ПЕШВОИ МИЛЛАТ. НАҚШИ ШАХСИЯТИ ТАЪРИХӢ ДАР УСТУВОРИИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Арҷгузорӣ ба шахсияти таърихӣ танҳо эҳтироми як роҳбар нест, балки эҳтиром ба давлатдорӣ, суботи миллӣ ва ояндаи миллат мебошад. Вақте ки мо ба хидматҳои бузурги Пешвои миллат арҷ гузорем, дар асл арзишҳои давлатдорӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллиро гиромӣ медорем. Ин эҳтиром нишонаи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватан аст.
Бақои миллат, пеш аз ҳама, ба оромии ҷомеа вобаста аст. Таърих нишон медиҳад, ҳар миллате, ки сулҳу суботи худро аз даст додааст, ба буҳрони маънавию иҷтимоӣ ва моддӣ рӯ ба рӯ шудааст. Миллати тоҷик, ки таҷрибаи талхи низоъҳои дохилиро аз сар гузаронд, имрӯз арзиши сулҳ ва ваҳдати миллиро хуб дарк месозад. Аз ин рӯ, ҳифзи оромии ҷомеа на танҳо масъулияти давлат, балки вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба қонун, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулгароӣ пояҳои устувори суботи миллӣ ба шумор мераванд.
Мусаллам аст, ки дар шароити ҷаҳони пуртазод ва таҳдидҳои гуногун, нигоҳ доштани оромии ҷомеа кори саҳлу сода нест. Давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон дар ин самт сиёсати устувор ва ҳадафмандро пеш мебарад, то ки сулҳу субот, амният ва рушди устувор таъмин гардад. Зиндагии осудаи мардум имрӯз натиҷаи заҳмати пайвастаи давлат ва халқи тоҷик аст, ки барои таҳкими ваҳдат ва пешрафти кишвар талош меварзанд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеа бояд арзиши сулҳ, оромӣ ва ваҳдати миллиро амиқ дарк намояд ва барои ҳифзи он саҳм гузорад.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози марҳалаи нав дар таърихи миллати тоҷик гардид. Миллате, ки аз имтиҳонҳои сахти таърих гузаштааст, имрӯз дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ зиндагии орому осуда дорад. Ин оромӣ ва субот бузургтарин дастоварди даврони истиқлол буда, асоси бақои миллат ва пешрафти давлат маҳсуб меёбад. Даврони соҳибистиқлолии кишвар ба марҳалаи навини таърихии созандагиву ободкорӣ табдил ёфт, ки дар меҳвари он сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо роҳбарии дурандешонаи Пешвои миллат дар сартосари мамлакат садҳо иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ, роҳҳо, боғҳо, марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимӣ бунёд гардида, симои шаҳрҳо ва навоҳии ҷумҳурӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Роҳҳои замонавӣ, пулҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, боғҳои фарҳангӣ ва марказҳои хидматрасонӣ нишонаи равшани пешрафти кишвар мебошанд. Имрӯз пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе ба маркази бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии минтақа табдил ёфта, симои шаҳрсозии муосири тоҷиконро таҷассум мекунад. Душанбе ба яке аз зеботарин пойтахтҳои минтақа табдил ёфта, нишони равшани сиёсати созандаву ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол мебошад.
Пас, вазифаи муҳими ҷомеа, пеш аз ҳама муаррифии воқеияти Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Дар баъзе ҳолатҳо афрод ё гурӯҳҳо ва ё худ нотавонбинони миллат, ки аз воқеияти имрӯзаи кишвар огоҳ нестанд ё дастовардҳои даврони истиқлолро нодида мегиранд, жожгӯӣ мекунанд. Дар чунин шароит ҳар як шаҳрванди огоҳ бояд бо далелу воқеият нишон диҳад, ки Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор қарор дорад ва дар он раванди густурдаи ободкорӣ идома дорад. Муаррифии дастовардҳои Ватан, ҳифзи обрӯи давлат ва пуштибонии сиёсати сулҳпарварона вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ватандӯст мебошад.
Ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки дар ҷомеаи мо оромӣ, субот ва ободии давлат таъмин гардидааст. Аммо саволе ба миён меояд: чаро нотавонбинони миллат ин оромӣ ва суботи давлатро намехоҳанд ё нодида мегиранд? Ҳадафи аслии онҳо ба мо равшан нест, вале маълум аст, ки нодида гирифтани дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва сулҳу субот ба манфиати миллат нест, зеро оромии ҷомеа, пешрафти давлат ва шукуфоии миллат маҳз ба шарофати сиёсати созанда ва роҳнамоии Пешвои миллат таъмин гардидаанд.
Мо ҳамеша хидматҳои бузурги Пешвои миллатро дар қалб ва зеҳни худ гиромӣ медорем. Ҳар рӯз, ҳар соат ва дар ҳар давраи замон, вақте ки сулҳу оромии Тоҷикистони азизро мебинем ва эҳсос месозем, бо ифтихор дарк менамоем, ки ин неъмати бузург натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат бо халқи бузурги тоҷик мебошад.
Таҷрибаи таърихии ҷаҳон нишон медиҳад, давлатҳое, ки шахсиятҳои бузурги таърихии худро қадр намудаанд ва аз таҷрибаи онҳо баҳра гирифтаанд, ба пешрафти устувор ноил гардидаанд. Миллатҳое, ки роҳбарони хирадманд ва дурбинро дастгирӣ намудаанд, дар таърих мавқеи устувор касб кардаанд. Аз ин рӯ, дарк намудани арзиши чунин шахсиятҳо барои ҳар миллат муҳим аст.
Миллати шарафманди тоҷик бо тамоми ҳастии худ қадри ин хидматҳоро медонад. Дар ҳар гӯшаи кишвар одамон бо эҳтиром ва муҳаббат аз Пешвои миллат ёд мекунанд ва дидору роҳнамоии ӯро бо умед интизоранд. Ин на танҳо эҳтироми шахсият, балки эҳтиром ба сулҳ, ваҳдат ва давлатдории миллӣ мебошад.
Ҷаҳон давраи таҳаввулоти бузургро аз сар мегузаронад, низоми ҷаҳонӣ тағйир меёбад ва рақобати давлатҳо меафзояд. Дар чунин шароити ҳассос барои ҳар миллат доштани роҳбари тавоно ва сиёсати устувори давлатдорӣ неъмати бузург аст. Аз ҳамин лиҳоз, мо бояд қадру манзалати Пешвои миллатро дуруст дарк намоем, дастовардҳои давлатиро ҳифз кунем ва оромии ҷомеаро чун арзиши олӣ нигоҳ дорем. Бешубҳа, арҷгузорӣ ба Пешвои миллат барои ҷомеаи мо танҳо як анъана ё эҳсоси миннатдорӣ нест, балки нишонаи дарки амиқи арзишҳои давлатдорӣ ва ояндабинии миллӣ аст. Мардум имрӯз хуб медонанд, ки арҷгузорӣ ба Пешвои миллат арҷгузорӣ ба ояндаи миллат ва кафолати зиндагии осудаи фардои мост, зеро сиёсати пешгирифта ва талошҳои пайвастаи ӯ ба хотири бақои миллат, суботи ҷомеа ва шукуфоии Тоҷикистон равона гардидаанд.
Силмон МАВЛОНАЗАРОВ,
номзади илмҳои педагогӣ, сарходими илмӣ, профессори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
