ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ПОСДОРИ ТАЪРИХИ ОРИЁИҲО

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ПОСДОРИ ТАЪРИХИ ОРИЁИҲО

30 июн 2023, Ҷумъа
21
0
Умедҳову орзуҳои тоҷикони Афғонистон сулҳу ҳамдигарпазирии тоҷикони Тоҷикистон аст. Чун қудрат ва ҳокимияти тоҷикон дар Осиёи Марказӣ решаи таърихӣ дорад, бинобар ин, ҳарчи дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдати миллӣ решадор бошад, ба ҳамон андоза тоҷикони Афғонистон ва тамоми кишварҳое, ки тоҷикон дар он зист доранд, муфтахар ва пуштвонаи қавӣ доранд.
 
Замоне ки Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, бо устод Бурҳониддин Раббонӣ, раисҷумҳури вақти Афғонистон, дар муборизоти маданӣ, сиёсӣ ва таҳаввули Афғонистон машғул буданд, ҳамеша таваҷҷуҳ бар он доштанд, ки як ҳокимияти миллӣ бар асоси ваҳдати тоҷикон дар Тоҷикистон шакл бигирад. Ба хотири ин сарҷамъӣ, чандин бор нишастҳои сиёсӣ ва маданиро дар миёни тарафҳои таҳаввулии Тоҷикистон доир карданд ва талошҳои судманде барои ба даст овардани натиҷаи сулҳ ва ҳокимияти миллӣ анҷом доданд.
Имрӯз, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ёри дерин ва собитқадами шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, дар минбарҳои миллӣ ва байналмилалӣ аз тоҷикони Афғонистон ва ҷаҳон дифоъ мекунад, ба равшанӣ дида мешавад, ки қудрати Тоҷикистон неру ва ҳокимияти тамоми порсизабонони ҷаҳон аст. Замоне ки Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, аз мардуми Афғонистон ва соири қавмҳои ориёӣ дифоъ кард, ҳама ақвоми зери парчами ориёиён ё хуросониён ба ӯ, яъне ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, тахаллуси Роҳбари тоҷикони ҷаҳон ва посдори таърихи қавми ориёиёнро доданд.
Дар бахши сиёсати хориҷӣ аз дидгоҳи мо – мардуми Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон як шахси усулгаро ва дурбин ба мардуми худ ва таърихи ниёгонаш аст. Ин таърих дар ҳеч шароите тарк ва ҳатто, як қадам ба қафо барнамегардад. Ҳангоми истод шудан, байни рақибони хориҷияш устувор ва боғурур аст, рақибонаш дар созмонҳои ҷаҳонӣ медонанд, ки Сарвари кишвари тоҷикон бунёдгузори як сиёсати собит мебошад. Ин кору ибтикори ӯро эҳтиром қоиланд ва аз чеҳраи дӯстони хориҷияш пай бурдан мумкин аст, ки Пешвои миллатро дар ҷаласаҳои байналмилалӣ чӣ гуна мушоҳидаву суханонашро мулоҳиза мекунанд. 
Дар асри мо, ҳатто, бузургтарин мамлакатҳо ба ҳарфу қавлҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо диди қадр нигоҳ карданд, дар тарҳи пешниҳодҳояш ҷаласаҳои стратегӣ ташкил доданд. Ҳама дар канори ҳам ҷамъ шуданд ва рӯйи пешниҳоди Пешвои миллат файсала доранд, то толибро ба расмият нашиносанд. Ин дар ҳолест, ки оламиён сукут карда буданд, аз тарс ё барои манфиати худ ба хунрезии толибон чизе нагуфтанд, вале Сарвари кишвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бо як баёнияи мардона, ки лаёқати ҳар тоҷики асил аст, дунёро ларзонд. Оре, ин аст ғуруру шукӯҳи тоҷикон! Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳукумати биношудаи ин гурӯҳи ҷаҳл ҳеҷ тарсе надошт ва сухани ҳимояту бунёди ҳукумати ҳамашумулро ба дунё тарҳ ва пешниҳод дод. Ин боис шуд, ки ҳеҷ ҳукумат ва кишваре то замоне ки гурӯҳи толибон ҳукумати фарогирро ташкил надиҳанд, варо ба расмият намешиносанд.
