ТОҶИКИСТОН – ӮЗБЕКИСТОН. АЗ ИРОДАИ УСТУВОР ТО ТАЛОШҲОИ МУШТАРАК ДАР РОҲИ ТАҲКИМИ ЭЪТИМОД, ДӮСТӢ ВА ҲАМСОЯГИИ НЕК
![]()
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду давлати ҳамсояе мебошанд, ки бо риштаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ ба ҳамдигар зич пайванданд. Муносибатҳои онҳо на танҳо аз нигоҳи ҳамкории дуҷониба, балки барои субот ва рушди тамоми минтақа низ аҳамияти зиёд доранд. Дар солҳои охир фаъол гардидани муколамаи сиёсӣ, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои гуманитарӣ муносибатҳои ду кишварро ба марҳалаи нав баровард.
Хусусан, аз замони ба имзо расидани Созишнома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ байни ду кишвар аз 18-уми апрели соли 2024 равобити дӯстона ба марҳалаи сифатан нав расид. Гузашта аз ин, ҳоло Душанбеву Тошканд дар шаклгирии модели нави ҳамгироии минтақавӣ ҳамчун меъморони асосӣ шинохта мешаванд, ки боиси ифтихори мардумони ду давлати дӯсту бародар аст.
ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ДАР САТҲИ ҶАҲОНӢ
Соли 2025 пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мизбони ҳамоишҳои сарварони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва “Осиёи Марказӣ + Россия” гардид. Дар доираи ин ҳамоишҳо ташаббусҳое, ки аз ҷониби роҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пешниҳод шуданд, ба рушди устувори Иттиҳод ва минтақаи Осиёи Марказӣ равона гардида буданд.
Илова бар ин, 7-уми ноябри соли 2025 дар Кохи Сафед мулоқоти сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп баргузор гардид. Аҳамияти рамзии ин рӯйдодро арзёбӣ кардан душвор аст: зеро бори аввал дар таърихи ин формат панҷ роҳбари давлатҳои Осиёи Марказӣ мавқеи мувофиқшудаи минтақавиро нишон дода, ҳамчун як дастаи ягона иштирок намуданд. Саммит дар замоне баргузор шуд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон раванди делимитатсияи сарҳади байнидавлатиро ба анҷом расонда, Созишнома дар бораи муносибатҳои ҳампаймониро низ тасдиқ карда буданд. Ин ба ду кишвар имкон дод, ки дар саммит на танҳо ҳамчун ҳамсоягон, балки ҳамчун шарикони стратегии ҳамоҳангшуда дар масъалаҳои асосии амният, иқтисод ва нақлиёти минтақа иштирок намоянд, ки метавонад барои тамоми Осиёи Марказӣ намуна бошад.
Ба андешаи коршиносон, яке аз сенарияҳои эҳтимолии рушди Осиёи Марказӣ то соли 2035 ин ҳамгироии асосёфта бар иқтисоди прагматикӣ мебошад, ки ба нақлиёт, савдо, захираҳо ва логистика такя мекунад. Ташаббусҳое, ки дар саммитҳои Душанбе ва Вашингтон пешниҳод гардиданд, ба ин мантиқ пурра мутобиқанд.
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУҶАНД: ДЕЛИМИТАТСИЯИ СЕҶОНИБАИ САРҲАД ВА ИСТИҚБОЛИ ОН ДАР САТҲИ ҶАҲОНӢ
31-уми марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд президентҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон Созишномаи таърихӣ оид ба делимитатсияи нуқтаи пайвасти сеҷонибаи сарҳадро ба имзо расонданд. Ин рӯйдод ба баҳсу норавшаниҳои даҳсолаҳо дар водии Фарғона хотима бахшид. Гузашта аз ин аҳамияти созишномаҳои Хуҷанд аз доираи минтақавӣ хеле фаротар меравад. Ҷолиб он аст, ки вокуниши ҷомеаи байналмилалӣ фавран ва равшан зоҳир гардид: Созмони ҳамкории исломӣ бо ирсоли паёми расмии табрикотӣ, ин Созишномаро “қадами муҳим дар роҳи таҳкими субот ва ҳамкорӣ дар минтақа” арзёбӣ намуд. Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва як қатор ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ташаббуси се давлатро дар шароити ҷаҳони ноором намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Эрон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон ва Туркманистон аҳамияти созишномаҳоро барои амнияти минтақавӣ таъкид намуда, номаҳои расмии дастгирӣ ирсол намуданд. Россия низ қайд кард, ки ҳалли масъалаҳои марзӣ “барои амиқтар гардидани ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ шароити мусоид фароҳам меорад”.
Матбуоти байналмилалӣ – аз «Financial Times» то «Al Jazeera» як қатор таҳлилҳоро нашр карда, дар онҳо созишномаҳои Хуҷандро ҳамчун “комёбии дипломатӣ” ва “модели ҳаллу фасли осоиштаи баҳсҳо” баҳо доданд.
Моҳи декабри соли 2025 ба роҳбарони се кишвар – Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Садир Жапаров тақдим гардидани Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой метавонад қуллаи ин эътирофи байналмилалӣ дониста шавад. Ин ҷоиза, ки барои саҳмгузорӣ дар кори сулҳ ва ҳалли низоъҳо дода мешавад, ба таври рамзӣ мақоми модели Осиёи Марказиро ҳамчун намунаи ибрат таҳким бахшид. Барои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон чунин эътироф танҳо муваффақияти дипломатӣ нест, балки таҳкими “қувваи нарм”-и минтақа низ мебошад. Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт бештар бо рақобат ва мухолифатҳо печида мегардад, қобилияти се давлати Осиёи Марказӣ дар роҳи осоишта ҳал кардани баҳсҳои ҳудудӣ камолоти дипломатияи минтақавиро нишон медиҳад ва барои ҷалби сармоягузории байналмилалӣ ва дастгирии сиёсӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
ҶАНБАИ ФАРҲАНГӢ-ГУМАНИТАРИИ МУНОСИБАТҲОИ ҲАМПАЙМОНӢ
Яке аз ҷанбаҳои камтар инъикосёфта, вале бисёр муҳими робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон самти фарҳангӣ-гуманитарӣ мебошад. Солҳои дароз робитаҳои фарҳангии ду кишвар бештар ба таври худҷӯш, дар доираи ташаббусҳои хусусӣ ва дипломатияи мардумӣ рушд мекарданд. Аммо дар соли 2025 ҳамкории гуманитарӣ шакли институтсионалӣ гирифта, аз як заминаи рамзӣ ба абзори воқеии таҳкими ҳампаймонӣ табдил ёфт. Сафари ҳунарии ҳайати театри Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки бо дастгирии вазоратҳои фарҳанги ду кишвар ташкил гардид, мисоли равшани ин раванд буд. Намоишномаҳо, ки бар пояи анъанаҳои адабиёти классикии форсу тоҷик саҳнасозӣ шудаанд, дар Душанбе ва Хуҷанд бо толорҳои пур баргузор гардиданд. Сафари ҷавобии ҳунармандони тоҷик ба Ӯзбекистон баҳори соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, фестивали “Суруд”, ки дар шаҳри Боткен (Қирғизистон) баргузор шуд, аҳамияти хос дошт. Дар он сарояндагони тоҷик ва ӯзбек дар як саҳна ҳунарнамоӣ карданд, ки ишораи рамзӣ ба ваҳдати фарҳангии водии Фарғона, ки дар тули асрҳо барои халқҳои минтақа хонаи муштарак ба ҳисоб мерафт, мебошад.
ДИПЛОМАТИЯИ ЭКОЛОГӢ: АЗ РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ ТО ЭЪЛОМИЯИ САМАРҚАНД
29-31-уми майи соли 2025 дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Ин ҳамоиш ба як платформаи муҳими таҳияи равишҳои муштарак барои ҳифзи пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии манбаъҳои обии Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, табдил ёфт.
23-юми ноябри соли 2025 дар шаҳри Самарқанд дар доираи Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои фауна ва флораи ваҳшӣ, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд (CITES), Эъломияи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дорои экосистемаҳои нодири кӯҳӣ мебошанд, уҳдадор шуданд, ки якҷоя намудҳои нодир, аз ҷумла паланги барфӣ, оҳуи бухороӣ ва дигар ҳайвоноти камёфтро ҳифз намоянд.
Эъломияи Самарқанд аввалин санади экологӣ маҳсуб мешавад, ки пас аз ба амал даромадани Созишнома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ қабул гардид. Он равшан нишон медиҳад, ки наздикшавии сиёсӣ барои ҳамоҳангсозӣ дар соҳаҳои марбут – аз ҳифзи табиат то табодули илмӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
АЗ ҲАМПАЙМОНИИ ДУҶОНИБА ТО МЕЪМОРИИ МИНТАҚАВӢ
Таҳлили рӯйдодҳои солҳои 2025 – 2026 нишон медиҳад, ки дар Осиёи Марказӣ модели нави ҳамгироии минтақавӣ ташаккул меёбад, ки дар он Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нақши сутунҳои асосиро иҷро мекунанд. Ин модел ба чанд принсип асос меёбад:
Бисёрҷанба – ҳампаймонӣ танҳо ба сиёсат ё иқтисод маҳдуд намешавад, балки фарҳанг, варзиш, экология, ҳамкории байнипарламентӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро мегирад.
Институткунонӣ – гузариш аз робитаҳои тасодуфӣ ба механизмҳои низомӣ, аз ҷумла комиссияҳои парламентӣ, шуроҳои ҳамоҳангсоз ва котиботҳои доимӣ.
Инклюзивӣ – аризаи муштарак барои Ҷоми Осиё, делимитатсияи сеҷонибаи сарҳад ва фестивалҳои фарҳангӣ омодагии ҷалби ҳамсоягон ва густариши доираи шариконро нишон медиҳанд.
Қонуният ва эътирофи байналмилалӣ – эътирофи ин раванд аз ҷониби СММ, СҲШ, СҲИ, саммитҳои “C5+” ва, инчунин, Ҷоизаи байналмилалии сулҳ аҳамияти ҷаҳонии модели ҳамгироии Осиёи Марказиро тасдиқ мекунад.
Барои Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳ аз имзои Созишнома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ то ташаккули шарикии стратегии бисёрҷанба камтар аз ду солро дар бар гирифт. Барои чунин тағйироти амиқи муносибатҳо ин муҳлат бесобиқа кӯтоҳ аст. Аммо муҳимтар аз суръат – устувории ин модел мебошад.
Иродаи сиёсӣ, манфиатҳои иқтисодӣ, наздикии фарҳангӣ ва эътирофи байналмилалӣ дар якҷоягӣ пойдевори мустаҳкамеро фароҳам меоранд, ки бар асоси он меъмории нави минтақавии асри XXI бунёд мешавад.
Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон ин танҳо ҳамсоягии нек нест, балки масъулияти муштарак барои ояндаи Осиёи Марказӣ мебошад».
Рӯйдодҳои солҳои 2025 – 2026 собит месозанд, ки ин масъулият на танҳо дар сухан, балки дар амал низ татбиқ мегардад.
Ӯткир АЛИМОВ, рӯзноманигор (Ӯзбекистон),
Зуҳриддин УМАРОВ, рӯзноманигор (Тоҷикистон)
