ҶУМҲУРИЯТ » ҶАЛАСАҲО » ҶАЛАСАИ ШУРОИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ

ҶАЛАСАИ ШУРОИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ

20 июн 2024, Панҷшанбе
47
0
 
19-уми июн дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси миллӣ даъвати шашум баргузор гардид. Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи Шуро 39 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо» дар шакли мукаммал баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни кори ҷаласа аъзои Шуро, ҳамчунин, як қатор санадҳои қонунгузориро оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси меҳнат, Кодекси андоз ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот», «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи маориф», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ», «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи таърихи қарз (кредит)», «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Дар бораи ангишт», «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ва «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби  Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор дода, дар ин хусус қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Инчунин, дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллӣ пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои Варзоб ва Файзобод баррасӣ гардида, бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллӣ ирсол карда шуданд.
 
 
ИҶЛОСИЯИ ҲАЖДАҲУМИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ
19-уми июн дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гашт. 
Нахуст, аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 38 масъала қабул намуданд. Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия ва оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ маъруза карда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.
Тибқи рӯзнома аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо»-ро, ки дар шакли мукаммал дар таҳрири нав қабул карда шудаанд, баррасӣ ва онҳоро ҷонибдорӣ намуданд.
Пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳои дахлдор ба кодексҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, меҳнат, андоз, инчунин, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот», «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи маориф», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ», «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи таърихи қарз (кредит)», «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Дар бораи ангишт», «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ва «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби  Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ҷонибдорӣ гардиданд.
Ҳамчунин, дар асоси пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои Варзоб ва Файзобод қабул карда шуданд.
Санаи нашр: 20.06.2024 №: 116
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив