ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАРҒИБИ ТАҶРИБАИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА БАРГАРДОНДАНИ ШАҲРВАНДОН АЗ МИНТАҚАҲОИ НООРОМ

ТАРҒИБИ ТАҶРИБАИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА БАРГАРДОНДАНИ ШАҲРВАНДОН АЗ МИНТАҚАҲОИ НООРОМ

11 июл 2023, Сешанбе
13
0
Дар доираи Ҳафтаи зиддитеррористии СММ дар қароргоҳи он чорабинии муштараки Тоҷикистон бо Дафтари зиддитеррористӣ таҳти унвони «Баррасии мушкилоти ҷангиён ва оилаҳои аз минтақаҳои низоъ баргардондашуда» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар додааст. 
Зимни  чорабинӣ мубоҳисаи ҳамаҷониба оид ба ин мушкил, густариши ҳамкорӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба раванди баргардондани шаҳрвандон аз минтақаҳои доғ доир гашт. Ҳайати Тоҷикистон оид ба таҷрибаи мамлакат дар он самт, махсусан баргардондани занону кӯдакон аз минтақаҳои ноороми Ироқу Сурия маълумоти муфассал дод. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон шуруъ аз соли 2019 тақрибан 300 шаҳрванди худро аз кишварҳои Сурия ва Ироқ баргардондааст.
 
 
 
ТОҶИКИСТОН ВА ОЗАРБОЙҶОН. ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ 
Дар шаҳри Боку вазири рушди иқтисод ва савдо  Завқӣ Завқизода бо Сарвазири Озарбойҷон Ҳидаят Асадов мулоқот намуд. 
Тавре ба мо аз Вазорат хабар доданд, дар рафти мулоқот густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, молия, сармоягузорӣ ва бахши хусусӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Ёдовар мешавем, ки 7 июл дар шаҳри Боку ҷаласаи 6-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор гардид. 
 
 
 
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО ОИД БА БАЛАНД  БАРДОШТАНИ СИФАТИ ШАРОИТИ ТАЪЛИМ
Дар Вазорати молия маросими имзои Созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд баргузор гардид. Дар ин хусус  Вазорати мазкур  хабар дод.
Ҳадафи асосии он баланд бардоштани сифати шароити таълим мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 38,1 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, он ба 50,0 млн доллари амрикоӣ баробар ва пурра маблағҳои грантӣ мебошанд. 
 
 
 
ВОРИДОТИ 2 МИЛЛИОНУ 551 ҲАЗОР ВОЯ  ВАКСИНАИ ЗИДДИ БЕМОРИИ СУРХЧА
Ба Тоҷикистон 2 миллиону 551 ҳазор воя ваксинаи зидди бемории сурхча ворид шуд. Дар ин хусус ба мо аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд. 
Вазорат нақша дорад, ки байни кӯдакони аз 6-моҳа то 15-сола, ки 2 миллиону 633 ҳазору 54 нафарро ташкил медиҳанд, маъракаи ваксина гузаронад. Мақсад аз он таъмини амнияти санитариву эпидемиологии аҳолӣ, пешгирии пайдоишу паҳншавии бемориҳои сироятӣ, беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак мебошад. Дар хабар омадааст, ки тули шаш моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ, ҳамчунин, 2 миллиону 430 ҳазор воя ваксинаҳои гуногун ворид шудаанд. 
 
 
 
ОЗМУНИ АСАРИ БЕҲТАРИН БАХШИДА  БА СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
Дар кишварамон Озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин дар мавзуи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад, – хабар  медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон. 
Озмуни мазкур дар асоси қарори Шурои Маҷлиси намояндагон ва бахшида ба қабул шудани ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо гузаронда шуда, мақсад аз он мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологист. Тибқи  низомнома, Озмун дар як давр, аз 1 сентябри соли 2023 то 1 майи соли 2024 баргузор шуда, дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист ҷамъбаст мегардад.
 
 
 
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ РОССИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
Шоми 7 июл дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. 
Дар он муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён,  муовини вазири фарҳанги Россия Надежда Преподобная, намояндагони корпуси дипломатӣ ва аҳли фарҳангу ҳунар иштирок намуданд.
Муовини Сарвазир ташрифи меҳмононро ба ҷумҳурӣ хайрамақдам гуфта, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Россияро падидаи фараҳбахши фарҳангӣ арзёбӣ намуд. Надежда Преподобная барои истиқболу пазироии гарму самимона ва меҳмоннавозии хоси тоҷикона ба Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг миннатдорӣ баён кард. Сипас, дар фазои тантанавӣ барномаи ҷолиби ҳунарии пианинанавози машҳур, Ҳунарпешаи халқии Россия Денис Матсуев манзури аҳли нишаст гардид.
 
Санаи нашр: 11.07.2023 №: 141
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив