МАГӮ НОХУШ…
![]()
Магӯ нохуш, ки посух нохуш ояд,
Ба кӯҳ овози хуш деҳ, то хуш ояд.
Дар ҷомеаи имрӯза қариб ҳар рӯз мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз забони бархе, ки танҳо ба сурат шабеҳи инсонанд, вале ба сират ҳайвонро мемонанд, суханҳои нохуш, туҳмату таҳқир, хабарҳои бардурӯғ ва иғвоангезро мешунавему худро ба ношунавоӣ зада, ба қавле «менигарему меравем». Баъзан, кирои гапу ташвиш намекунад гуфта, нисбат ба онҳо бепарво мешавем. Дар урфият мегӯянд, ки «ҷавоби аҳмақ – сукут», вале ин бепарвоии мо чунин аҳмақҳоро рӯз то рӯз бадтар, беору беномустар ё ба андешаи худи онҳо «далеру ҷасур» мекунад.
Манзур аз ин гуфтаҳо ин аст, ки чандест ин гурӯҳи бешарафону бадхоҳон ва, аниқтараш хоинони миллат, аз ин ҳама рушду пешрафту гулгулшукуфоии мамлакат ва рӯз ба рӯз баланд гаштани обрӯю нуфузи миллати тоҷик, хосса Президенти маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон, аз рашку ҳасад дилтанг гаштаанд ва аз дур истода, чун каждуми бадкеш неш мезананд.
Ба онҳо дигар фарқе надорад, ки нону намаки ин Ватану миллатро хӯрдаанд, оби чашмаҳои софу зулоли ин диёрро нӯшидаанду имрӯз аз доираи одаму одамгарӣ баромада, ба ин ҳама носипосӣ мекунанд. Бехабар аз онанд, ки ин обу нон онҳоро рӯзе кӯр хоҳад кард, не, балки кӯр кардааст.
Ин гурӯҳи нохалафони носипос магар намедонанд, ки барҳақ гуфтаанд:
Ҳеҷ барге дарнаяфтад аз дарахт.
Бе қазову ҳукми он Султони бахт...
Бар сари қудрат омадани ин шахсияти арзанда ва содиқи Ватан – Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадяи Худо ба мардуми тоҷик аст. Мақсаду мароми ин абармард аз рӯзи нахустини фаъолият, хосса дар он давраи сангину душвор, таъмини амну амонии кишвар, сериву пурии мардум, сулҳи пойдор, ободониву шукуфоӣ, пешравию тараққиёти давлат ва ояндаи дурахшони ин миллати куҳанбунёд буд ва хоҳад монд. Ягон шакку шубҳа ва гумони ботил наметавонад инро инкор кунад, зеро вақт довари ҳақиқӣ аст ва ин ҳамаро тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар возеҳу рӯшан нишон дод. Ин аст, ки мардум бо самимияти хос ҳамарӯза арзи миннатдорӣ ва сипоси холисонаи худро нисбат ба меъмори давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босуботи Тоҷикистон, бунёдгари давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, марди хирадманд ва сиёсатмадори барҷаста аз сидқи дил изҳор медоранд.
Агар қаҳрамониву шуҷоат, некукорӣ ва корнамоиву хидматҳои беназири Сарвари давлатро зикр намоем, садҳо китоб мешавад, ки қалам ба навиштани он оҷизӣ мекашад. Аз ин рӯ, мардум падари ғамхори халқу миллати тоҷикро дӯст медоранд, ҳурмату иззат намуда, ифтихор мекунанд, ки чунин Сарвар доранд.
Оре! Сарвари маҳбуби мо бо симои зебову чеҳраи нуронӣ, гуфтору рафтори нек, амалу хидматҳои шоиставу мондагор, қалбу поку нияти нек, ободгариву созандагӣ, ғамхору ғамбарори мардум, таъмингари амнияти шаҳрвандон дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтааст ва ҳеҷ як сухани подарҳавову бардурӯғ, сохтаву бофта ва ғаразҳои нопок наметавонад ин риштаҳои қавиро гусаста созад.
Месазад зикр намоем, ки аҷдодони мо – ориёиён, қалбу забони пок доштанду шиорашон шоҳпанди беҳтарини олам – «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» буд. Агар ҳар яки мо аз ин шоҳпанди тарбиявӣ бо қалби поку дилу нияти соф истифода барем, бовар аст, ки ҳам забонамон ва ҳам рӯзгорамон поку беолоиш хоҳад шуд. Барои ин, нахуст, қалбро аз гилу ғаш ва кинаву адоват пок бояд кард, беандеша набояд сухан гуфт. Суханро аввал дар ҳастии худ санҷидан даркор, то бифаҳмӣ, ки чи гуна асар дорад.
Мусаллам аст, ки панду насиҳат барои инсонҳои ба ном инсон, мутакаббир, бадзабону пастфитрат, бемаърифату бемаданият, ношукру беиффат талх аст, вале баҳри инсонҳои ба маънои том инсон ва соҳибдилон қобили қабул хоҳад буд. Гуфтаанд, ки сияҳтарин рӯз онест, ки шишаи номус бишканад, зеро ҳамаи чизро метавон дарёфт кард, ба ҷуз нангу номус ва виҷдон, ки онро ба ҳеҷ роҳе наметавон харид. Дар мисоли чунин афроде, ки имрӯз худро ба беномусӣ зада, дидаву дониста ба Ватани худ хиёнат мекунанд. Баҳри пайдо намудани музди ночизе ё дороиву сарвате ба корҳои ношоиста ва амалҳои носавоб даст мезананд. Яъне, билохира, худро асири ҳавову ҳавас ва кори барабас фирефта менамоянд.
Фузун хоҳӣ бақо, дилҳо маёзор,
Ки доим дар амон бошад камозор!
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
