ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «ШОҲНОМА»
Дар ин филворд номи қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҷой гирифтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ЗЕБО»:
1. Робби 2. Армас 3. Суини 4. Карпентер 5. Зендая 6. Данн 7. Бейби 8. Лима 9. Гадот 10. Йоҳанссон 11. Ратаковски 12. Олсен 13. Свифт 14. Голдсберри 15. Ридлофф 16. Баллерини 17. Уитман 18. Честейн 19. Портман 20. Лоуренс 21. Нионго 22. Макадамс
Масъули рубрика
Ш. ШОКИР
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
РИЗОИ ҲАҚ АЗ РИЗОИ МОДАР АСТ
Нафаре назди ҳакиме омаду гуфт:
– Ман модари пири нобино дорам. Ҳамроҳаш бародари камбағалам зиндагӣ мекунад, ки ба нигоҳубини ӯ машғул аст. Ман дар деҳа ба сохтмони масҷиди калон оғоз намудам ва тамоми савобашро ба модарам мебахшам. Илова ба ин, боз чӣ кор кунам, ки ҳам Худо ва ҳам модарам аз ман розӣ бошанд?
Ҳаким ба чашмони ӯ лаҳзае нигоҳ карду гуфт:
– Барои модарат масҷид лозим нест. Он барои шуҳрати худат ҳаст. Беҳтараш, фориғ аз кор рав назди модарат шин, аз ҳолаш пурсон шав, китобе барояш бихон. Хароҷоти сохтмонро барои бародару модарат сарф кун. Ҳам Худо, ҳам модарат ва ҳам фарзадони бародарат аз ту розӣ мешаванд.
Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР
ЯК ҚОНУНИ АҶИБ
Дар аввали солҳои 1920 ронандагӣ камназорат буд. Бо мурури замон, ки мошинҳо тезсуръат мешуданд, қонунҳои ҳаракат ҳам сахтар мегашт. Аммо мошинҳо як мушкили ҷиддӣ доштанд: ронанда қафоро намедид. Соли 1921 яке аз аввалин оинаҳои ақибнамо ба фурӯш баромад. Ҷолиб аст, ки онро ҳамчун воситаи бехатарӣ не, балки бо номи “Cop-Spotter” таблиғ мекарданд: барои дидани полис аз қафо ва кам кардани суръати ҳаракат. Баъдан, мардум дарк карданд, ки дидани қафо на барои фирор аз полис, балки барои ҳифзи ҳаёт низ муҳим аст. Солҳои 1930 оинаи ақибнамо ба қисми ҳатмии мошин табдил ёфт.
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ
650 ҲАЗОР ДОЛЛАР ҶУБРОНПУЛӢ БАРОИ НАБЕРАДОР НАШУДАН
Дар Ҳиндустон як ҷуфти куҳансол аз болои писари ягона ва аруси хонавода бо далели он ки, шаш сол боз издивоҷ кардаву фарзанд ба дунё наовардаанд, ба суд шикоят бурданд.
Ин ҷуфти солманд даъво доранд, ки ҳамаи маблағҳои ҷамънамудаашонро сарфи таҳсили писар ва баргузории тӯйи бодабдабаи ӯ кардаанд, то соҳиби набера шаванд. Дар номаи шикоятӣ омадааст, ки агар дар зарфи як сол соҳиби набера нашаванд, 650 ҳазор доллар ҷубронпулӣ мехоҳанд. Асоси ин шикояти ғайриодиро «Озор ва азияти равонӣ» унвон карданд.
Таҳияи Кароматулло АТО
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
610 КИЛОГРАММ ВАЗНИ ЯК СОКИНИ АРАБИСТОНИ САУДӢ
Фарбеҳӣ маризиест, ки пешгириву табобат мехоҳад. Маъмулан, инсонҳои ба ин дард мубтало бо тавсияи табибон ва бо истифода аз усулҳои гуногун муваффақ мешаванд, ки вазни зиёдатии худро партофта, ба ҳаёти осоишта баргарданд. Воқеан, далели исботшуда аст, ки фарбеҳӣ ба саломатӣ таъсири манфӣ дорад. Бинобар ин, баробари чанд килограмм аз меъёр зиёд шудани вазн, инсонҳо дастикам мувоҷеҳи ташвиш мешаванду дари беморхонаҳоро мекӯбанд, ки амри муфид аст. Вале дар ҳоле ки одамони 15 – 20 килограмм вазни зиёдатӣ дошта фарбеҳ эътироф мешаванд, ҳастанд нафароне, ки ба вазни беш аз нимтоннагӣ на танҳо одат мекунанд, балки бо ин тафовуташон барои худ имиҷ месозанд.
Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки фарзи мисол сокини Арабистони Саудӣ Холид ибни Муҳсин соли 2013 ба 610 килограмм баробар шуда, худро машҳури дунё гардонда буд.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
ХАТОҲОИ ТАҚДИРСӮЗИ СУДӢ
МУБОРИЗАИ МАРГУ ЗИНДАГӢ
Ё ҲУКМИ ҚАТЛЕ, КИ СӢ СОЛ РӮЙИ МИЗ МОНД
Ташхиси нодурусти криминалистӣ Энтони Рэй Ҳинтон, фаъоли ҷомеаи маданӣ ва нависандаи амрикоиро солҳо пушти панҷара ва дар интизори марг қарор дод. Гап сари он аст, ки Энтониро соли 1985 дар иёлати Албамаи ИМА суд ба куштори ду нафар гунаҳкор дониста, нисбаташ ҳукми қатл содир кард. Гӯё ҷонбохтагон аз тири туфангчаи нависанда ба ҳалокат расидаанд.
Энтони Рэй ба бегуноҳии худ пофишорӣ кард. Ба ин далел, баррасии судии парванда солҳо тул кашид ва ниҳоят қарор шуд, ки парвандаи ӯ аз нав мавриди муҳокима қарор гирад. Ин бор ташхиси илмии криминалистӣ нишон дод, ки тир аз туфангчаи нависанда барнахоста, далелҳо нодуруст баҳогузорӣ шудаанд.
Баъд аз 30 сол, ки ҳар рӯзаш метавонист поёни умри нависанда бошад, нисбат ба ӯ ҳукми сафед бароварда шуд ва Энтони Рэй моҳи апрели соли 2015 аз зиндони Ҷефферсон ба озодӣ баромад.
Таҳияи Фирӯз РАҲМОНИЁН
АМРИКОИҲО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗАНД
Бахтиёр Давлатмуродов, зодаи Тоҷикистон, дар Дониш-гоҳи Канзаси Амрико (The Universitu of Kansas) аз забони тоҷикӣ дарс медиҳад. Ӯ муаллими забони англисӣ аст, вале ба тадриси забони тоҷикӣ майлу рағбати беандоза дорад.
Бахтиёр ҳафтае се маротиба яксоатӣ аз рӯйи китоби Азим Байзоев “Забони тоҷикӣ барои хориҷиён” ва маводи таҳиякардаи худ дарс медиҳад. Дарси таълимӣ дар барномаи донишгоҳӣ бо унвони Survival Tajik (Асосҳои забони тоҷикӣ барои муошират) ворид шудааст. Ӯ мегӯяд, ки ба шогирдонаш қироати шеър ба забони тоҷикӣ писанд аст. Ҷон ва Майло хеле зуд тоҷикиро аз худ карданд ва нақшаи сафар ба Тоҷикистонро доранд. Ба гуфтаи Бахтиёр, ба мардуми Амрико меҳмоннавозию мусиқии тоҷикӣ, тарзи қироати шеър ва Ҷашни Наврӯз хеле писанд аст. Аз ин сабаб, ӯ ният дорад, ки моҳи марти соли ҷорӣ рӯзи фарҳанги Тоҷикистонро дар сатҳи Донишгоҳ ташкил кунад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ЭШАЛ МАРВА. ДУХТАРАКИ ЧАҲОРСОЛА ВОРИДИ
"КИТОБИ РЕКОРДҲОИ ГИННЕСС" ШУД
Ҳиндудухтари чаҳорсола Эшал Марва Фирӯз Хон, ки дар Қатар зиндагӣ мекунад, элементҳои кимиёвии ҷадвали Менделеевро мувофиқи тартибашон зудтар аз ҳама аз ёд гуфта, рекорди ҷаҳонӣ гузошт ва ба “Китоби рекордҳои Гиннесс” ворид шуд.
Тибқи маълумоти интернетӣ, духтарак ин амалро дар 2 дақиқаву 28 сония анҷом додааст, ки байни кӯдакон нишондоди беназир маҳсуб меёбад.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
САРВАТМАНДТАРИН МАМЛАКАТИ ДУНЁ КАДОМ АСТ?
Дар асоси таҳлили институтҳои молиявии ҷаҳонӣ, сомонаи yesim.tech/ru хабар медиҳад, ки Князигарии Монако сарватмандтарин мамлакати олам мебошад.
Тавре иттилоъ дода мешавад, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба ҳар сари аҳолӣ (беш аз 38 000) 256 ҳазору 581 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Зикр мегардад, ки манбаи асоси даромади ин давлати аврупоӣ соҳаи туризм, бизнеси бозиҳои фароғатӣ ва сохтмони кушкҳои боҳашамат ба шумор меравад.
Дар зинаҳои дуюму сеюм миёни кишварҳои сарватмандтарин Князигарии Лихтенштейн (231 ҳазору 713 доллар) ва Герсогии Люксембург (146 ҳазору 818 доллар) қарор доранд.
Таҳияи Н. АБДУЛЛО
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БИДУНИ ИНТЕРНЕТ
Тавре маълум аст, дар қатори идҳои гуногун Рӯзи интернет низ мавҷуд аст. Аммо боз як иди ғайриодӣ ҳам ҳаст – Рӯзи байналмилалии бидуни интернет (International Internet-Free Day). Онро ҷомеаи интернетии ҷаҳон ҳар сол якшанбеи охирини моҳи январ ҷашн мегиранд.
Ҳадафи асосии ин ид – ҳадди ақал барои як рӯз аз компютерҳо ва шабакаи ҷаҳонӣ дур будани инсонҳо мебошад.
Таърихи ин ид аз оғози солҳои 2000-ум сар мешавад. Ба гуфтаи баъзе манбаъҳо, ташаббускори он Институти бритониёии ихтирооти иҷтимоист, аммо манбаъҳои дигар мегӯянд, ки онро лоиҳаи ғайритиҷоратии онлайнии бритониёӣ DoBe.org пешниҳод кардааст. Чизе ки аниқ маълум аст, ташаббускорони ин рӯз маҳз истифодабарандагони фаъоли интернет буданд
Таҳияи А. НОСИРҶОН
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ШАФОАТИ ЯК «КАШФИЁТ»
Як муддат оҳангсози машҳури австриягӣ Франс Шуберт то ҳадде аз ёру рафиқонаш қарздор шуд, ки вақти зиёди худро ба қабулу гусели «меҳмонҳои нохонда» сарф мекард.
Рӯзе набуд, ки як нафар зада даромада, даъвои бозгардони қарзашро намекард. Кор то ҷое расид, ки Франс илҳоми эҷодро пурра аз даст доду соатҳо даст дар чаккаи сар ба сукут мерафт. Ноилоҷ дарро аз дарун қулф зад ва кисаҳои камзӯли нимдошташро ба берун кашида, онро дар ҷойи намоёни даҳлези хонааш овехт. Ғайриинтизори худи оҳангсоз ин «кашфиёт»-аш шафоат карду то пурра омода шудани оҳанги наве, ки мехост, касе дари хонаашро дигар мушт назад.
Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА
ЛЮДОВИК ХIV
Аз қазо шоҳ Людовик ХIV-ро «илҳом» омад ва чанд шеъраке дастнавис карда, аз мунаққиди машҳури замона Никола Буало талаб намуд, ки ба онҳо баҳои воқеӣ диҳад.
Буало, ки дар ҷасорат ҳам номвар буд, бо лаҳни шоирона чунин мегӯяд:
– Шоҳам, агар шумо қасдан шеъру шоириро масхара карданӣ бошед, чун ҳарвақта аз уҳдаи ин кор ҳам бо сарбаландӣ баромадаед.
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
10 футболбозе, ки аз ҳама бештар ҷоиза ба даст овардаанд
5. АНДРЕС ИНЙЕСТА – 37 ҶОИЗА
Андрес Инйеста, футболбози испанӣ, аксари ҷоизаҳояшро зимни бозӣ дар ҳайати «Барселона» (2002 – 2018) ба даст меоварад. Ӯ бо ин бошгоҳ 9 маротиба қаҳрамони Испания шуда, соҳиби 6 Ҷоми Испания, 7 Суперҷоми Испания, 3 Суперҷоми УЕФА гаштааст.
Андрес Инйеста бо ин клуб, инчунин, чор маротиба дар Лигаи қаҳрамонҳо ва се бор дар Чемпионати ҷаҳонии клубҳо ғолиб омад. Зимни бозӣ дар бошгоҳи «Виссел Кобе» (Ҷопон) низ соҳиби ду ҷоиза мешавад.
Ӯ дар ҳайати тими миллии Испания қаҳрамони Аврупо (2008, 2012) ва чемпиони ҷаҳон (2010) шудааст.
Таҳияи Иброҳими САЙФУЛЛО
ҚИМАТТАРИН КИТОБ ДАР ҶАҲОН
«Кодекси Лестер» («Codexleicester») китоби гаронарзиштарини ҷаҳон буда, нархи он 30,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ин китоб ёддоштҳои илмиест, ки алломаи шаҳри олам Леонардо да Винчи дар шаҳри Милан (Италия) тули солҳои 1506 – 1510 навишта, аз 72 саҳифа иборат мебошад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
Маросими ҷоизасупории Шнобел аз ИМА ба Аврупо мегузарад
Маросими солонаи супурдани Ҷоизаи Шнобел, ки барои кашфиётҳои аҷибтарини илмӣ дода мешавад, имсол бори аввал берун аз ИМА дар Сюрихи Швейтсария баргузор мешавад.
Тибқи гузориши “The Guardian”, бисёре аз иштирокчиёни маросим пас аз сахттар шудани талаботи раводид аз ҷониби маъмурияти Доналд Трамп ва саркӯби муҳоҷирон наметавонанд ё намехоҳанд ба ИМА раванд.
Ҷоизаи Шнобел ё Антинобел пародияи ҷоизаи бонуфузи Нобел аст. Ин Ҷоиза соли 1991 аз ҷониби Марк Абраҳамс ва маҷаллаи ҳаҷвии "Annals of Improbable Research" таъсис ёфт.
Ҷоизаи Шнобел барои таҳқиқоти ғайриодӣ ва ҳазломез, бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳ ва ҳавасмандгардонии ҷомеа ба илм, тиб ва технология дода мешавад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ПУРАСРОРТАРИН КӮДАК ДАР ТАЪРИХ
Эдмунд Томас Клинти ҳиндустонӣ аз пурасрортарин кӯдак дар таърих шинохта шудааст. Ӯ 19-уми майи соли 1976 ба дунё омада, дар синни ҳафтсолагӣ аз бемории гурда вафот мекунад. Аҷибаш ин аст, ки Томаси хурдсол тавонист дар як муддати кӯтоҳ номи худро абадзинда гардонад. Писарак хеле барвақт ба расмкашӣ оғоз кард ва, аллакай, дар синни 5-солагӣ дар озмуни маҳаллӣ, ки барои рассомони то 18-сола эълон шуда буд, ғолиб омад.
Ба гуфтаи коршиносон, ӯ дар расмкашӣ маҳорати баланд дошт. Томас давоми ҳамагӣ 2 сол 30 ҳазор расми эҷодкардаи худро ба маърази тамошо гузошта, ҳаводорони бешумор пайдо менамояд.
Таҳияи З. РАҶАБ
РЕКОРДИ ҶАҲОНӢ ДАР АМОРОТИ МУТТАҲИДАИ АРАБ
Соли нави милодии 2026-ро дар аморати Раъс ул-Хаймаи Амороти Муттаҳидаи Араб бо барномаи фароғатии идона пешвоз гирифтанд, ки дар он рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд.
Дастандаркорони барнома дар ҳаво бо истифода аз 2300 дрон (1000-тояш дронҳои пиротехникӣ) сурати парандаи асотирӣ – Фениксро, ки рамзи эҳёгарӣ мебошад, тасвир намуданд ва он бо ҳашамату зебоии нотакрораш вориди «Китоби рекордҳои Гиннесс» гардид.
Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ
ДАР АНТАРКТИДА ҚАДИМТАРИН ЯХ ДАР РӮЙИ ЗАМИН ЁФТ ШУД
Дар Антарктида олимон қадимтарин намуна-ҳои яхро дар рӯйи Замин пайдо карданд, ки синнашон тақрибан 6-миллионсола аст. Кашфиёт дар минтақаи теппаҳои Аллан анҷом дода шуд,- хабар медиҳад маҷаллаи Proceedings of The National Academy of Sciences (PNAS).
Олимон аз намунаҳо таркиби химиявии ҳаворо таҳлил карданд ва ба хулосае омаданд, ки дар 6 миллион соли охир ҳарорат дар минтақа тақрибан 12 дараҷа паст шудааст. Ин нишон медиҳад, ки дар он давра ҳарорати рӯйи Замин назар ба ҳозира хеле гармтар буд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ПУЛИ ФАРҲАНГИИ ШАРҚ ВА АВРУПО
Бино ба иттилои Созмони ЮНЕСКО ва «Китоби рекордҳои Гиннесс» Донишгоҳи Aл-Қaрaвийини Марокаш куҳантарин муассисаи таҳсилоти олии олам ба ҳисоб меравад.
Тавре таърихнигорон таъкид месозанд, ки ин боргоҳи илм соли 859 аз ҷониби Фотима бинти Муҳаммад ал-Фахрӣ таъсис ёфта, дар асрҳои миёна дар рушду густариши муносибатҳои фарҳангии мамолики Шарқ ва Аврупо саҳми арзанда гузоштааст.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМ
