ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАҲДАТ. ТОҶИКИСТОНРО КИШВАРИ АМН ВА ДУШАНБЕРО ШАҲРИ БЕХАТАР МУАРРИФӢ КАРД

ВАҲДАТ. ТОҶИКИСТОНРО КИШВАРИ АМН ВА ДУШАНБЕРО ШАҲРИ БЕХАТАР МУАРРИФӢ КАРД

30 июн 2023, Ҷумъа
26
0
 
Масири тайнамудаи Тоҷикистони тоза ба истиқлол расида, дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд. Дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати бемисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки ҷони хешро ба гарав монда, барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар анҷом дода, сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намоянд. Ин таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки асосгузори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи байналмилалист. 
Дар робита ба хидматҳои мондагори Пешвои муаззами миллат ва нақши меҳварии ваҳдати миллӣ дар рушду тараққиёти Тоҷикистон кормандони касбу кори гуногун андешаҳои худро ба “Ҷумҳурият” баён доштанд, ки фишурдае аз матлабҳои сершумори онҳо манзур мегардад:
И. СОБИРЗОДА, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия: 
– Барҳақ, имзои Созишнономаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар эъмори давлати соҳибистиқлоли мо арзиши зиёди таърихӣ дошта, маҳз ба дунболи он истиқлоли давлатӣ истеҳком ёфт. Зеро таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки дар ибтидои истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом вазъ қарор дошт. Дар ин давра гаравидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва печида гардидани вазъи сиёсии мамлакат боиси паст гардидани сатҳи зиндагӣ гардид. Воқеаҳои маълуми ҳамон солҳо, ки ба парокандашавию барҳам задании якпорчагии Тоҷикистон таҳдид мекарданд, ба ҳеҷ як соҳае бе таъсири манфӣ намонданд. Дар ин миён зиёд шудани сатҳи қонуншиканӣ, поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва заъфи адолати судӣ низ истино набуд.
 
Раҷабалӣ САНГОВ, зиёӣ: 
– Ваҳдати миллӣ эътиқоду эътимоди ҳар фарди кишварро ба пойдории сулҳу суботи ҷомеа, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ, муқаддас будани озодӣ ва ҳуқуқи шахс, баробарҳуқуқӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, ҳамчунин ба шукуфоиву сарсабзӣ ва умедвориҳои бепоён ба ояндаи шукуфону дурахшони Тоҷикистони маҳбуб боз ҳам пойдору устувор намуд. Тоҷикистонро ба диёри ваҳдатистони рӯйи олам табдил дода, ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон ва ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ шомил гарданд. Шоҳроҳи Помир бошад, дар қатори даҳ роҳи зеботарини дунё қарор гирифт. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳри сулҳ пазируфта шудани пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва сулҳи тоҷиконро дар раванди ба созишу тафоҳум расидани мухолифату зиддиятҳои байни қавмиву минтақавӣ ва давлатӣ ҳамчун сабақи таърихӣ мавриди истифода қарор додан, ҳамчунин, ба қатори даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардидани шаҳри Душанбе нишонаи равшани ваҳдатпешагӣ ва ваҳдатободии ин кишвари ваҳдатсаро аст. 
 
Ҳусейн ФАЙЗУЛЛОЗОДА,  номзади илмҳои педагогӣ, корманди ДТҶТ ба номи С. Раҳимов: 
– Иродаи ваҳдатгароӣ ва шинохти арзишҳои меҳварии истиқлол метавонад қавму миллатҳоро дар баробари таҳдиду хатарҳои давру замон ҳифз намояд. Ин амр дар ҷаҳони пуртазодди муосир аҳамияти бештар пайдо намуда, иттиҳоду ҳамбастагӣ шарти муҳими зиндагии осоишта, рӯзгори пурсаодат ва, муҳимтар аз ҳама, омили мубориза алайҳи зуҳуроти бегона дониста мешавад.
Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ба тарғиби тафаккури ваҳдатгароӣ, арзишҳои башариву ҳамзистӣ авлавият медиҳад. Воқеияти таърихист, ки кишвари соҳибистиқлоли мо, танҳо баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷӣ ба муваффақиятҳои чашмрас ноил шуд. Тавассути сиёсати хирадмандонаву башардӯстонаи Пешвои миллат чеҳраи воқеии халқи тоҷик ҳамчун миллати сулҳҷӯву ваҳдатгаро муаррифӣ гардида, муаллифи чандин ташаббусҳои байналмилалӣ ба нафъи аҳли башар гардид. 
 
Зуҳуриддин АСРОРЗОДА, корманди Суди Олии иқтисодӣ: 
– Мусаллам аст, ки пойдории давлат боиси осудаҳолии халқ мегардад, ин омил, пеш аз ҳама, ба мустаҳкамии ваҳдати миллӣ, яъне дӯстиву бародарӣ ва рафоқату ягонагии аҳли ҷомеа вобаста мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, моҳияти тақдирсозии ваҳдатро хеле возеҳу равшан баён доштанд: “Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад». Воқеан ҳам, Сарвари давлат дуруст зикр кардаанд, ки иттиҳоди миллӣ, неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардуми кишвар аз он сарчашма мегирад.
 
А. СОБИРОВ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: 
– Дар робита ба ваҳдати миллӣ, ки, бешубҳа, нақши заминасозии Конститутсия дар он назаррас ба ҳисоб меравад, зикр кардан ба маврид аст, ки танҳо баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ наздик ба як миллион  гурезаҳое, ки замони даргириҳои дохилӣ тарки Ватан карда буданд, ба сарзамини хеш баргаштанд. Ҳоло мардуми кишвар ба фардои босаодати рӯзгори худ хушбин ҳастанд. Зеро аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ шароит фароҳам омад, ки сокинони мамалакат дар ободии сарзамину рӯзгори худ устуворона қадам гузоранд. Вале расидан ба рӯзҳои орому пурсаодат ба тоҷикон бар ивази хисороти чашмрас муяссар шуд. Зеро ба гуфтаи таҳлилгарон, дар фосилаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорҳо фарзанди модари тоҷик ҷони худро аз даст дода, ҳазорҳо кӯдак бепадар ва занон бесаробон монданд. Дар натиҷаи вайрону валангор шудани садҳо хонаи истиқоматӣ ва иншооти дорои аҳамияти умум ба иқтисоди миллӣ миллиардҳо сомонӣ зарар расид.
 
Ибодуллоҳ ОДИНА, сармуҳаррири рӯзномаи “Навиди Балх”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ: 
– Ҳоло ки мо дар фазои сулҳу суботи комил ба сар мебарем, фаромӯш набояд сохт, ки ҳанӯз ҳам ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботу оромии кишвар хатар вуҷуд дорад. Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, ки қудратҳои гуногун ва ҳизбу ҳаракатҳои мухталифи иртиҷоиву экстремистӣ ба мағзшӯии ҷавонон машғуланд, моро лозим аст, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Масъулият ва вазифаи ҳар сокини кишвар аст, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созандаро пеша кунад. Албатта, то имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон даҳшати ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш накардаанд ва шаҳди ваҳдатро, ки пас аз азобу уқубати зиёд чашидаанд, қадр мекунанд. Лиҳозо, зарур аст, ки ваҳдати бо заҳматҳои зиёди Президенти кишвар бадастомадаро боз ҳам таҳким бахшем.
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.06.2023 №: 133-134-135
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив