ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СОДИРОТ. ТАҲЛИЛИ ИХТИСОСӢ ДАР СУҲБАТ БО БАҲРИДДИН СИРОҶИДДИНЗОДА

СОДИРОТ. ТАҲЛИЛИ ИХТИСОСӢ ДАР СУҲБАТ БО БАҲРИДДИН СИРОҶИДДИНЗОДА

13 июл 2023, Панҷшанбе
115
0
 
Содирот аз омилҳои муҳими пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус саноат ва кишоварзӣ буда, нақши он дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум назаррас аст. Рушди содирот ба бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, васеъ намудани номгӯи молу маҳсулоти ниёзи мардум ва таъмини устувории иқтисодиёт мусоидат менамояд. Ҳоло шарикони асосӣ дар содироти маҳсулоти ватанӣ, асосан, Қазоқистон, Чин, Туркия, Россия, Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон, Швейтсария, Шоҳигарии Британияи Кабир, Италия, Амороти Муттаҳидаи Араб мебошанд. 
 
Аммо, тибқи таҳлили коршиносони соҳа, норасоии марказҳои муосири логистикӣ, дарёфти бозори фурӯш ва дигар навъҳои хизматрасонӣ, ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набудани сифати маҳсулот, таваҷҷуҳи нокифоя ба низоми маркетингу менеҷмент, қарзҳои баландфоиз аз монеаҳои пешрафти содирот мебошанд. Дараҷаи пасти ҷалби бахши хусусӣ ва пешгӯии аз ҳад некбинонаи умедворӣ аз сармоягузории хориҷӣ, сатҳи рақобатнопазирии маҳсулоти содиротӣ, номукаммалии ҳуҷҷатгузориҳои электронӣ, дониши паст ва фарҳанги молиявию иқтисодии содироткунандагони миллӣ, набудани заминаи кофии моддию техникӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, таҷҳизоти назоратӣ, талафоти зиёди ҳосили ҷамъоваришуда ва дар сатҳи суст будани инфрасохтори интиқол, дар маҷмуъ, ба рушди содиротии кишвар таъсири манфӣ мегузоранд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 январи соли 2022) вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Агентии содирот ва Палатаи савдо ва саноатро вазифадор намуданд, ки бо мақсади таъмини рақобатнокии маҳсулоти асосии содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва дарёфти бозорҳои нави фурӯш, дар доираи Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 вобаста ба ташкил кардани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда, диверсификатсияи содирот, муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои содироткунандагон корро беҳтар ба роҳ монанд.
Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода гуфт, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва фаъолияти содиротӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ба соҳибкорону сармоягузорон 110 имтиёз ва сабукиҳои андозию гумрукӣ пешниҳод шудаанд ва сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 1 рӯз кам гардида, ройгон ба роҳ монда шуд. Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки амалишавии он аз январи соли 2022 оғоз ёфт, бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва, ба ин васила, ташкили ҷойҳои нави корӣ бори аввал дар солҳои соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардиданд. Шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯ кам ва меъёрҳои чанд намуди онҳо паст шуданд. Инчунин, КВД бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” таъсис ёфт. 


Агентӣ мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба низоми содиркунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо (Registered Exporter System) муайян гардидааст. Ҳоло пешбурди кори содиркунандагони бақайдгирифташуда таҳия ва мавриди корбарӣ қарор гирифта, тибқи тартиби муқарраргардида, субъектҳои содироткунандае, ки ба Иттиҳоди Аврупо молу маҳсулот содирот менамоянд ба низоми мазкур гузаронда шуданд. 
Қобили зикр аст, ки ҳамасола аз ҷониби Агентӣ Форуми байналмилалии содиротии “Bokhtar-Food” (Бохтар Фуд), баргузор мешавад. Дар чорабинӣ меҳмонон аз давлатҳои дуру наздик ва роҳбарону намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок карда, дар доираи Форум намоишгоҳи «Бохтар Фуд-2023» ташкил гардида, ба иштирокчиён ва меҳмонон имкон медиҳад, ки аз наздик бо хусусиятҳои хоси ҳар як маҳсулот, аз ҷумла намуди зоҳирӣ, ранг, маза, таъм, шаҳдборӣ ва дигар сифатҳои онҳо, шиносоӣ пайдо намоянд. 


3 - 4 майи соли равон дар шаҳри Остона бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жормат Токаев мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид, ки Ёддошти тафоҳум байни Вазорати савдо, ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Агентии содироти Тоҷикистон дар самти афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, ташкили корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли сабзавоту меваи барвақтӣ, бунёди инфрасохтори нигоҳдории маҳсулот ва бандубасти он барои содироти кафолатноки минбаъда ба Қазоқистон ба имзо расонда шуд. Дар доираи Форум санади ҳамкорӣ байни Агентӣ ва Маркази рушди сиёсати савдои Қазоқистон ҶСК "QazTrade" оид ба масъалаи таъсиси корхонаҳои муштарак ҷиҳати харид, захира, бандубаст ва содироти минбаъдаи маҳсулоти кишоварзӣ ба имзо расид. 
Бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди содиротӣ тавассути мусоидат ба тиҷорат ва ҳамоҳангсозии заминаи меъёрии рушди содирот бунёди 4 маркази тақсимоти яклухти маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда дар самти пешрафти иқтидори содиротии кишвар мусоидат менамояд. 
Баҳриддин Сироҷиддинзода гуфт, ки тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, соҳибкорони содироткунанда аз қоидаҳои дахлдори амалиётҳои содиротӣ, аз ҷумла бастани шартномаҳои содиротӣ, дарёфти шарики боэътимод, интихоби дурусти воситаи нақлиёти боркашон, бастабандии маҳсулот, таҳияи стратегияи дурусти рушди содирот, маркетинг ва муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, огоҳӣ надоранд. Таъсиси инфрасохтори мувофиқ барои дастгирӣ ва рушди содирот, хусусан мактаби содиротӣ, барои рушди содирот ва баланд бардоштани дониш ва таҷрибаи содиркунандаҳо мусоидат хоҳад кард. 
Амалишавии масъалаҳои болозикр ҷиҳати ҳавасмандгардонии субъектҳои содироткунанда ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо мақсади баланд бардоштани содирот ва дар як сол ду-се маротиба зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва талаф наёфтани маҳсулоти истеҳсолгардида, инчунин, боварии истеҳсолкунандагони ватаниро ҷиҳати дарёфти бозорҳои мунтазами содиротӣ, харидорони хориҷиро барои таъминот бо маҳсулоти босифату тару тоза зиёд намуда, ба рушди имкониятҳои истеҳсолӣ, содиротии кишвар, зиёд гардидани воридоти асъори хориҷӣ ва дар ҳадди муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум замина мегузорад.
 
Кароматулло АТО,
 “Ҷумҳурият”
 


Санаи нашр: 13.07.2023 №: 143
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив