълимию тарбиявӣ ва таърихнигорӣ дорад. Мазмуну равонии асар ҳамчун падидаи нарму баёни хушгуфторӣ хонандаро дар доираи маънавиёту ахлоқ ва фаъолияти ҷамъиятӣ тарбия карда метавонад. Вобаста ба объект ва методологияи таҳқиқи «Ёддоштҳо»-и нависанда Саймумин Ятимов метавон гуфт, ки аксар вақт пайдарпайиҳои хронологӣ ва тарзи баёни кӯтоҳи ҳодисаҳои тарҷумаиҳолӣ дар асар бо ҷаҳонбинии фалсафӣ айният ё омезиш дода мешаванд.
Инчунин, ҳодисаҳои воқеӣ дар асоси парвози хаёли муаллиф ва меъёрҳои диалектикӣ қиёс карда мешаванд, ки ин барои хонанда дарси адаби рӯзгор ва ёдгории муҳим мебошад. Дар байни онҳо рӯзгори гузаштаи нависанда, хотираҳои шахсӣ, бурду бохти зиндагӣ мақоми ҷудогона доранд, ки моҳияти асари мансурро оростаю пероста месозанд.


Муҳаммад АБДУРАҲМОН,
профессор

Санаи нашр: 12.03.2026 №: 48