ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
![]()
Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ташаккул ва ҳифзи худшиносии миллӣ яке аз масъалаҳои калидии ҳар як давлат ва ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин раванд, бедор намудани хотираи таърихӣ нақши бунёдиро мебозад. Ин хотира на танҳо гузаштаи моро ба мо меомӯзонад, балки ҳамчун пояи устувор барои дарки имрӯз ва тарҳрезии ояндаи мо хидмат мекунад. Аз ин рӯ, ёдоварӣ ва арҷгузорӣ ба гузаштаи пуршарафи миллат, инъикоси он тавассути воситаҳои ахбори омма, тарғиби он аз ҷониби зиёиён, хусусан дар шароити ҳозираи бархӯрди тамаддунҳо ва тағйирёбиҳои азими ҷаҳонӣ, аҳамияти истисноӣ пайдо мекунад.
Бо дарназардошти ин муҳимият, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шинохти таърихи тамаддуни ориёӣ, бузургдошти забони тоҷикӣ ва шинохти чеҳраҳои мондагори миллат асарҳои гаронбаҳо таълиф намуданд. Ин ташаббусҳо дар эҳё ва пос доштани хотираи таърихӣ, фарҳанги хоси тоҷикӣ, муаррифии арзишҳои қадимаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳамраъйии мардум хизмати бузурге мебошанд, ки дар таърихи навини Тоҷикистон бо хатҳои заррин сабт гардидаанд.
РОҲБАРӢ ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСӢ
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сулҳофар ва фарҳангпарвар ба сифати роҳбаре шинохта шудаанд, ки тавонистанд на танҳо давлатро аз вартаи нобудӣ раҳо сохта, ба сӯи пешрафту тараққиёт раҳнамун созанд, балки мардуми парешонгаштаи тоҷикро ба ҳам муттаҳид сохта, бо решаҳои таърихии куҳанбунёди наслҳои бузург ва тамаддунофараш ошно созанд ва дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун халқи заҳматдӯсту ватанпарвар ва меҳмондӯсту хушпазир муаррифӣ намоянд.
Имрӯз Сарвари давлат тавассути сиёсати оқилонаи худ дар самти дастгирӣ ва бунёди муассисаҳои фарҳангӣ, аз қабили осорхонаҳо, китобхонаҳо, марказҳои таърихӣ, кӯшиш мекунанд, ки хотираи таърихӣ эҳё ва равнақ дода шавад. Инчунин, андешидани тадбирҳои махсус барои омӯзиши таърих, нашри китобҳои таърихӣ ва муаррифии чеҳраҳои барҷастаи таърих аз ҷумлаи ин чорабиниҳо мебошанд, ки мардуми шарафманди тоҷиқ ҳамасолаву ҳамарӯза аз ин иқдомҳои пайваставу нав ба нав баҳравар шуда, огоҳиву ифтихорашон аз гузаштаи худ бештар мегардад.
Тавре Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 16-уми декабри соли 2025 иброз доштанд: «Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад. Мо ба ин масъалаи муҳим ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта баистифода додем ва 350 иншооти дигари соҳаро таъмиру навсозӣ кардем. Ҳамчунин, дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллиро бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд карда истодаем, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад».
ҲИФЗ ВА МУАРРИФИИ МЕРОСИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ
Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ ва таърихӣ бунёдӣ аст, зеро маҳз баъди ба қудрат омаданашон (1992) масъалаҳои ҳувияти миллӣ ва хотираи таърихӣ ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд. Пешвои миллат мероси гаронбаҳои таърихиву фарҳангиро ҳамчун шиносномаи миллат медонанд ва барои ҳифзу муаррифии онҳо мудом талош меварзанд. Ин буд, ки солҳои гуногун як қатор ёдгориҳои таърихиву табиӣ ва мероси фарҳангии ғайримоддӣ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуданд. Инҳо шаҳри қадимаи Саразм (2010), Боғи миллии Тоҷикистон (2013), Ёдгориҳои Роҳи Абрешим дар Зарафшон – Қароқурум (2023), Хуттали Қадим (2025), Шашмақом, Наврӯз, Оши палав, Чакандӯзӣ ва ғайраҳо мебошанд. Дар ин радиф, соли 2021 дар Ҷумҳурии Фаронса, дар доираи сафари расмии Сарвари давлат ба ин кишвар, яке аз калонтарин намоишҳои байналмилалии нигораҳои Тоҷикистон «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» баргузор шуд, ки таърихи бойи халқи тоҷикро тавассути ёдгориҳои бостонӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Истиқлол дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳалаи сифатан нав гардида, барои дарёфт ва ҳифзи арзишҳои тамаддуни куҳанбунёд заминаи устувор фароҳам овард. Шумораи зиёди ёдгории мероси бостонӣ, меъморӣ ва монументалӣ эҳё ва даҳҳо ёдгории мероси моддӣ тармим ва ҳифз шуданд. Дар ин радиф, соҳаи сайёҳии мамлакат рушд намуда, сайёҳии таърихӣ-фарҳангӣ байни дӯстдорону ҳаводорон маъруфияти хоса пайдо кард. Ҳамчунин, Агентии ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ (2023), ки барои беҳтар кардани ҳифзи маконҳои таърихӣ, омӯзиш ва барқарорсозии онҳо равона шудааст, таъсис ёфт.
Дар ин солҳо дигаргуниҳои куллии фарҳангӣ мушоҳида шуданд. Аз ҷумла, дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати татбиқи стандартҳои таълимӣ, гузариш ба забони тоҷикӣ дар сабтҳои расмӣ ва фармон дар бораи бозгашт ба анъанҳои миллии навишти насаб (даст кашидан аз пасвандҳои –ов ва –ев), рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи ҷашнҳои қадимаи тоҷикон ҳамаи ин тадбирҳо барои бозгашт ба анъанаҳои миллӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ равона шудаанд.
ТАШАББУСҲОИ НАВБАТӢ ДАР САМТИ ГИРОМИДОШТИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гиромидошт ва эҳёи тамаддуни ориёӣ пайваста иқдомҳои мондагорро роҳандозӣ мекунанд. Аз ҷумла, бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ дар Душанбе яке аз иқдомҳои муҳими Пешвои миллат, ки барои таҳқиқи пайваста ва системавии мероси бузурги ориёӣ, таърихи давлатдорӣ ва фарҳанги моддиву маънавии аҷдодонамон заминаи илмии мустаҳкамро фароҳам меорад.
Ҳамчунин, супориши Президенти мамлакат оид ба бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо ташаббуси ҷаҳонигардонии Наврӯз, эҳёи яке аз куҳантарин ҷашнҳои ориёӣ мебошад. Ин тадбирҳо ба он нигаронда шудаанд, ки мардуми Тоҷикистон аз таърихи бостонии худ огоҳ бошанд ва барои рушди давлатдории муосир аз таҷрибаи бойи таърихии ниёгон илҳом гиранд. Олимон дар ин хусус чунин баёни андеша намудаанд: «Зарурати таъсиси чунин марказҳои миллӣ барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва эҳёи хотира гардиши куллии таърихию фарҳангие ба шумор меравад, ки куҳанбунёд ва соҳибтамаддун будани мардуми моро тақвият мебахшанд».
Иқдоми дигари Сарвари давлат – эълони соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори Ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бори дигар моро водор месозад, ки баҳри ободонии Ватан, ташаббусҳои созанда ва худшиносии миллӣ талош варзем.
ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ РАВЗАНАЕСТ БА СӮИ ОЯНДА
Бедор кардани хотираи таърихӣ ин на танҳо пос доштани ёди гузашта, балки кушодани равзанае ба сӯи оянда аст. Ин хотира моро бо решаҳои аҷдодӣ мепайвандад, шахсияти моро шакл медиҳад ва моро ба сӯи пешрафту ободонӣ ҳидоят менамояд.
Фаъолияти барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва гиромидошти таъриху фарҳанг, ташаккули ҳувияти миллӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагии халқ, далели равшани он аст, ки Сарвари давлат ба гузаштаи пурифтихори худ арҷ мегузоранд ва мехоҳанд, ки нақши тамаддуни бузурги худро дар олами имрӯза боз ҳам мустаҳкамтар намоянд.
Ин ташаббусҳои бунёдӣ, дар баробари идоракунии оқилонаву самараноки Сарвари давлат, ба таҳкиму тавсеаи худшиносии миллӣ ва ташаккулу мустаҳкамшавии як миллати қавӣ ва соҳибистиқлол мусоидат мекунанд.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
