РАҶАБАЛӢ АҲМАД. ВОҚЕАНИГОРИ НБО “РОҒУН”

Адиби шинохта Раҷабалӣ Аҳмад аз зумраи нависандагонест, ки роҳи эҷодиаш аз муҳити рӯзноманигорӣ ибтидо гирифтааст. Афзалияти ин зумра носирон дар он аст, ки ишон дар ҳаёти иҷтимоии давру замони худ бевосита иштирок намуда, моҳият ва ҳикмати сиёсати замон, корномаи инсонҳои заҳматкашу меҳнатқарин ва сарвару ташаббускорро хуб муаррифӣ мекунанд, бурду бохти зиндагии муосиронашонро нағз медонанд, ба раванди корҳои созандагиву ободкориҳои кишвар шариканд, дар инъикоси онҳо аз усулҳои эҷоди рӯзноманигориву публитсистӣ ҳадафмандона кор мегиранд.
Фаъолияти меҳнатии номбурда бо касби омӯзгорӣ шуруъ шуда, баъдан, муддате дар нашриёти давлатии «Ирфон» ба симати мусаҳҳеҳ ва солҳои 1966 – 1969 дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба ҳайси ходими адабӣ кор кардааст.
Маҳсули хомаи ӯро асарҳои бадеиву публитсистӣ ташкил медиҳанд, ки дар шакли қиссаву ҳикоя, лавҳаву очерк ва сафарномаву мақола иншо гардидаанд. Асарҳои ӯ «Саманди зебо» (1971), «Ҳикояҳо барои бачаҳо» (1988), «Аланга» (1993), «Бӯи шир» (1997), «Манзили меҳри шумо» (1999), «Қиссаҳои Ҷамшед» (2002), «Роғон – бахти рӯзафзон» (2003), «Садоқат» (2005), «Руҳи матин», «Манзили меҳр» (2013), «Нидо аз Роғон» (2016), «Қуллаи мурод» (2017), «Роғун – кафолати зиндагии шоиста» (2018), «Шоҳроҳи ҳаёт» (2025) ва ғайра ситоиши мардони кор, таҷассуми чеҳраҳои илмиву адабӣ, фарҳангиву сиёсии кишвар, мактаби одаму одамгарӣ, адлу инсоф, некиву накукорӣ ва нуқсонҳои мавҷудаи иҷтимоиро дар бар мегиранд. Ин асарҳо аз нигоҳи навъи эҷод ва жанр гуногун бошанд ҳам, дар аксари онҳо руҳи публитсистӣ пурқувват аст, зеро дар эҷодиёти нависанда таносубан таҳқиқи бадеиву публитсистии сарнавишти инсон, хосса роҳбарони кордону масъулиятшинос, ҳалиму ғамхор, ки ҳамеша дар андешаи пешравии соҳаҳои муайяни ҳаёти иҷтимоӣ, ободии диёр ва рушди ҷомеа мебошанд, бартарӣ дорад.
Раҷабалӣ Аҳмадро дар муҳити адабиву публитсистӣ роғуншинос меноманд. Ӯ аз зумраи адибонест, ки аз оғози корҳои сохтмон то ба кор даровардани нахустин агрегати НБО “Роғун” шоҳиди бевоситаи воқеаҳо будааст. Аз як тараф, фарзанди ҳамон маҳал будан, аз ҷониби дигар дар вазифаҳои роҳбарии мақомоти маҳаллии ноҳия кор кардан, имкон ба вуҷуд оварданд, ки ӯ ҳанӯз аз рӯзҳои аввал ба ин сохтмони азим таваҷҷуҳ зоҳир намояд ва асарҳо нависад. Маҷмуаҳои «Роғон – бахти рӯзафзон», «Нидо аз Роғон», «Қуллаи мурод» ва “Роғун” – кафолати зиндагии шоиста» аз ҷумлаи силсилаи асарҳои Раҷабалӣ Аҳмад мебошанд, ки тули солҳои гуногун интишор гардидаанд. Аз ҷумла, дар маҷмуаи очеркҳои «Роғон – бахти рӯзафзон» оғози бунёди сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар солҳои 80-уми асри гузашта ба тасвир кашида шудааст. Хатти сужаи очерк то ба сохтмони роҳи Ваҳдат – Саритош, ки аз шафати шаҳри Роғун мегузарад, идома меёбад. Ин асар ҷанбаи қавии таҳқиқию публитсистӣ дорад. Муаллиф бо баррасиҳои публитсистӣ таъкид менамояд, ки дарозумрии НБО «Норак» аз ҳарчи зудтар ба истифода додани НБО «Роғун» вобаста аст, зеро мувофиқи омӯзишҳои мутахассисон соле 55 миллион метри мукааб регу қум дар обанбори НБО “Норак” такшин мешавад. Ин ҳолат боиси кам шудани иқтидори Неругоҳ мегардад.
Дар очерки ҳамин маҷмуа нависанда аз вохӯрии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо бинокорону сокинони шаҳри Роғун, идома ёфтани корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳ, руҳбаландии иштирокдорони суҳбат сухан ронда, сипас бо нақлу тасвирҳо чеҳраи қаҳрамони очерк раиси ҷавону навтаъини шаҳри Роғун Фатҳулло Буриевро намо медиҳад. Фатҳулло Буриев аз мулоқоти Сарвари давлат болида, мардумро ба бунёдкорӣ даъват менамояд ва дар такя ба сокинони шаҳр ва деҳоти он аз пайи ҳалли проблемаҳо мешавад.
Дар тамоми асарҳои публитсистии муаллиф ду мазмун: сохтмони НБО “Роғун” ҳамчун василаи рушди ҷомеа ва хидматҳои бузургу беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти пурсамари ӯ дар роҳи истиқрори сулҳ, бунёдкориҳои кишвар, бавижа раванди бунёди НБО “Роғун”, ҳамчун меҳвари асосӣ ҳузур мекунад.
Дар пасманзари очерку қиссаҳои Раҷабалӣ Аҳмад дар бораи бунёдкориҳо ва корномаи инсонҳои наҷиб, ки дар маҷмуаи “Роғун” – зиндагии шоиста” чоп шудаанд, фаъолияти бунёдкоронаву қаҳрамононаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин фаъолият аз меҳри ватандорӣ ва ифтихори миллӣ саршор буда, бо сидқу вафодорӣ ба Пешвои муаззами миллат ва кишвари маҳбуб бозтоб гардида, аз диди мушоҳидакории нависанда дарак медиҳанд.
Мурод МУРОДӢ,
доктори илмҳои филология, профессори ДМТ