Агар дар нимнигоҳе баргардем ба соли 1996, замоне ки толибон ҳукумати доктор Наҷибуллоро суқут доданд ва баъд аз он ба таъсиси ҳукумат пардохтанд, кишварҳои ҷаҳон яке паси дигаре ба муддати панҷ моҳ баъд аз ин ҳукуматашонро ба расмият шинохтанд. Ҳоло, ки ҳатто “мудернтар” аз он замони гузашта ҳукуматро ба даст гирифтанд, ҳеҷ кишваре ҳозир ба расмият шинохтани ин гурӯҳ нест.
Ба ёди сухани шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд меуфтам, ки ӯ гуфта буд: “Замоне ки мо мусаммам ба ваҳдат ва иттифоқ дошта бошем, ҳеҷ неруе дар баробари мо истодагӣ карда наметавонад”.
Имрӯз, ки Ҳукумати Тоҷикистон қудрат ва ҳукумати сиёсии мустақил дорад, ба яқин метавон гуфт, ки тамоми тоҷикон дар ҳар гӯшаи ин кураи хокӣ худро масъун ва ифтихорманд медонанд, ки чунин роҳбар, пуштибони миллӣ ва байналмилалӣ доранд. Тоҷикони Афғонистон ба ин боваранд, ки имрӯз аз се шахсияти маҳбуб ва умедбахши тоҷикон, агар ду шахсияти миллӣ, яъне Аҳмадшоҳ Масъуд ва профессор Бурҳониддин Раббонии шаҳид бо мо нестанд, аммо ёри собитқадам дигаре, яъне ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон бо мост.
Вақте мо кишваре бо номи Тоҷикистон дорем, дигар ҳеҷ чизе байни тоҷикон тақсимношуда намондааст. Биноан бояд тоҷикистониёни азиз қадри қудрат, ваҳдату сулҳи миллиро пос бидоранд ва бояд ба зиммаи худ бовар ва имон дошта бошанд, ба ҳар андозае, ки тоҷикону тоҷикистониён иттиҳод ва ваҳдат доранд, ба ҳамон андоза тоҷикони кулли ҷаҳон дорои қудрат ва ҳокимиятанд. Назар ба ин асос ва масъулияти миллии тоҷикон, ҳар тоҷикистонӣ муваззаф аст, ки тасвир ва намоди ваҳдати миллиро тамсил ва меросдор бошад.
Ҳамчун як шаҳрванд ва тоҷики афғонистонӣ ҳеҷ фарқ ва бартариро дар миёни тоҷикистониҳо намебинам. Агар нигоҳ ба Хатлон, Суғд, Бадахшон, водии Рашт ва Душанбе меандозам, ба ҳамон қудрат ва ҳокимият мебинам, ки иттиҳод ва ҳамдилии ин минтақаҳои мардхез ва боғурур ба ормонҳои гузаштагони мо созгору мувофиқ аст. Пайдост, ки Сарвари давлат ин ҳамаро аз гузашта бо назокати хоси сиёсӣ ва дипломатӣ омӯхтааст.
Ростӣ, кӯчактарин нофаҳмиву ноаҳлии тоҷикони ин кишвари соҳибистиқлол, ки номаш реша дар тоҷ дорад, барои мо – тоҷикони ҷаҳон зарбаи сангине хоҳад буд. Лутфан, иттиҳоди 26 сол қабл ба даст, омадаро чун гавҳараки чашм нигаҳ доред!
Дили мо – тоҷикони он сӯи Ому, гарм аст, ки тоҷикони Тоҷикистон сулҳу субот ва ҳокимияти мардумсолорро аз даст намедиҳанд, хатоҳои дар Афғонистон содиршударо такрор намекунанд, барои инқилобҳои хунину бемаънӣ роҳ намедиҳанд, арзишҳои милливу фарҳангии бостонӣ ва ҳувиятсозро қурбони дасисаҳои гурӯҳҳои ифротиву иртиҷоӣ намекунанд.
Поянда бод сулҳу ваҳдат, тамаддуни иззатманди тоҷикони ҷаҳон!
 
Аҳмадзоҳир ҶАҲИШ,
рӯзноманигори 
мустақил аз Афғонистон
Санаи нашр: 30.06.2023 №: 133-134-135
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив