ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САНОАТ ВА ИҚТИСОД 

САНОАТ ВА ИҚТИСОД 

19 июл 2023, Чоршанбе
33
0
ММД БА 54,2 МИЛЛИАРД СОМОНӢ РАСИД
Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шаш моҳи соли равон маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) мамлакат ба 54,2 миллиард сомонӣ расида, рушди воқеии он ба 8,3 фоиз баробар гардид. Сатҳи таваррум дар давраи ҳисоботӣ 2,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 банди фоизӣ кам мебошад.
Меъёри бозтамвил, ки фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ барои анҷом додани амалиёти монетарӣ ба ҳисоб меравад, дар асоси дурнамои таъсири хавфҳои эҳтимолии дохилию берунӣ ба иқтисодиёт бо назардошти дар сатҳи поёнии ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум ва беҳтар шудани интизориҳои таваррумии аҳолӣ таҷдиди назар гардида, то ба 10 фоизи солона паст карда шуд.
 
 
ШУРУИ БУНЁДИ ИНФРАСОХТОР БАРОИ “ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ”
Чанде пеш дар толори намоишии “JAC Motors” дар шаҳри Душанбе ширкати “AVAS Engineering” дастгоҳи нави пуркунии барқро барои автомобилҳои барқӣ бо иқтидори 22 ва 160 киловатт насб ва муаррифӣ кард.
Дар ҳамкорӣ бо шарикон аз Чин, ки корпоратсияи “GRASEN”-ро намояндагӣ мекунанд, дастгоҳҳои нави пурқудрати интеллектуалӣ ва зуд бо иқтидорашон аз 7 то 240 киловатт, ки барои иқлими Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, таҳия гардиданд. Онҳоро ҳам дар беруни бино ва ҳам дар зери соябон, барои ҳолатҳои ҳавои номусоид насб кардан мумкин аст.
 
 
ДАР БӮСТОН ЧАРОҒҲОИ РАВШАНИДИҲАНДАИ ОФТОБӢ ИСТЕҲСОЛ ХОҲАНД ШУД
Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо мақсади сарфаи энергияи барқ ва истифодаи сарчашмаҳои энергияи алтернативӣ истеҳсоли чароғҳои равшанидиҳандаи офтобӣ-гелиоколлекторҳо барои чароғонкунии кӯчаҳои шаҳр ва маҳаллаҳо дар нақша аст. 
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, дар баробари сохтмони генераторҳои шамолӣ, истгоҳи офтобӣ, минбаъд коркарди партовҳо низ, анҷом дода хоҳад шуд.
 
 
ТАҲЛИЛГАРОН САБАБҲОИ АФЗОИШИ БАЛАНДИ ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОНРО ГУФТАНД
Дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ ММД дар Арманистон 12,5%, Қазоқистон 4,5%, Қирғизистон 3,4% ва иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2023-юм 8,2% афзудааст, – омадааст дар шарҳи макроиқтисодии моҳи июли соли 2023-и Бонки рушди Авруосиё (БРАО).
Муаллифон мизони баланди рушди иқтисоди Тоҷикистонро "талаботи қавии дохилӣ" шарҳ медиҳанд. Онҳо қайд кардаанд, ки дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ муомилоти моли чакана 14,8 дарсад ва ҳаҷми маблағгузорӣ 29,1 дарсад афзудааст.
– Мо пешгӯӣ мекунем, ки маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон  соли 2023-юм 7,9 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Пастшавиро дар муқоиса бо семоҳаи аввал, ки дар пайи он 8,2% рушди иқтисод дар як сол афзоиш ёфт, ба далели коҳиши ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон дар заминаи коҳиши қурби рубли русӣ интизор шудан мумкин аст, – хулоса мекунанд таҳлилгарони БРАО.
 
 
ГУЛИСТОН.  ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ АЗ РӮИ 89 НАМУДИ АСЛӢ
Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд давоми шаш моҳи соли равон ба маблағи 2 миллиарду 363,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. 
Тавре Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар додааст, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 89 намуди аслӣ ба роҳ монда шуда, вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 19,8 фоизро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръат соли равон сохтмони 5 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин давра 3 корхона ба истифода дода шуд. Дар ду корхонаи дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Инчунин, соли равон берун аз нақша корхонаҳои саноатии ҶДММ «Гулистон мебел» ва ҶДММ «Ойинаи соф» ба фаъолият пардохтанд.
 
Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ
Санаи нашр: 18.07.2023 №: 146
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив