ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАҲМАДАТО ЗИНДА АСТ

МАҲМАДАТО ЗИНДА АСТ

21 июл 2023, Ҷумъа
17
0
 
Васфи модару мақому манзалати волои он ҳадду андоза надорад. Бузургони ҷаҳон дар бузургии модар суханони басо арзандаю ҷолиб гуфтаанд. 
Меҳру муҳаббати модар дар кӯдакӣ ба андозае, ки синнат ба балоғат нарасидааст, кам дарк мешавад. Аммо чун ба ҳаёти мустақил гом мондӣ, он вақт хидмату ҳикмати модар ҳар лаҳзаи зиндагӣ туро домонгир мешавад.
 
Тифлию домони модар 
хуш биҳиште будааст,
Чун ба пои худ равон гаштем, 
саргардон шудем.
Дар ин ҳикояи воқеӣ он чизе, ки аз падарбузургам Чоршанбе роҷеъ ба аъмоли як кампири ихлосманди деҳа бо номи Оҳистамо шунидаам, рӯйи коғаз меорам. 
Оҳистамо ягона фарзанд бо номи Маҳмадато дошт. Шавҳараш Карамшоҳ аз қабили одамони чарсӣ (афюнӣ) буд ва дар синни ҷавонӣ бар асари бади маводи мухаддир дунёро падруд гуфт. Аз як тараф, камчинии ғизо, аз ҷониби дигар, Карамшоҳ асбобу анҷоми хонаро пинҳонӣ бар ивази афюн ба савдо мебаровард, ташвишовар буданд. Охирин чизе, ки Оҳистамо аз чашми шавҳараш дар даруни орд пинҳон медошт, афзоли асп буд. Зини нуқрафомро хони Барпанҷа (Афғонистон) ба падараш вақти ҳарбу зарб бо туркон, ки маҳорати хуби ҷангӣ нишон дод, бо шамшери ғилофи тиллоӣ туҳфа карда буд. Шамшеру ғилофи тиллоиашро шавҳараш кайҳо ба савдо бароварда буд.
Бадбахтии дигаре бар сари мардуми бечора, бахусус кӯҳистониён, омад. Оилаи Оҳистамо боз ба мусибати нав рӯ ба рӯ гашт. Ҷанги хонумонсӯзи ватанӣ аз ҷониби Олмони фашистӣ сар зад. Ягона писараш аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома гирифт ва Оҳистамо Маҳмадаторо бе ягон дудилагӣ, бе гиряю зорӣ то шаҳри Хоруғ гусел намуд. 
Модари ягона рӯзу шаб дар саҳро заҳмат мекашиду ними шаб кори хонаро анҷом медод. Қаҳтии шадид ҳама ҷоро фаро гирифт. Баҳори аввали соли ҷанг торону бобак, ров ва гули себу зардолуро  сардии сахти ҳаво зада нобуд кард. Сабзаи картошка низ, аз ин офат талаф ёфт. Ягона ғизо барои Оҳистамо шири говаш буд. Баҳорон беда камчин шуд, шохаҳои наврустаи дарахтонро шикаста, барои гови ширдеҳ меовард.
Падарбузургам гуфтанд, ки Оҳистамо дар сафи мардон корҳои вазнини саҳроиро ҳам анҷом медод.
 Аз ҳама муҳимаш ин буд, ки пайваста номи поки Худои Замину Осмонро ба забон оварда, сиҳативу саломатии ягона писарашро аз даргоҳи Парвардигор талаб мекард. Ҳар саҳару бегоҳ пеш аз намоз страхм (сипанд, бӯй) дуд мекард ва рӯ ба қибла карда ниёиш мекард.
Шабона фориғ аз кори саҳро пашми гӯсфандро шуста, дастмол мезад. Дар чарх ресида, ҷуроб мебофт.  Дар як ҳафта ду-се ҷуфтро бофта, дар ивази ғизо ба савдо мебаровард. Чун устои моҳир дар намадҳо гулпартоӣ мекард. 
Як рӯзи зимистон бар асари сардӣ бемор шуд. Ба аёдаташ хешу ҳамсояҳо омада, дуо мекарданд, ки зуд сиҳат шавад, Оҳистамо илтиҷо намуд, ки дар ҳаққи фарзандаш дуо кунанд, то сиҳату саломат аз ҷанг баргардад. Ба номи се ҳамяроқи Маҳмадато аз деҳааш хатти сиёҳ омад. Ин дафъа хаткашон дар ҳамроҳӣ бо халифаи деҳа дари ҳавлии Оҳистаморо кӯфта, ба модар номаи сегӯшаро дароз кард. Бо шунидани хабари марг дар хонаи мусибатзада ояи Қуръонро тиловат мекарданд. Оҳистамо рӯ ба халифа карда, бо исрор такрор мегуфт: «На, Маҳмадато зинда аст. Ба номи  писарам оят нахонед. Дуо кунед, ки фарзандам сиҳату саломат ба деҳа баргардад».
– Як рӯзи ҷумъа, – нақл кард бобоям, – саҳарӣ Оҳистамо ба ҳавлии мо омада, аз ман хоҳиш намуд, ки буққаашро ба номи писараш забҳ карда, гӯшташро ба мардуми деҳа тақсим намоям. Ман ба ин мухолиф баромадам. Гуфтам, ки буққа барои  як рӯзат ба кор меояд. Охир, Шумо ҷинси латиф ҳастед”. Аммо Оҳистамо аз раъйаш барнагашт. Бо хоҳиши ӯ буққаро куштанд. Танҳо каллаю  почаро ба худ гирифту халос. Ҳамин хел солҳо бо нимгураснагию нимбараҳнагӣ пайи ҳам сипарӣ шуданд.  Хабари ғалабаи мардуми шуравӣ дар ин ҷанги хонумонсӯз зуд паҳн шуд. Мардумон шодӣ мекарданд. Дар майдони деҳа базми  хурсандӣ гарм шуд. Оҳистамо бошад, ду шабу рӯз ба Худованди олам зорию тавалло дошт, ки фарзандаш бегазанд ба пеши модараш баргардад. Иддае ӯро девона гуфтанд. Номаи сиёҳро эътироф накарду ба зинда будани писараш боварӣ дошт. Баъди эълони ғалаба бо супориши ҳукумати маҳаллӣ ба оилаҳое, ки фарзандонашон дар ҷанг ҳалок шудаанд, якхалтагӣ гандуми сафед медоданд. Оҳистамо гандуми аз анбор гирифтаашро ба оилаҳои камбизоат тақсим мекард.
Шаҳбоз ном бачаи деҳа, ки  дар давидан ҳамто надошт, як рӯз монанди тир ба ҳавлии Оҳистамо даромада, аз омадани писараш хабар дод.  Сокинони деҳа ба истиқболаш баромаданд. Маҳмадато дар пеши модар зону зада, ӯро бӯсаборон кард.
– Агар дуои бобаракати Шумо, модарҷон, намебуд, кайҳо нобуд мешудам. Маро аз оташи ҷанг бегазанд дуоҳои шабу рӯзи Шумо наҷот медоданд. Ҳар шаб дар хобу бедорӣ Шуморо бо дасти дуо аранг-аранг медидам. Дар маргбортарин лаҳзаҳои набард ҳам рӯбарӯи  ман будед.
 
Лайло ЧОРШАНБЕЗОДА, 
муовини раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ
Санаи нашр: 21.07.2023 №: 149
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив