ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГАРМШАВИИ ГЛОБАЛӢ. ИНСОНИЯТ МАРҲИЛАИ МУШКИЛРО АЗ САР МЕГУЗАРОНАД

ГАРМШАВИИ ГЛОБАЛӢ. ИНСОНИЯТ МАРҲИЛАИ МУШКИЛРО АЗ САР МЕГУЗАРОНАД

24 июл 2023, Душанбе
45
0
 
Маркази миллии пешгӯии обу ҳавои ИМА сеюми июлро ҳамчун рӯзи гармтарин дар сайёра ба қайд гирифт. Ҳарорати миёнаи ҳаво аз +16, 92 дараҷаи соли 2016, ба +17,01 дараҷа расид. Сабаби асосии баландшавии ҳарорат, дар нимкураи шимолӣ ба таври зарурӣ кам нагардидани партовҳои газҳои гулхонаӣ арзёбӣ мешавад. Бар замми ин, боз кадом омилҳо боиси баланд шудани ҳарорати ҳаво гардидаанд ва инсоният бо он чӣ бархӯрд хоҳад кард? Ҳодисаи "Эл-Нино" чист ва он ба табиат чӣ таъсир мерасонад? Тағйирёбии иқлим бештар кадом кишварҳоро дунболагир аст? Кӯшиши мо барои пайдо кардани посух ба ин ва дигар саволҳост.
 
ҶОНИ ОДАМОН ДАР ХАТАР
Гармои шадид дар куҷо ба қайд гирифта шуд? 
Тобистони имсол гармии аз ҳад зиёд ҳаёти миллионҳо мардуми сайёраро зери хатар гузошт. Гармӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба дараҷаи рекордӣ расида, ҳарорати баланди моҳи июн дар якчанд минтақаи қафомондаи Ҳиндустон одамонро ба коми марг бурд. Дар баъзе минтақаҳои Амрикои Шимолӣ моҳи гузашта ҳарорат аз меъёри муқаррарӣ 10 дараҷа баланд шуд. 
Баландшавии гармӣ дар Испания, Эрон ва Ветнам низ  одамонро дучори мушкил кард. Дар Африқои Шимолӣ бошад, ҳарорат қариб  ба +50 дараҷа расид. Ҳатто, дар Антарктида, ки ҳоло фасли зимистон аст, ҳарорати ғайримуқаррарӣ (-8,7 дараҷа) ба қайд гирифта шуд. 
Мутобқи иттилои Маркази ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, ҳарорат дар аксар минтақаҳои ҷаҳон бар асари ҳодисаи «Эл-Нино» баланд шуда истодааст. Устоди Донишкадаи тағйирёбии иқлим ва муҳити зисти Грэнтэмаи Лондон Фридерики Отто чунин мешуморад, ки ҳодисаи "Эл-Нино" дар якҷоягӣ бо раванди дигаргуншавии иқлим, ҳарорати ҳаворо дар сайёра боз ҳам баландтар мекунад, ки сабабгори ҳамаи ин худи инсоният аст. 
Пас, "Эл-Нино" чист ва он чӣ пайомаде дорад?
 
"ЭЛ-НИНО" ДАР РОҲ АСТ
Мутахассисон ҳушдор медиҳанд, ки сабаби асосии тағйирёбии ҳарорати ҳаво зуҳуроти "Эл-Нино" ба ҳисоб меравад ва пайомади он моҳҳои наздик равшантар ба назар хоҳад расид. 
Ин ҳодисаи табиӣ бинобар тағйирёбии ҳарорати оби уқёнус дар минтақаи экватории уқёнуси Ором ва дигаргуншавии гардиши атмосфера, ба обу ҳаво ва иқлими бисёр минтақаҳои олам таъсири манфӣ мерасонад. Оқибатҳои он басо ҷиддист ва метавонад гармии шадид ва тӯфонҳоро дар пай дошта бошад. Коршиносон ҳадс мезананд, ки имсол нисбат ба соли қаблӣ гармтар хоҳад буд ва соли оянда ҳарорат боз ҳам боло меравад.  
"Эл-Нино" боис мегардад, ки обҳои гарми уқёнуси Ором ба самти Шарқ ҳаракат кунанд.  Дар  ин сурат, ҳавои шимоли ИМА хушктару гармтар шуда, сар задании боронҳои шадид ва обхезӣ дар соҳилҳои халиҷи Форс аз эҳтимол дур нест. Шимоли Аврупоро зимистони хушку сард интизор аст, қисмати ҷанубиашро бошад, боришот.
Мувофиқи маълумоти Идораи миллии уқёнусҳо ва атмосфера, дар пайи ин ҳодиса ҳарорати ҳаво тақрибан 0,2 дараҷа боло меравад. Дар натиҷа, ҷаҳон бо гармию тӯфонҳои шадид рӯ ба рӯ хоҳад гашт. Дар Индонезияву Австралия бо гарму хушк омадани ҳаво, эҳтимоли сар задани сӯхтори ҷангалзор зиёд шуда, муссонҳо (бодҳои мавсимӣ) дар Ҳиндустон ва боришот дар Африқои Ҷанубӣ метавонанд кам гарданд. Дар ҳоле ки обхезиҳо дар Африқои Шарқӣ меафзоянд. Инчунин, тӯфонҳо дар уқёнуси Ором бештар гардида,  ҷазираҳои Ҳавайро хатари тӯфонҳои тропикӣ таҳдид мекунад.
 
ВАЗЪ МУШКИЛТАР АЗ ОН АСТ, КИ МЕПИНДОРЕМ  
Бо ин агар гӯем, ки мо ба марҳилаи нави зиндагонӣ ворид шуда истодаем, хато намешавад. Таври мисол, Канада ҳамасола аз офатҳои табиии марбут ба гармшавии глобалӣ зарар мебинад. Ё соли гузашта дар музофоти Колумбияи Британияи Кабир обхезӣ ва тӯфон ба амал омад, қабл аз ин мавҷи гармои тоқатфарсо боиси ба ҳалокат расидани садҳо нафар гардида буд. Имсол низ ҳазорҳо гектар ҷангалзор дар ин кишвар ба коми оташ рафт. Дар шимоли ИМА ба мардум тавсия доданд, ки дар хона бимонанд ва аз ҳавои дудолуда нафас накашанд. Дар марказ ва ҷануби ИМА, аз иёлати Аризона то Техасу Флорида, гармсел ҷони ҳазорон нафарро мувоҷеҳи хатар сохт ва талафот низ ба қайд гирифта шуд. 
Дар Мексика вазъият боз ҳам бадтар. Шумораи нафарони бар асари гармӣ ҳалокшуда, марзи садро убур кард. Ҳоло ин кишвар мавҷи сеюми гармиро мегузаронад ва мақомот ҳушдор медиҳад, ки чунин ҳолат то дер боқӣ хоҳад монд. Дар Испания хушксолӣ ба амал омада, ҳарорати ҳаво аз +44 дараҷа ҳам боло рафт. Мувофиқи иттилои ташкилоти Royal MetOffice (Британияи Кабир), чунин ҳарорати баландро дар моҳи июн ин кишвар то ҳол надида буд. Агар ба Осиё назар афканем, аз Покистон то Малайзия миллионҳо нафар аз ҳарорати баланди ҳаво ранҷ мекашанд.
 
АЗ ГАРМИИ ТОҚАТФАРСО ТО ХИСОРОТИ ОН 
Ба навиштаи Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, аз ҳисоби партови газҳои гулхонаиву зуҳуроти "Эл-Нино", миёни солҳои 2023 – 2027 дар яке аз он гармӣ ба дараҷаи рекордӣ мерасад. Тайи ин муддат моҳҳои май-сентябр боришот дар Саҳрои Кабир, Аврупои Шимолӣ, нимҷазираи Аляскаву шимоли Сибир зиёд ва дар Амазонкаю баъзе минтақаҳои Австралия кам мегардад.  
«Ин маънои онро надорад, ки ҳарорат ба таври доимӣ 1,5 дараҷа боло хоҳад рафт, ки дар Созишномаи Париж омадааст. Нигаронии мо аз он аст, ки гармшавӣ афзоиш хоҳад ёфт», – гуфт Котиби генералии Созмон, профессор Петтери Таалас. Илова бар ин, гарм ва шӯршавии оби уқёнусҳо, обшавии пиряхҳо мушкилоти ҷиддиеанд, ки дар ҳоли наандешидани чора, оқибати ногувор доранд.  
Созмони мазкур хисороти вобаста ба тағйирёбии иқлимро ҳисоб кардааст, ки аз он танҳо Аврупо беш аз 2 миллиард доллари ИМА зарар дида, 16 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дод. Аз рӯи ҳисоби коршиносони канадагӣ, то соли 2030 зарари ҳодисаҳои тибиии вобаста ба гармшавии иқлим баву-ҷудоянда, дар ин кишвар ҳамасола ба 11 миллиард доллар мерасад. 
Боз бармегардем сари зуҳуроти "Эл-Нино". Таҳлилгарон бар онанд, ки он тирамоҳи имсол зуҳр карда, буҳрони иқлимро шадидтар менамояд. Вале олимони Коллеҷи Дартмут иддао доранд, ки ин раванд солҳои пеш ҳам ба назар мерасид. Махсусан, солҳои 1982-1983 ва 1997 – 1998 «Эл-Нино» ба иқтисоди ҷаҳон зарба зада, тайи солҳои охир 5,7 триллион доллар хисорот овард ва тарқрибан 23 ҳазор нафарро ба коми марг кашид.
 
ЧӢ БОЯД КАРД?
Ҳарчанд дар тағйирёбии иқлим худи инсоният нақш дорад ва ё кори дасти онҳост, боз ҳам инсоният муваззаф аст барои рафъи он чораандешӣ намояд. Барои ин, пеш аз ҳама, лозим аст, ки кишварҳои олам ба энергияи барқароршаванда гузаранд ва тадриҷан аз истифодаи сӯзишвории нафтӣ даст кашанд. Вале барои ин триллионҳо доллар лозим аст, то неругоҳҳои офтобию шамолӣ сохта, мошинҳои барқӣ ҷои нақлиёти бо бензину дизел ҳаракаткунандаро гиранд. Гузашта аз ин, шабакаҳои барқӣ навсозӣ гарданд. Вале дарёфти сармоягузорон барои пиёда сохтани ин ҳадафҳо дар шароите, ки ҷаҳонро буҳрони энергетикӣ ва озуқаворӣ гиребонгир аст, кори саҳлу сода нест. 
 
ТОҶИКИСТОН АЗ ПЕШСАФОНИ ҲИФЗИ ТАБИАТ 
Маврид ба ёдоварист, ки Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист дар миқёси байналмилалӣ яке аз кишварҳои ташаббускор эътироф гардида, аз рӯи паротови газҳои гулхонаӣ мавқеи пасттарин – ҷойи 130-юмро ишғол менамояд. Сарфи назар аз ин, барои коҳиш додани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ, ба рушди соҳаи гидроэнергетика, ки яке аз манбаъҳои асосии «энергияи сабз» ба шумор меравад, диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Воридоти нақлиёти барқӣ аз андозҳои аксиз ва арзиши иловашуда озод шудааст. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон аз зарари тағйирёбии иқлим эмин нест ва аз 13 ҳазор пиряхи кишвар то кунун ҳазортоаш комилан об шудааст. Ҳаҷми пиряхи Федченко, ки дар хушкӣ воқеъ асту яке аз бузургтарин арзёбӣ мегардад, коҳиш ёфтааст. 
Ҳамин тавр, тағйир-ёбии иқлим имрӯз ба мушкили воқеан ҷиддӣ мубаддал гаштааст ва таъсири онро инсонҳо бо ҷисму руҳашон эҳсос карда истодаанд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, унвонҷӯи ДМТ
Санаи нашр: 24.07.2023 №: 150
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив