АВВАЛИН МУЪҶИЗА
Ҳамасола 11-уми март дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ин санаро аҳли қаламу фарҳанг, хосса кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳа, ҳамчун иди касбӣ ҷашн мегиранд. Ин сана ба рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ бо унвони «Бухорои шариф» пайванд аст, зеро рӯзномаи мазкур бори нахуст 11-уми марти соли 1912 аз чоп баромад. Иди матбуоти тоҷик дар замони Иттиҳоди Шуравӣ 5-уми май ҷашн гирифта мешуд, ки рӯзи нашри нахустшумораи нашрияи коммунистии «Правда» буд. Пас аз соҳибистиқлолӣ, соли 1994 Парлумони Тоҷикистон 11-уми мартро Рӯзи матбуоти тоҷик эълон намуд.
Матбуоти тоҷик саршори талошҳои созандаву пуршараф буда, дар тули фаъолияти беш аз якасраи худ дар роҳи пешрафт ва ташаккули афкори ҷомеа, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу умумибашарӣ, сарфи назар аз сиёсати замон, содиқ будаву ҳаст. Чароғеро, ки дар он рӯзгор ташаббускорони нахустин нашрияи тоҷикӣ – «Бухорои шариф» афрӯхтанд, талоше барои рӯшанӣ андохтан дар рӯзгори аҷдоди мо буд. Ин нашрия камтар аз 10 моҳ умр дид, аммо роҳеро кушод, ки барои садсолаҳо хидмат хоҳад кард. Имрӯз «Бухорои шариф» барои аҳли қалами расонаҳои тоҷикӣ нахустин сабақи омӯзиши маҳорат ва касбият буда, дар роҳи тарғибу ташвиқи маърифати инсонӣ, худшиносиву худогоҳӣ ҳамчун роҳнамову дармонбахш ва мактаби ибрат боқӣ мондааст.
Дар маҷмуъ, аҳамияти соҳаи мазкур аст, ки ҳанӯз соли 1975 устод Мирзо Турсунзода, Қаҳрамони Тоҷикистон, бахшида ба Ҷашни 50-солагии «Тоҷикистони советӣ» (имрӯза «Ҷумҳурият») дар мақолаи «Аввалин газета, аввалин муъҷиза» ҳамин андешаро нисбат ба матбуоти тоҷик таъсирбахш баён кардааст. Мақолаи мазкурро айнан пешниҳоди хонандагон месозем.
Аввалин газета
Аввалин муъҷиза
Мирзо Турсунзода, Лауреати мукофоти Ленинӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
«Тоҷикистони советӣ» газетаи ҳар як коргар, ҳар як деҳқон ва зиёӣ аст. Ин газета имрӯз иди саиде дорад, иди камолот дорад. Иди онро табрик гуфта, ба ходимон ва фаъолони он дар иҷрои вазифаи бузурги таблиғу ташвиқи ғояҳои олитарини инсонӣ, ки аз партави таълимоти ленинӣ ғизо мегиранд, комёбӣ, авҷу барор мехоҳам.
Гумон мебарам, ки ба ҳамин қарибиҳо (марти соли 1925), мо – ҷавонони ташнаи илм бюллетени «Иди тоҷик»-ро даст ба даст гардонда, бо шавқ мутолаа мекардем ва ба рӯзномаи «Бедории тоҷик» табдил ёфтани онро чун иди калони матбуоти тоҷик ботантана истиқбол менамудем. Вале, чунон ки мебинем, имрӯз «Тоҷикистони советӣ» – газетаи асосии мардуми мо панҷоҳсола шудааст. Солҳо ба мисли корвоне бо овози баланди ҷарас гузаштаанд. Вале чӣ тавр гузаштаанд? Чӣ осоре гузоштаанд?
Дар қироатхонаҳои калон ҷилд-ҷилд шумораҳои «Тоҷикистони советӣ» ва пешгузаштагони он барои таърих маҳфуз дошта шудаанд. Агар ин ҷилдҳои рӯзгорномаро варақ занем, садои зангӯлаи корвони солҳо шунаво ба гӯш мерасад. Аввалин иншоотҳо, аввалин ширкатҳо, тозҳо, колхозҳо... дар кишвари зарнисори мо ҳама чиз аввалин буду ҳаст. Мубориза барои истиқлолияти пахта, мубориза ба муқобили миллатчиёни буржуазӣ – пантуркистҳо, мубориза бар зидди ҷараёни зарарнок ва ташкилоти адабии «Чағатай гурунги» ва «Қизил қалам», ки бо ҳар роҳу восита мардумро аз роҳи рост баргардонданӣ мешуданд, мубориза барои забону адабиёти бадеии тоҷик. Ин ҳама дар матбуоти онрӯза ҳамаҷониба тасвир меёфтанд.
Ба газетаҳои имрӯза менигараму бо номҳои мустаори мухбирон вомехӯрам. Акнун фаъолони газетаҳо аз ному мақоми худ ҳаросе надоранд, мисли ҳамкорони солҳои бистуму сиюми худ номашонро бо «Калтак», «Хабаркаш», «Ғайбат», «Беном» барин тахаллусҳо пинҳон намекунанд. Партияи коммунистӣ давлати моро, кишвари моро аз ҳар хавфу хатар эмин дошт ва акнун матбуотчиёни мо мисли ҳамкорони худ ба ҷайб дафтару ба даст яроқ гирифта намегарданд. Муборизаи наслҳои калонсол бенафъ нарафт.
21-уми майи соли 1931 дар газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» мақолае чоп карда будам, ки он «Вазифаҳои навбатии мухбирон» ном дошт. Ман он солҳо зуд-зуд бо супориши газета ва Комитети марказии комсомол ба районҳои Лақай-Тоҷик, Данғара, Панҷакент, Саройкамар мерафтам ва аз хусуси муборизаҳои ҳамсолони худ мақолаҳо менавиштам. Аммо медидам, ки мухбирон, бо вуҷуди чанд сол боз нашр шудани газетаҳо, аз иштирок дар кори онҳо парҳез мекунанд, метарсанд. Ҳатто, мухбирони даҳанакӣ ба идора кам меомаданд.
Ташкили матбуоту такмили минбаъдаи он коре буд душвор. Устодон Айнию Лоҳутӣ ба ташаккули матбуот, олами маънавии омма диққати зиёде медоданд. Мегуфтанд, ки матбуот меҳрномаи ҳар як одам аст ва ҳар кас, ки садоқати худро ба партия, ба Ҳукумат изҳор карданӣ бошад, бояд дар матбуот иштирок намояд.
Ба гуфтаи онҳо илова карда мегӯям, ки матбуот мактаби адабиёт ҳам ҳаст. Ҳамаи нависандагони маъруфи имрӯзаи мо дар ибтидо журналист будаанду ҳастанд. Майдони фаъолияти публитсистии ман, майдони муборизаи ман барои умдатарин идеалҳои инсонӣ: сулҳу дӯстӣ низ матбуот аст. Матбуотчиён солдатҳои партияанд, бо ишораи нахустин ба иҷрои накази партия мераванд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
