ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ВАҲДАТОФАР

ВАРЗИШ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ВАҲДАТОФАР

30 июн 2023, Ҷумъа
30
0
Дар кишвари ваҳдатшиори мо пас аз вазидани насими сулҳу ҳамбастагии комил дар қатори дигар соҳаҳо соҳаи варзиш низ, ба пешравиҳои бемисл ноил гардид. Варзишгарони мо бо ҳунарнамоии волояшон дар мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ, чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё, номи Тоҷикистонро машҳури ҷаҳон гардонданд. Ба ифтихори онҳо тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар арсаи байналмилалӣ беш аз 6000 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон гардида, наздики 1900 бор Суруди миллӣ садо додааст.
Маҳз истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ замина фароҳам овард, ки соҳаи варзиш ва варзишгарон дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор гиранд. Ҳамин аст, ки сол ба сол нисбат ба варзишгарон аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат дастгириву ғамхориҳо бештар зоҳир мегарданд. Аз ҷумла, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо маблағгузорӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти мамлакат, ки аз соли 2015 роҳандозӣ шудааст, шаҳодати ин гуфтаҳост. Ин иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва Бозиҳои олимпӣ рӯи даст гирифта шудааст. Маблағи дастовардҳо аз 15 то 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Масалан, варзишгароне, ки аз олимпиада медали тилло ба даст меоранд, соҳиби  300, нуқра  250 ва биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ мешаванд. 
Гузашта аз ин,  29 апрели соли 2023 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки тибқи он аз 1 январи  соли 2024 ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, параолимпӣ ва сурдолимпӣ (барои шахсони ношунаво) то охири умр ҳар моҳ маош мегиранд. Бар пояи қарор, ба қаҳрамонони олимпиада 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барандагони зинаҳои дуюму сеюм мутаносибан 30 ва 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин шудааст. 
Ҳоло дар кишвар Дилшод Назаров (гурзандозӣ) қаҳрамони олимпӣ буда, Юсуф Абдусаломов (гӯштӣ) нишони нуқра, Мавзуна Чориева (бокс) ва Расул Боқиев (дзюдо) медали биринҷӣ доранд. Бешак, иқдоми навбатии Ҳукумати кишвар варзишгаронро барои муаррифии бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳрик мекунад.
Маврид ба зикри хос аст, ки ба шарофати сулҳу суботи комил ва дар қатори давлатҳои амну бехатар қарор гирифтани Тоҷикистон, кишвари мо мизбони мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ интихоб мегардад.
Далели ин гуфтаҳо, мусобиқаи Dushanbe Grand Prix 2023 (2 – 4 июн) мебошад, ки номи Тоҷикистон ва Душанберо дар сархати расонаҳо, махсусан расонаҳои варзишӣ, қарор дод. Сатҳи баланди истиқболи меҳмонону варзишгарон, таъмини шароити арзандаи будубош, тамрин ва меҳмоннавозии тоҷикона буд, ки ҷаноби Мариус Визер, президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар номае зери унвони «Ташаккур Душанбе ва ташаккур Тоҷикистон» чунин навишт: «Фазои Dushanbe Grand Prix 2023 шарорангез буд! Ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва президенти он ҷаноби Исмоили Маҳмадзоир, ки талошҳои зиёд ба харҷ доданд, ташаккур мегӯям. Шоҳиди ҳол будем, ки заҳматҳои онҳо самар овард ва оилаи ҷудои тоҷик соҳиби 7 медал, аз ҷумла се тилло гардид». 
Бояд гуфт, ки Dushanbe Grand Prix 2023 ба иди ҳақиқии ваҳдат табдил ёфта буд, зеро мухлисони риштаи ҷудоро аз тамоми гӯшаву канори мамлакат дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ муттаҳид кард. Аз ин муттаҳидии мухлисони мо кулли ҳаводорони ҷудои ҷаҳон ангушти ҳайрат газиданд. Ин амали мухлисон сатҳи мусобиқаро боз ҳам боло бурд ва таҳкими ваҳдати миллиро дар амал татбиқ намуд. 
Бешак, соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ имкон фароҳам оварданд, ки дар қатори дигар арзишҳои фарҳангии мо, аз ҷумла Наврӯз, Шашмақом, чакан, Саразм бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз куҳантарин риштаҳои варзиши халқи тоҷик гӯштини миллӣ – “Гӯштингирӣ” соли 2022 мақоми байналмилалиро касб намояд.
Имсол бошад, бори аввал бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Чемпионати Осиё оид ба гӯштини миллӣ – “Гӯштингирӣ” баргузор гардид. Дар ин чорабинии бошукӯҳи варзишӣ, паҳлавонони 29 давлат ширкат карданд. 
Ин чорабинии қоравӣ дар фазои тантанавӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ шукӯҳу манзалати дигарро замъ намуд.
 
Шодӣ САФАРОВ, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон 
ба номи С. Раҳимов, доктори илмҳои педагогӣ
Санаи нашр: 30.06.2023 №: 133-134-135
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив