ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МЕТАЛЛУРГИЯ. ТАЪСИСИ КОРХОНАҲО МОРО БА ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ НАЗДИК МЕКУНАД

МЕТАЛЛУРГИЯ. ТАЪСИСИ КОРХОНАҲО МОРО БА ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ НАЗДИК МЕКУНАД

18 июл 2023, Сешанбе
75
0
 
Дар Тоҷикистон истеҳсол ва коркарди металлҳои қиматбаҳо ба роҳ монда мешавад. Корхонаҳо, асосан, ба коркарди никел, волфрам, сурма ва литий  нигаронда мешаванд. 
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ таъсиси 4 корхонаи коркарди металлҳои қиматбаҳоро дар   шаҳри Душанбе таъкид дошта, вобаста ба ин, ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки барои бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ чораҳо андешанд. Корхонаҳои оянда бояд эҳтиёҷоти дохилиро бо маҳсулоти тайёр аз металлҳои қиматбаҳо қонеъ намуда, содиротро ба роҳ монанд. 
Тибқи арзёбии мутахассисон, имрӯз дар Тоҷикистон тақрибан 40 намуди маъдан истихроҷ мешавад. Наздики 100 макони захираҳои табиӣ дар ҳоли истифодаанд. Дар ҳамин ҳол беш аз 600 кони металл ва филизоти нодир, ки қисман барои азхудкунӣ дар саноат омода гардидаанд, кашф шуда, мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. 
Дар мамлакат конҳои маъдани оҳан муайян шудаанд, ки барои таъсиси корхонаҳои маъдангудозӣ имконият медиҳанд. Масалан, кони маъдани оҳани Шоҳқадамбулоқ захираи зиёд (аз рӯи категорияи саноатӣ бештар аз 60 миллион тонна) ва мавқеи мувофиқи иқтисодию географӣ дошта, на чандон дуртар аз шаҳри Хуҷанд воқеъ аст. Тадқиқҳо нишон доданд, ки дар сурати сохтмони корхона дар базаи кони мазкур, метавон бе истифода аз кокс истеҳсоли металлро ба роҳ монд. 
Марказҳои асосии истихроҷи металлҳои ранга дар қисмати шимолӣ ва марказии мамлакат – Адрасмон, Анзоб, Исфара, Майхура, Консой, Табошар ва ғайра ҷойгиранд. Танҳо дар шаш кони сурмаи водии Зарафшон 80 фоизи захираи сурмаи Осиёи Марказӣ маҳфуз аст. Тоҷикистон аз рӯи захираҳои нуқра дар ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол менамояд. Аз рӯи нақшаи пешбинишуда дар базаи кони калони Мансур бо назардошти талаботи бозори ҷаҳонӣ ба нуқра сохтмони корхонаи бузург дар назар аст.  
Саноати металлургӣ ба ду соҳа ҷудо мешавад: металлургияи сиёҳ ва ранга. Металлургияи рангаи Тоҷикистон дар сохтори истеҳсолоти иқтисодиёт ҷойи намоёнро  ишғол намуда, зиёда аз 35 фоизи маҳсулоти саноатии истеҳсолнамудаи мамлакатро ташкил медиҳад. Металлургияи рангаи Тоҷикистон, асосан, аз истеҳсоли алюминий иборат аст. Истеҳсоли алюминий дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» ТАЛКО ба роҳ монда шудааст. Имрӯз он Корхонаи асосии металлургияи рангаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. ТАЛКО дар шаҳри Турсунзода ҷойгир буда, зиёда аз 90 фоизи маҳсулоти истеҳсолнамудаи Корхона навъи аъло аст. Ширкати мазкур бахши аъзами даромади содиротии кишварро таъмин мекунад. Истеҳсоли алюминий бештар аз дастрасӣ ба неруи барқ ва ашёи хоми алюминий вобаста мебошад. Ин аст, ки ТАЛКО бузургтарин истеъмолкунандаи неруи барқи дохилӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, лоиҳаи бузургмиқёси сохтмони НБО «Роғун» барои рушди саноати мамлакат мусбат арзёбӣ мешавад.  
Ғайр аз истеҳсоли алюминий корхонаҳои металлургияи ранга танҳо дар зинаи истихроҷкунии маъдан, майдакунӣ ва пурбаҳрагардонии маъдан амал мекунанд. Маҳсулоти асосӣ – консентрати металлҳои ранга мебошад. Алҳол дар корхонаҳои металлургияи ранга руҳ, симоб, қурғошим, сурма, волфрам ва иловатан висмут, мис, кадмий, нуқра, молибден, қалъагӣ ва дигар металлҳои нодир истеҳсол мешаванд. Дар Тоҷикистон ҳудуди 10 ширкати истихроҷи тилло, аз ҷумла корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин «Зарафшон», «Покруд», «Тиллои тоҷик», «Апрелевка», фаъолият доранд. 
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ҷумҳурӣ корхонаҳои калони металлургияи сиёҳ вуҷуд надоранд. Аммо дар дохили корхонаҳои мошинсозӣ сехҳои оҳангудозӣ амал мекунанд. Аз металли дар ин сехҳо гудохташуда қисмҳои эҳтиётии мошинҳоро тайёр менамоянд. Ин гуна сехҳо дар тамоми корхонаҳои мошинсозии мамлакат, аз ҷумла заводҳои «Тоҷиктекстилмаш», «Торгмаш», заводи арматурии шаҳри Душанбе, «Қисмҳои эҳтиётии автомобил»-и шаҳри Конибодом ва комбинати «Абрешим»,  мавҷуданд. 
Дурнамои зиёд намудани кохонаҳои маъдани оҳан дар кишвар мавҷуд аст. Зимнан, дар Тоҷикистон иншоотҳои бузурги гидроэнергетикӣ, шабакаҳои нақлиётӣ, иншоотҳои баландошёнае сохта мешаванд, ки миқдори назарраси конструксияҳои оҳанинро талаб мекунанд. Харидани миқдори зиёди оҳан барои иқтисодиёти Тоҷикистон зараровар аст. Бинобар ин, сохтмони корхонаҳои хурду бузурги истеҳсол ва коркарди маҳсулоти гуногуни қиматбаҳо ва вазнин ба иқтисодиёти кишвар ва беҳтар намудани вазъи зиндагии аҳолии мамлакат нақши муҳим дорад, зеро соҳаи саноати кӯҳӣ ва металлургия қисми муҳими иқтисодиёти давлат мебошад. Аз инкишофи ин соҳаи муҳим пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ – саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва сохтмон вобаста аст. Металлургияи Тоҷикистон, дар маҷмуъ, хусусияти содиротӣ дошта, ҷалби сармоя, техникаву технологияи муосир ва роҳандозии коркарди ашёи хоми соҳа ба таври назаррас афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти ниҳоиро бо арзиши баланди иловагӣ таъмин карда метавонад. Ин соҳа объекти сармоягузории хориҷӣ буда, дар сурати татбиқи лоиҳаҳои мавҷуда металлургияи Тоҷикистон ба яке аз соҳаҳои сердаромадтарини мамлакат табдил меёбад. Сармоягузориҳо ба соҳаи гидроэнергетика низ ба таври ғайримустақим ба сармоягузории металлургия алоқамандӣ дорад, зеро ин соҳа истеъмолкунандаи асосии неруи барқ мебошад.  
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 17.07.2023 №: 145
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив