ЗИНДАГӢ БО ЗАН ХУШ АСТУ УМР БО ЗАН БАРДАВОМ

12 март 2026, Панҷшанбе
1


Имсол дар Тоҷикистони азизи мо дар радифи ҷашнҳои зиёд 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода таҷлил мешавад. Ин шахсияти барҷастаи миллат барои рушди адабиёти тоҷик хидмати мондагор ва фарогиреро сомон бахшидааст. Асарҳои бадеии ӯ дар сатҳи баланд эҷод шуда, ҳам аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа, ҳам аз ҷиҳати ҳунари нигорандагию корбасти санъатҳои бадеӣ ва ҳам аз нигоҳи забону тарзи баён беназиранд. Аз нигоҳи мавзуъ низ эҷодиёти устод Турсунзода хеле бавусъат мебошад. Ба ҳар мавзуе, ки устод даст задааст, ба комёбӣ расидаву сухани тозаю дилчасп гуфтааст. Ин шоири маъруфи миллат, махсусан ба мавзуъҳои сулҳу дӯстӣ, тараннуми Ватан ва табиати афсунгари он, ситоиши зан - модар ва тарғиби хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардааст. Муҳаққиқони осори устод мавзуи ситоиш ва арҷгузории зан - модарро яке аз мавзуъҳои меҳварии эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода донистаанд.
Нигоштаҳои шоир дар ин мавзуъ саршор аз меҳру муҳаббат, ихлосу сипос ва ғамхорию садоқату ифтихоранд. Дар шеърҳои машҳури ӯ “Модарам”, “Хайр, модари азиз”, “Дасти модар”, “Бигзор, зан бошад мудом”, “Дили модар”, “Зан агар оташ намешуд”, “Зан зан аст”, “Зан посбони оташ аст” ва дар достони “Ҷони ширин” симои воқеии зани тоҷик хеле равшану дилчасп ва самимона инъикос ёфтааст. Волотарин хисоли зани тоҷик дар ашъори устод меҳрубонӣ, инсондӯстӣ, шарафмандӣ, хоксорӣ, заҳматдӯстӣ ва фаъолмандии ӯст. Зан – модар дар ашъори устод Турсунзода ватанпарвар, фидоии Ватан ва ободгару фурӯғбахши Ватан аст. Модар дили бузургу муҳаббати беҳамто дорад ва аз ин ҷост, ки чун душман ба Ватан ҳуҷум мекунаду осудагӣ зери хатар мемонад, фарзанди азизашро даъват мекунад, ки кишварро ҳифз намояд, нагузорад, ки зоғи сиёҳ лона дар гулшани пуртаровату обод бигузорад (“Хайр модари азиз”). Ин даъвати ҷасуронаи модар ба фарзанди азиз аст:
Гуфт: “Рав, ҷанги далерона бикун,
Ҷанг бо лашкари бегона бикун.
Бош фарзанди сазовори падар,
Лоиқи ин Ватан, ин хонаю дар”.
Шеъри “Дасти модар” (дасте, ки ба дуо бардошта шудааст) як навъ такмилбахши мавзуи шеъри болост. Таъкиду таҳнияти ҷасорати зан – модар ва фаъолияти пурбаракати ӯ дар ҷомеа дар чанд шеъри дигари устод ҷойгоҳи махсус дорад. Мавқеи фаъоли занон дар ҷомеа дар сатрҳои зер аз шеъри “Зан агар оташ намешуд...” ба таври муассир тавсиф ёфта:
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо...
Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем,
В-арна чун санги сари аҳром мемондем мо.
Дар шеъри равону пурмуҳаббат ва ҷавонмардонаи устод “Зан зан аст”, махсусан ин мисраъҳо, хеле ҷолибу омӯзандаанд ва симою мавқеи вижаи занонро дар зиндагии мо равшану пурҷозиба инъикос менамоянд:
Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,
Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.
Зан набошад, нест дар рӯи Замин нақши ҳаёт,
Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пои мо.
Шеъри “Бигзор, зан бошад мудом” бори дигар тавоноӣ, бузургӣ ва фаъолияти беназири занонро ситоиш ва таъкид мекунад. Пас аз баррасиҳову бозгӯйиҳои хидматҳо ва нақши зан дар ҷомеа шоири бузурги миллат ба чунин хулосае мерасад: “Зиндагӣ бо зан хуш асту умр бо зан бардавом”.
Адабиётшиносон шеъри пурмуҳтавою меҳрбори “Модарам”-и устод Турсунзодаро яке аз беҳтарин модарномаҳо дар адабиёти муосири тоҷик донистаанд. Дар ҳақиқат, хеле муассир ва самимист ин шеър ва бемуҳобо, бори як достонро мекашад. Руҷуи шоир ба модари азиз ва савганди ӯ ба руҳи поки модар хеле таъсиргузор аст:
Модарам, бо ёди ту гаштугузоре мекунам,
Баҳри меҳри ту дили худро мазоре мекунам.
Хидмати шоиста бар ёру диёре мекунам,
Назми худро бар сари қабрат шиоре мекунам.
Модарномаи устод Мирзо Турсунзода аз ҷониби муҳаққиқону адабиётшиносон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаю дар ин мавзуъ мақолаю рисолаҳо эҷод шудаанд, вале мо бар онем, ки ҳанӯз ҳам ин мавзуи вижаи эҷодиёти устод таҳқиқи бештареро тақозо дорад.


Умринисо УСМОНОВА,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти
тоҷики МТМУ №19-и ноҳияи Айнӣ

Санаи нашр: 12.03.2026 №: 48