ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГИДРОЭНЕРГЕТИКА. БАРДОШТ АЗ ТАЪРИХИ 110-СОЛАИ МУҲИМТАРИН СОҲАИ ИҚТИСОДСОЗ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ГИДРОЭНЕРГЕТИКА. БАРДОШТ АЗ ТАЪРИХИ 110-СОЛАИ МУҲИМТАРИН СОҲАИ ИҚТИСОДСОЗ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

20 июн 2023, Сешанбе
30
0
 
Таърихи гидроэнергетикаи Осиёи Марказӣ ҳанӯз аз соли 1913-и қарни гузашта ибтидо ёфта, умри  110-сола дорад. Маҳз дар ҳамин сол нахустин неругоҳи хурди обӣ дар мавзеи Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби мутахассисони Россияи подшоҳӣ барои сарҳадбонон бунёд ёфта буд.
Бояд гуфт, ки  соли 1932 бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии Академияи илмҳо ва Ҳукумати марказии Иттиҳоди Шуравӣ таҳти роҳбарии академики маъруф Горбунов Николай Петрович нахустин экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ ҷиҳати омӯзиши захираҳои иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ, маъданҳои ҷумҳурӣ ва, ҳамзамон, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанг, адабиёт ва ҷуғрофияи минтақа ташкил шуда буд.
Маҳз дастаи гидрологии экспедитсияи мазкур таҳти сарварии олими шинохта Караулов Николай Александрович ба омӯзиши захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон оғоз намуд, ки, ба ин васила, харитаи захираҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон мураттаб гардида, дар он 58 нуқта барои бунёди неругоҳҳои хурду миёна ва бузурги обӣ муайян карда шуд.  
Солҳои 1936 ва 1937 татбиқи саноатии як қатор лоиҳаҳои хурду миёнаи гидроэнергетикӣ амалан оғоз ёфт, инчунин, дар минбаъда ҷиҳати омӯзиши лоиҳаҳои бузург неруи зиёди илмиву техникӣ сафарбар карда шуд. Аз ҷумла, аввалин иншооти барои он давра калони гидроэнергетикӣ бо иқтидори 7,15 мегаватт ба кор оғоз кард, ки он ҳам Неругоҳи барқи обии “Варзоб” ба шумор мерафт.
Бо баробари оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ  сохтмони неругоҳҳои хурди обии Тоҷикистон ба таври пурра қатъ гардид. Фақат соли 1941 навбати якум ва соли 1945 навбати дуюми неругоҳи обӣ дар мавзеи Хоруғ ба кор шуруъ кард. Сипас, баъд аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1949 навбати дуюми Неругоҳи барқи обии “Варзоб” бо иқтидори 14,5 мегаватт  ва соли 1952 навбати сеюми он бо тавоноии 3,5 мегаватт ба кор дароварда шуд. Маҳз дар ҳамин давра сохтмони неругоҳҳои барқи обии “Сарбанд”, “Шаршара” ва “Марказӣ” дар болои рӯди Вахш ва як қатор неругоҳҳои хурд дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид. Ҳамин тариқ, то соли 1958, аллакай, дар ҷумҳуриамон 53  неругоҳи хурд бо иқтидори умумии 12 мегаватт бунёд шуд, ки то соли 1978 теъдоди онҳо ба 69 ва иқтидори умумиашон  ба 32 мегаватт расид. 
Солҳои 40-уми асри гузашта омодасозии лоиҳаи нахустин Неругоҳи барқи обии “Қайроқум” дар Сирдарё, ки иқтидори лоиҳавиаш 126 мегаватт буд, оғоз ёфта,   соли 1957 ин Неругоҳ мавриди истифода қарор гирифт.
Неругоҳи  барқи обии “Норак” бошад, бо сарбанди 300-метра, ки баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, соли 1979 пурра ба кор даромад, ки иқтидори он соли 1988 ба 3000 мегаватт расонда шуд. Инчунин, 20 январи соли 2008 чархаи якум ва 31 июли соли 2009 ҳамаи чаҳор чархаи Неругоҳи барқи обии  “Сангтӯда-1” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки иқтидори умумии ин Неругоҳ 670 мегаваттро ташкил медиҳад. 5 сентябри соли 2011 чархаи якуми Неругоҳи барқи обии  “Сангтӯда-2” мавриди истифода қарор гирифт.
Бунёди Неругоҳи  барқи обии “Роғун” яке аз бузургтарин иншооти аср ба ҳисоб рафта, аҳамияти зиёди сиёсиву иқтисодӣ дорад, зеро бидуни барқ ягон соҳа пеш намеравад. Агар аз нигоҳи иқтисодӣ таҳлил намоем, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои бузурги саноатӣ ба кор даромада, иқтисодиёти мамлакат боз ҳам пеш меравад. Аз диду назари сиёсӣ бошад, давлатамон ба кишварҳои пешрафтаи дунё ворид мешавад.
Соли 2008 бо кӯшишу ғайрати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Ҳукумати мамлакат бо мақсади ба даст овардани истиқлоли энергетикии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  таъмини  аҳолӣ бо қувваи барқ сохтмони НБО «Роғун» аз  сари нав шуруъ гардид.
Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол сохтмони НБО «Роғун» дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ бениҳоят муҳим аст. Ба истифода супурдани навбати якуми Неругоҳи барқи обии  «Роғун»  16  ноябри  соли  2018  ба  ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда буд, ки он воқеаи басо хурсандибахш маҳсуб меёфт. Хушбахтона, бо мурури замон  ба истифодадиҳии чархаи дуюми НБО «Роғун» 9 сентябри соли 2019 доир гардид, ки дар ин маросим зиёда аз 10 ҳазор нафар иштирок дошт.
Бо назардошти он, ки дар ҳудуди кишвар захираҳои гидроэнергетикӣ хеле зиёданд, бинобар ин, Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги неруи барқи обӣ метавонад дар ҳалли масъалаи глобалии сайёра саҳмгузор бошад. 
Тавре ба ҳамагон маълум аст, захираи манбаъҳои гидроэнергетикӣ дар ҷумҳурӣ 527 миллиард кВт-соатро дар як сол ташкил медиҳад. Аз рӯи ин нишондодҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи 8-ум, аммо аз рӯи имконияти қиёсӣ ба сари аҳолӣ дар воҳиди масоҳат, ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Дар сурати пурра истифода бурдани ин захираҳо ҷумҳурӣ метавонад ба бузургтарин кишвари содиркунандаи неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза дар минтақа табдил ёбад. Гидроэнергетика соҳаи асосӣ ва барои рушди иқтисодиёт аз ҷиҳати стратегӣ хеле муҳим дониста мешавад, ки метавонад манбаъҳои сармоягузории мустақимро барои соҳаҳои дигари хоҷагии халқ таъмин намояд.
 
Мухбирҷон КЕНҶАЕВ,
сармутахассиси шуъбаи табъу нашри раёсати 
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Санаи нашр: 19.06.2023 №: 126
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив