ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – НИГАҲБОНИ СИРИШТИ МИЛЛӢ

14 март 2026, Шанбе
3


Яке аз қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи на танҳо сохтори давлати навини тоҷикон, балки таъриху фарҳанг ва, махсусан, сиришти тафаккури миллӣ ва Ватану ватанхоҳӣ дар замири тоҷикон мебошад.
Мо Пешвои худро чун эҳёгари таъриху фарҳанг ва тафаккури миллӣ мешиносем, зеро танҳо шахси ботини миллӣ дошта, бо худшиносии баланд, барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, Ватану ватанхоҳӣ ва рушди илму фарҳанг, иқтисоди ватанӣ ранҷ мекашад. Дар робита ба ин масъала, таърих дар солҳои 90-уми асри ХХ, бар дӯши Сарвари ҷавон Эмомалӣ Раҳмон вазифаи басе душвор, вале пурифтихор: эҳёи тафаккури миллӣ ва Ватану ватанхоҳиро гузошта буд.
Пешвои миллат дарк намуданд, ки сатҳи худшиносии мо поин рафта истодааст ва эҳёи он зарур мебошад. Сарвари давлат дар ҳамаи суханрониҳо аз боби худшиносӣ ва эҳёи миллату фарҳанг ҳарф мезананд. Китобҳои чаҳоргонаашон: “Тоҷикон дар оинаи таърих: китоби якум “Аз Ориён то Сомониён” (Лондон, 1999), пеш аз ҳама, дастури эҳёи худшиносӣ, худогоҳӣ ва тафаккури миллӣ мебошанд. Масалан, дар китоби якум Пешвои миллат менависанд: “Мо ба гузашта ба хотири парастиши содалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти руҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахуст аҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриодӣ ноил гаштаанд, рӯй овардем. Дар китоби дуюм менигоранд: «Агар бихоҳӣ ояндаро бубинӣ, ба гузашта назар намо ва бурду бохти онро ба инобат гир».
Ҳамаи китобҳои Пешвои миллат, аз ҷумла “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Фарҳанг ва ҳастии миллат”, “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, «Зиёиён равшангарони роҳи фардои миллатанд», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯйи тамаддунҳо», «Забони миллат – ҳастии миллат» (дар ду китоб), “Чеҳраҳои мондагор”, дар руҳияи худшиносию ташаккули маниши миллӣ ва ватанхоҳӣ нақши носутурданӣ доранд.
Ман ҳамчун муаррих ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ва минбаъдаро дида, ба хулосае омадам, ки мо бояд тафаккури миллиамонро аз нав созем, тоҷикеро ба вуҷуд биёрем, ки дар вай ҳисси миллӣ, ватанхоҳӣ, поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ, эҷодкорӣ, бо меҳнати ҳалол зистан дар мағзу хунаш ҷой дошта бошанд, мувофиқи суханони асосгузори Ориён Зардушт «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» амал намоянд.
Инсон бояд фаъолияти худро дар асоси комёбиҳои илм равнақ диҳад, зеро танҳо илму дониш ободӣ ва беҳбудии зиндагонии одамонро фароҳам меоранд. Аз ҳамин лиҳоз, маҳз бо ҳадафҳои фардонигар ба омӯзиши илм, аҳамияти махсус дода, Пешвои миллат озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат”-ро пиёда карданд.
Яке аз хислатҳои ҷавонмардон эҳтиром ба олимон аст. Дар гузаштаи дур шахсони донишмандро валӣ, фиристодаи Худо мепиндоштанд ва ба онҳо таъзим менамуданд. Ин анъана дар мардумони ориётабор ҳама вақт буд. Шоҳони Сомонӣ, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, ба пешвози олимон аз ҷояш бармехест ва дар ҷойи ифтихорӣ менишонд ва гусел менамуд.
Навиштаанд: “Чун Абдуллоҳи Тоҳир ба подшоҳии Хуросон омад, дар Нишопур ҷой гирифт, аъёну ашроф ба саломи ӯ омаданд. Баъди як ҳафта пурсид: «Ҳеҷ кас мондааст дар ин шаҳр, ки ба саломи мо наомада бошад?». Гуфтанд: «Ду олим Аҳмади Ҳарб ва Муҳаммад Аслами Тӯсӣ, ки уламои раббонианд ва ба даргоҳи салотин наоянд». Абдулло гуфт: «Агар ишон ба саломи мо наомаданд, мо ба саломи ишон равем». Абдуллоҳ Тоҳир арбоби давлатӣ, лашкаркаши номӣ ва асосгузори аввалин давлати тоҷикон – Тоҳириён буда, барои поягузории адолат корҳои зиёде ба анҷом расондааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди душвориҳои зиёд, ки ба сари давлат ва халқи Тоҷикистон омаданд, Академияи илмҳоро (имрӯза АМИТ) нигоҳ доштанд ва ҳатто, академияҳои соҳавӣ таъсис доданд. Минбаъд ба академия шарафи дигар бахшида, онро Академияи миллии илмҳо намуданд, то ба нафъи миллат хидмати бештар дошта бошад.
Пешвои муаззами миллат дар асари худ “Тоҷикон дар оинаи таърих”, китоби аввал аз "Ориён то Сомониён” менависанд: “Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз нишебу фарози миллати хеш огоҳии комил медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мебардоштем, шояд туфони офатбори ҷанги гражданӣ, ки ба сари халқи тоҷик омад, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихи наслҳои оянда хидмат мекунад”.
Ташаккули тафаккуру ҳувияти миллӣ аз оғоз асоси фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва, воқеан ҳам, ин марди бузург эҳёгари асили маниши миллист.

Юсуфшоҳ ЁҚУБШОҲ,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Санаи нашр: 13.03.2026 №: 49