ДАР БОҒ ЛОЛА РӮЯДУ ДАР ШӮРАБУМ ХАС

Дигар як далели собитшуда аст, ки нотавонбинони давлату миллати тоҷик аз маҳбубияти Пешвои миллат дар дохили кишвар, мақому манзалати баланди ин Абармард дар арсаи байналмилалӣ, дастовардҳои қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш дар ҳама соҳаҳо ваҳшатзада шудаанд. Илова бар ин, ҳомиву хоҷаҳояшон низ бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ ба онҳо пушт гардонда, кори ин бахтбаргаштаҳо “аз гиря гузаштааст”.
Ҳатто ҳамсафон воқеиятро дарк намуда, мисли «зоғон» села-села аз канори саркарда рӯ ба гурез доранд.
Бо назардошти ин, ҳамватанонамон бояд дарк намоянд, ки, агар “бузургон”-и мавриди назар оқилу дурандеш мебуданд, худ ва думравонашон ба ин ҳол гирифтор намешуданд. Аз он ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои кисагӣ боз маслиҳату тавсия медиҳанд, дар лабони шаҳрвандон табассум гул мекунад, зеро ин амалашон мақоли халқии «агар кал табиб мебуд, сари худро даво мекард»-ро ба хотир меорад.
Дар робита ба ин, бамаврид медонам моҳияти мухолифони Ҳукуматро, ки худро ин тоифа мепиндоранд, мухтасар шарҳу тавзеҳ диҳам. Мавҷудияти мухолифин дар давлатҳои олам зуҳуроти маъмул буда, бо вуҷуди ихтилофи назарҳо доир ба масъалаҳои гуногун, дар масоили миллӣ ҳукуматдорон ва мухолифин мавқеи яксон доранд. Ҳарчанд ҳадафи ниҳоии дилхоҳ ҳизб расидан ба қудрат аст, дар ҷомеаи пешрафта дар ин ҷода аз рақобати солим ва усулҳое, ки ба қонунгузорӣ мухолифат надоранд, кор мегиранд.
Коршиносон низ бар он назаранд, ки «мухолифати сиёсӣ» ҳаргиз ба маънои «хостори расидан ба қудрат» тафсир намешавад ва танқид рукни асосии фаъолияти мухолифони Ҳукумат ба ҳисоб мераваду аз зовияи далелу арқоми асоснок ироа шуда, рабте ба афсонапардозиву сафсатапароканӣ надорад. Мутаассифона, нотавонбинони миллату давлати мо бӯе аз муқаррароти зикршуда набурдаву бо амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриинсонӣ ва дастгирии хоҷагони хориҷӣ дар сар ҳавои ба қудрат расидан доштанд.
Хуб дар хотир дорем, ки солҳои навадуми асри гузашта маҳз ҳамин «дигарандешон» ҳуқуқу озодиҳои сокинони Тоҷикистонро маҳдуд ва қисме аз онҳоро қатлу беватан карданд. Ҳаводиси баъдӣ собит намуд, ки идома ёфтани фаъолияти онҳо, ки аз хурофот, ҷоҳталабӣ, нотавонбинӣ, бегонапарастӣ ва ғайра таркиб ёфта буд, танҳо бар зарари мардум аст. Бидуни тардид метавон гуфт, ки, агар нисбат ба онҳо мақомоти зидахли Тоҷикистон сари вақт чораандешӣ намекарданд, ҳаракатҳои зиддимиллиашон барои давлату миллат пайомадҳои фоҷиабор дошт.
Ҳоло низ нотавонбинон «одат»-и худро тарк накарда, аз хориҷ сӯи Меҳан сангандозӣ доранд. Онҳо ба маънои том варшикастаанду намедонанд сарашонро ба куҷо зананд. Аз «ҳама кас» ва «ҳама чиз» умеди имдод доранд. Чун амалан коре карда наметавонанд, «илоҷ»-ро дар сафсаттапароканӣ, бечоранолӣ ва афсонапардозӣ дидаанд. Дар ин ҳолат рисолати сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиён вокуниш намудан ба нотавонбинон ва саҳмгузорӣ дар ташаккули афкори солими ҷомеа мебошад.
Ҳамон тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд». Тафовути асосӣ дар он зоҳир мегардад, ки ҳангоми иқдом намудан дар қиёс бо ҳарзагӯиву сафсаттапарокании нотавонбинон, мо бо истинод ба далелу рақамҳои асоснок, наворҳои таърихиву фаврӣ, эътирофи собиқ ҳамсафони нотавонбинон ва ёдоварии шоҳидони ҳол мақола иншо менамоему гузориш таҳия месозем.
Далели раднопазир аст, ки мардуми шарафманди тоҷик дар бобати аъмоли нопоки ин тоифа иттилои зиёд доранд, дарк карданд, ки мақсад аз пешниҳодҳои популистии саркардаи нотавонбинон, ки мунтазам аз тариқи «ба ҳар ош ҷурғот шудан» расонаӣ мешуд, «ибтикори пеш аз тӯфон» ва «хам - хам рафтани сайёд баҳри қатли мурғон» будааст. Маълум гардид, ки рисолати эшон аз созмонҳои дигари террористӣ фарқ надошта, маблағгузории он низ аз ҷониби хоҷагон бо мақсади муғризона амалӣ мешудааст. Исбот шуд, ки дар зиндагиву фаъолияти нотавонбинон ва «доҳӣ»-ҳои онҳо гуноҳҳое, амсоли ришвахӯрию фасод, анҷоми амалҳои террористӣ ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ падидаи маъмул аст. Биноан, ягон ҳарфи онҳоро ҷиддӣ қабул намекунанд ва мутмаинанд, ки “дар боғ лола рӯяду дар шӯрабум хас”.
Нотавонбинон аз рӯзҳои аввали «мавҷудият» дини мубини исломро ҳамчун василаи расидан ба аҳдофи нопоки хеш интихоб намуда, бо ёрии хоҷаҳояшон мехостанд «обро лой карда, моҳӣ доранд». Дар ин раванд онҳо пеш аз ҳама, ба хурофот такя карданду манқурт намудани мардум меҳвари фаъолияташон буд. Ҳол он ки «ҳадафи ҳама дин эмин доштани инсон аз аъмоли нопок маҳсуб мешавад». Шоҳид ҳастем, ки яке аз проблемаҳои ҷаҳони муосир афзоиши хатари терроризм ва экстремизм мебошад, ки аксар маврид зери ниқоби ислом роҳандозӣ мегардад. Дар асл ислом бошад, бо терроризм ва ташкилотҳои экстремистӣ ҳеҷ умумият надошта, баръакс таълимоташ зидди зуҳуроти хатарнок нигаронда шудааст.
Дар Қуръони маҷид омадааст: «Бигӯ: ҳақ омад, ботил нобуд шуд. Оре, ботил ҳамвора нобуд шуданӣ аст».
Мо ин воқеиятро шоҳид шудем...
Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи
«Садои мардум», номзади илмҳои сиёсӣ
