ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

07 июл 2023, Ҷумъа
55
0
  
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
КРИПТОГРАММАИ «ДУТОР»
Хонандагони азиз, дӯстдорони муаммо! Агар Шумо ба 6 (шаш)  саволи додашуда ҷавобҳои дуруст ёфта тавонеду ба ҷойи рақамҳо ҳарфҳои мувофиқро гузоред, як байти машҳури Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода ҳосил мегардад.
Мураттиб  Файзалӣ МУҲАММАДИЕВ,
                                                                                          сокини шаҳри Душанбе
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
 
КАДРШИНОС
Аз суҳбати директори генералӣ бо сардори кадрҳо:
– Шумо метавонед аз миёни коллектив ҷавони масъулиятшиносу кордон ва донишманду мушкилнописандеро пайдо кунед, ки, аллакай, барои ишғоли вазифаи ман омодаву қодир бошад?
– Албатта, сардор. Ёфта биёрам?
– Не, ёфта, худи ҳозир аз кор озод кунед. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
КУҲАНСОЛТАРИН АРӮСИ ҶАҲОН
Минни Муни аз Австралия унвони куҳансолтарин арӯси ҷаҳонро дорад. Ӯ дар синни 102-солагӣ бо Дадли Риди 83-сола издивоҷ карда буд. Ин воқеаи таърихӣ 31 майи соли 1991 дар Пойнт Клэр ба вуқуъ пайваст.
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
БАРНОМАИ МАХСУС БАРОИ ТАНБАЛҲО
 
Дар Ҷопон як барномаи мобилӣ барои афроде, ки саҳар аз хоб бо душворӣ бархоста, ба кор ҳамеша дер мекунанд, сохта шуд «Mezamee» ном дорад. Мувофиқи кори он, шумо бояд сари вақт аз хона берун шавед, вагарна ҷарима пардохт менамоед.
Корбар корти пластикии худро ба он замима мекунад. Суроғаи хонаашро дар харитаҳои Google нишон дода, вақти тарки хонаро муқаррар месозад. Агар истифодабаранда дар вақти муайяншуда аз хона набарояд, аз суратҳисоби ӯ пул ситонда мешавад. Маблағи ҷарима аз тарафи истифодабаранда муайян мегардад.
Бисёриҳо бар он назаранд, ки ин барнома онҳоро аз танбалӣ мераҳонад. 
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
ДАСТАРХОНИ ТОҶИКӢ ДАР ОЗАРБОЙҶОН
Дар  шаҳри Боку 11-умин Фестивали байналмилалии фарҳангӣ доир гардид, ки аз ҷониби Сафорати кишварамон гӯшаи миллии Тоҷикистон ташкил шуд. Дар он намунаи ҳунарҳои  мардумӣ, аз ҷумла сӯзанӣ, атлас ва адрас, туҳфаҳои аз сафол, чӯб ва сангҳои ранга сохташуда, маводи чопӣ оид ба имконияти сайёҳии Тоҷикистон, муаррифӣ гардиданд. Инчунин, дар як қисми ин гӯша дастархони тоҷикӣ, ки аз таомҳои гуногуни миллӣ ва шириниҳо иборат буд,  ороста шуд.
Дар Фестивал 35 сафорати муқими Озарбойҷон иштирок намуд.
 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ҲАМЧУН ФАРЗАНД
Аз суҳбати сардор бо корманд:
– Хуш омадед, ростӣ каме ғамгинам, ки ба кори дигар гузашта, аз идораи мо меравед, охир шумо мисли духтарам будед.
– Мисли духтаратон?
– Бале, духтарчаи ман ҳам танбалу коргурез аст, гоҳе эркагиву сарпечӣ ҳам мекунад, вале ман маҷбурам, ки на танҳо нисбаташ ғамхор бошам, балки т о ҳастам ӯро муфт хӯронаму пӯшонам. 
 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
МУЪҶИЗАҲОИ МУҲАНДИСӢ
КАНАЛИ ПАНАМА
 
Аз байни ҷангали Амрикои Марказӣ яке аз калонтарин муъҷизаҳои сунъии сайёра, роҳи кӯтоҳтарини байни ду уқёнус – канали Панама мегузарад. Аз дарғотҳои он ҳар сол 200 миллион тонна бор мегузарад. Ин канал кори ҳақиқии санъати сохтмонӣ аст. Қанали Панама яке аз роҳҳои муҳимтарини киштиронии ҷаҳон мебошад. Ин канал аз маркази Амрико гузашта, симои савдои байналмилалиро дигар кард. Киштиҳое, ки дар байни уқёнуси Атлантика ва Ором ҳаракат мекарданд, лозим меомад, ки ҳазорҳои километр масофаро тай кунанд. Аз ин рӯ, соли 1879 муҳандисон тасмим гирифтанд, ки аз гарданаи Панама (аз ҳама бориктарин қисми Амрикои Марказӣ дар Панама, ки қитъаҳои Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолиро мепайвандад) канал бунёд намоянд, ки масофаро аз уқёнус ба уқёнус то ҳаштод километр кӯтоҳ мекард. Сохтмони канал кори ниҳоят душвор баромад.   То он даме, ки муҳандисон ниҳоят тавонистанд ду уқёнусро пайванданд, зиёда аз 30 сол лозим омад. Аммо пас аз ба охир расидани сохтмон канали Панама ҳамчун дастоварди асосии муҳандисии аср эътироф шуд. 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
 
 
СУХАНОНИ КӮТОҲ
Дар бозии зиндагӣ гоҳе пирӯз мешавем, гоҳе шикаст мехӯрем. Дар ҳар ду ҳолат  мо бояд ба бозӣ идома бидиҳем.
* * *
Агар мехоҳед шуҷоонро биёбед, касонеро ҷустуҷӯ кунед, ки қодир ба бахшидан ҳастанд. Ва агар мехоҳед, ки қаҳрамононро биёбед, касонеро биҷӯед, ки қодиранд дар муқобили нафрат муҳаббат биварзанд.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
ЭКОЛОГИЯ ДАР ДАЛЕЛУ РАҚАМҲО
НЕСТ ШУДАНИ 10 МЛН ГА ҶАНГАЛ ДАР ЯК СОЛ 
Ҷангалҳо 31 дарсади масоҳати хушкии Заминро ташкил медиҳанд, ки ин ба 4,06 млрд га баробар аст. Дар маҷмуъ, онҳо 80 дарсади гуногунрангии биологиро таъмин менамоянд. Ҳамасола 1,6 млрд кас ризқу рӯзии хешро аз фаъолияти ба ҷангал вобаста ба даст меорад. 
Аз соли 1970 истеҳсоли чӯби коркардношуда 45 дарсад афзуда, соле то 4 млрд метри мукаабро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол танҳо дар 30 соли охир 420 млн га ҷангал аз байн рафтааст. Агар ин равандро аз охири асри XIX пайгирӣ намоем, маълум мешавад, ки аз се як ҳиссаи ҷангалҳо нобуд шудаанд.
 
Таҳияи М. ТАБАРӢ
 
 
 
АЗ ҲАР ГӮША ЯК ХӮША
1. Равоншиносон исбот кардаанд, ки дилхоҳ амалеро дар давоми 21 рӯз пайваста иҷро кунед, шумо ба он одат мекунед. Дигар барои иҷрои он душворӣ намекашед.
2. Дар Токио боғи ҳайвонотро дар як сол ду моҳ маҳкам мекунанд, то ҳайвонҳо аз одамон дур  бошанду истироҳат кунанд.
3. Ҳунарпеша Ширли Хендерсон замоне ки 40 сол дошт, дар филми «Гарри Потер» нақши духтари мактабхони 13 - соларо бозид.
4. Колибра ягона паррандаест, ки метавонад ҳам ба пеш ва ҳам ба қафо парвоз кунад.
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
 
ХАННА ДИНГЛИ   
БОНУЕ, КИ ДАР ВАТАНИ ФУТБОЛ ТАҲАВВУЛОТ КАРД
 
Бонуи уэлсӣ Ханна Дингли дар таърихи футболи Англия саҳифаи навро рақам зад. Ӯ аввалин зане шуд, ки дар сатҳи касбӣ сармураббии клуби футболи мардона таъин гардид. 
Ханна роҳбарии тими “Форест Грин Роверс”, ки дар дивизиони чоруми Англия ҳунарнамоӣ мекунад, ба уҳда гирифт. Мавсуф дар ин вазифа собиқ бозигари “Нюкасл” ва “Эвертон” Дункан Фергюсонро иваз кард. 
Қаблан ин бону аз соли 2019 роҳбарии академияи мардонаи клубро ба зимма дошт. 
Дар аввалин бозӣ зери роҳбарии Ханна Дингли дастаи “Форест Грин Роверс” бо тими “Мелкшем Тавн” (05.07.2023) мусовӣ (1:1) намуд.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ 
 
 
 
МИЛЛИОНДОРИ  ЧИНӢ 40 СОЛ БОЗ ТАЛОШ ДОРАД БА ДОНИШГОҲ ДОХИЛ ШАВАД, ВАЛЕ… 
Миллиондори 56-солаи чинӣ Лянг Ши аввали моҳи июн бо тақрибан 13 миллион довталаб дар саросари кишвар имтиҳони дурӯзаи маъруф бо номи "гаокао"-ро супурд, аммо боз  ноком шуд. Ӯ 40 сол  боз мекӯшад, ки ба донишгоҳи орзуҳояш – Донишгоҳи Сичуан дохил шавад, вале, мутаассифона... 
Дар ин бора шабакаи  телевизионии CNN хабар медиҳад.
Лянг Ши дар ин муддат агарчи тоҷири маъруфу миллиондор шуда бошад ҳам, вале аз тасмими гирифтааш барнагашт. Ӯ мегӯяд: «Гоҳо фикр мекунам, ки агар кӯшишҳоям умедворкунанда нестанд, пас, идома додани он маъное надорад, вале боз ба худ мегӯям, агар аз тасмими гирифтаам баргардам, шояд тамоми умр дар сари ҳар пиёла чой таъми пушаймонӣ чашам».
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
 
 
 
МАШҚ БО МӮРЧА Ё ЧӢ ТАВР МАГНАР ДУ КАРАТ ҚАҲРАМОНИ ОЛИМПӢ ШУД?
Биатлончии маъруфи норвегӣ Магнар Солберг тобистон дар болои мӯрчахонаҳо хобида, машқи тирандозӣ мекард, зеро тирандозӣ муҳимтарин унсури биатлон ба ҳисоб меравад. Ба андешаи мураббӣ Мартин Стоккен, ин машқ (газидани мӯрчаҳо) бояд варзишгарро таълим медод, ки тамаркуз ба ҳадаф кунаду аз омилҳои беруна ва хастагӣ парешон нашавад.
Ин таҷрибаи мураббӣ кор дод ва Солберг дар Бозиҳои зимистонаи олимпии солҳои 1968 ва 1972 қаҳрамон гардида, чанд карат ҷоизадори чемпионати ҷаҳон шуд.
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
 
ДУХТУР ВА ҲАМШИРА 
 
Ҳамширае дар таҳлука назди  духтур омада мегӯяд:
 – Аҳволи бемори 7-ум палата ҳар дақиқа бад шуда истодааст.
Духтур бо ғазаб эрод мегирад, ки ин тавр гуфтан лозим нест. Бояд чунин гуфт:
 – Бемор аз 7-ум палата фикр мекунад, ки аҳволаш бад шуда истодааст. 
 Рӯзи дигар ҳамшира  оромона ба табиб мегӯяд:
 – Духтур, бемор  аз 7-ум палата фикр мекунад, ки ӯ мурдааст...
 
Таҳияи Қурбонбибӣ ХОЛНАЗАРОВА
 
 
 
 
ХУРДТАРИН МАКТАБҲОИ ҶАҲОН
КУҲАНТАРИН МАКТАБИ ХУРДИ ОЛМОН
Соли 2015 хурдтарин мактаб дар Олмон 103-сола шуд. Он дар ҷазираи Нойверк дар баҳри Шимолӣ ҷойгир аст. Сокинони ҷазира аз чил нафар зиёд нестанд. Аз ин рӯ, табиист, ки  тули 103 сол мактаб соли таҳсилро бо як-ду хонанда гузаронда аст.  Масалан, соли 2012 дар ин мактаб  як духтар таҳсил мекард ва соли 2014 синфи чорро танҳо хатм намуд. 
 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
 
ЧАШМ
ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ  ДАР БОРАИ ОН
Яке аз узвҳои муҳими инсон чашм мебошад. Муҳаққиқони соҳаи тиб бар онанд, ки инсон  ҳамарӯза аз 80 то 90 дарсади иттилоотро тавассути чашм дарёфт мекунад. 
Андозаи гавҳараки чашми инсон тули зиндагӣ тағйир намеёбад. Чашм қодир аст, ки дар як сония 50 кадр ё худ расмро бубинад.
Ҳангоми бо суръати тез мутолиа кардан, чашм дер хаста мешавад ва баръакс, ҳангоми суст мутолиа намудан, инсон зуд хасташавии онро ҳис мекунад.
Чашм узви хеле хурд бошад ҳам, корашро 6 мушак танзим менамояд. Он тахминан аз 107 млн ҳуҷайра иборат аст.
 
Таҳияи  З. РАҶАБ
 
 
 
 
АЗ «МАҚОЛОТИ ШАМС»
Дунё ганҷ асту мор аст. Қавме бо ганҷ бозӣ мекунанд, қавме бо мор.
* * *
Дарзӣ (дӯзанда) оҳангарӣ кунад, ришаш бисӯзад. Кори худ бояд кард.
* * * 
Айбе бошад дар одамӣ, ки ҳазор ҳунарро бипӯшонад ва як ҳунар, ки ҳазор айбро бипӯшонад.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
МӮД
КАТЕГОРИЯИ МАХСУСИ ЭСТЕТИКӢ Ё ТАРЗИ ЗИНДАГӢ
Кроссовкаҳо ба шарофати “Keds”, аввалин ширкате, ки ин навъи пойафзолро соли 1917 офаридааст, ба мо расиданд. Ва сандали ҳамчун аввалин кафши шинохташуда дар таърихи башар  ҳисобида мешавад.
* * *                      
Ҳамасола зиёда аз 2 миллиард футболка фурӯхта мешавад. Дар аввал, футболка либоси тагпӯш маҳсуб мешуд,  ҳоло бошад, онро  ҳамчун либоси муқаррарӣ истифода мебаранд.                                           
* * *
Наполеон аз бисёр ҷиҳат ба мӯд саҳм гузоштааст. Масалан, азбаски сарбозон бинии худро бо остини камзӯлашон пок мекарданд ва барои аз ин одати бад халос шудан, Наполеон шинондани тугмаҳоро дар остинҳо ҷорӣ кард, ки то ҳоло ҳамчун мӯд истифода мешавад. 
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
 
 
НЕРУИ БАРҚ АЗ МАВҶИ БАҲРҲО
Сол ба сол ниёзамон ба барқ бештар мегардад. Ба олимон лозим меояд, ки усулҳои ғайримаъмулии арзон ва барои муҳит безарари онро ихтироъ ва дарёфт намоянд.  Ба хонандагони саҳифаи «Шоми шанбе» оид ба бархе аз коркардҳои ғайриодӣ дар соҳаи неруи барқ маълумот манзур менамоем. 
Моҳи апрели соли 2021 Ширкати бритониёии «Mocean Energy»  Blue X дастгоҳи ҳамсони аз мавҷи баҳрҳо тавлидкунандаи барқро пешниҳод намуд. Тарзи кори он ин тавр буд: дастгоҳи дар рӯи об гузошташуда бо шиддати  мавҷҳо ба ҷунбиш даромада, часпаки (шарнир) дар байнбударо ба ҳаракат меорад. Он, дар навбати худ, генераторро фаъол  ва барқро тавлид мекунад, ки тавассути кабелҳо ба хушкӣ интиқол мегардад. 
Тибқи баҳогузории «Mocean Energy»  дар сурати истифодабарии 1% барқи мавҷи баҳрҳои дунё метавон 50 миллион биноро бо барқ таъмин кард. Барои муқоиса дар Россия наздики 14 миллион бинои истиқоматӣ мавҷуд аст. Пас, худ биандешед, ки ин тарзи истеҳсоли барқ чӣ қадар манфиатовар мебошад.
Таҳияи  Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
РУБРИКАИ НАВ!
ПАНҶ ГУЛИ ҚИМАТТАРИНИ ХОНАГӢ
Гулҳои хонагӣ кайҳо чун элементи асосии декори манзилу офисҳо истифода мешаванд. Баъзеҳо гумон доранд, ки онҳоро хеле осон: бо роҳи қаламчаашонро сабзондан метавон зиёд намуд. Вале кактуси шабона гулкунанда ва орхидеяи аз ҷазираҳои тропикӣ овардашуда барин гулҳое ҳастанд, ки дар бозори гулфурӯшӣ қимати хеле гарон доранд. Дар рубрикаи нави «Шоми шанбе» сухан аз боби нозуктарину ҷаззобтарин ва қиматтарин гулҳои ҷаҳонӣ хоҳад рафт. 
1. ОРХИДЕЯ (SHENZHEN NONGKE)
Ин гули аз ҳама қиматтарини хонагиро, ки исми лотиниаш  Shenzhen Nongke мебошад, дар Чин парвариш менамоянд. Ранги он сабзи зардча буда, баргҳои миёнааш нақшу нигори аҷиби сурх доранд. Бӯи хушаш тамоми манзилро фаро гирифта, то дер гоҳ дар фазои кошонаатон боқӣ мемонад.   
Shenzhen Nongke дар панҷ сол як маротиба гул мекунад. Бинобар хеле нозук буданаш, парваришаш низ, заҳмати зиёдро талаб дорад. Вале, боз ҳам, касоне ёфт мешаванд, ки ин гулро бо нархи ҷон мехаранд ва дар парваришаш камари ҳиммат мебанданд. Айни замон нархи як дона гули орхидея дар музоядаҳои ҷаҳонӣ ҳудуди 200 000 доллари амрикоӣ дакка мехӯрад. 
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


Санаи нашр: 07.07.2023 №: 139
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив