ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗНОМАИ «САМАРҚАНД» ВА ТАЛОШҲОИ МАОРИФПАРВАРӢ

РӮЗНОМАИ «САМАРҚАНД» ВА ТАЛОШҲОИ МАОРИФПАРВАРӢ

26 июл 2023, Чоршанбе
23
0
 
Дар муҳити Осиёи Миёна аввалин рӯзнома ба забони тоҷикӣ (форсӣ) «Бухорои Шариф» аст, ки 11 марти соли 1912 дар Когон ба табъ расид. Ин нашрия ба фазои торики Бухоро равшаниву нур овард, аммо, мутаассифона, умри дароз надид, пас аз 10 моҳи фаъолият – 2 январи соли 1913 нашраш қатъ гардид.
Пас аз се моҳи қатъи «Бухорои Шариф», яъне моҳи апрели соли 1913, дар шаҳри Самарқанд рӯзномае рӯйи чоп омад, ки «Самарқанд» ном дошт. «Самарқанд»  яке аз аввалин нашрияҳои сезабона дар Туркистон маҳсуб меёфт, ки аз ҷониби Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ интишор мегардид.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бо матбуот, минҷумла нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф»  ҳамкорӣ намуда, чанд нигоштаи худро дар ин нашрия ба табъ расондааст, ки «Мактуб аз Самарқанд. Чораи тараққӣ ё худ халосӣ аз инқироз» (1912.– 4 ноябр; 6 ноябр; 9 ноябр), «Усули ҷадидия чӣ гуна аст?» (1912.– 28 ноябр), «Ислоҳи мактаб» (1912.–13 декабр), «Мактуби дувум аз Самарқанд. Чораи тараққӣ ё худ халосӣ аз инқироз» (1912.–16 декабр; 18 декабр) ва ғайра аз намунаи онҳост. 
Мавзуи баҳси ин мақолаҳоро вижагиҳои мактабҳои нави аврупоӣ, ҷорӣ намудани чунин мактабҳо дар Туркистон, ба замона мувофиқ кунондани усули таълим, омӯзиши илмҳои замонавӣ (духтур, муҳандис, ҳуқуқшинос, ҷуғрофидон, муаррих), афзалиятҳои «мактаби усули савтия» ва амсоли ин ташкил медиҳанд. Муаллиф аз он нигарон аст, ки «мо уламои динӣ, фазила ва лузум дорем, вале дар тамоми қаламрави Бухоро як нафар ва дар тамоми Туркистон панҷ нафар олими замонавӣ надорем. Бинобар ин, мо дар Русия ба тарафи инқирози иқтисодӣ ва маишӣ медавем ва аммо намедонем». Аз ин рӯ, ӯ зарурати омӯзиши илмҳои замонавиро муҳим ҳисобида, шакл ва зинаҳои мактабҳои нав – ибтидоия, эътидоия (гимназия), дор-ул-фунун (университет)-ро мавриди шарҳу тавзеҳ ва маънидод қарор дода, суди онҳоро дар тарбияи толибилмон нишон додааст.
Дар рӯзномаи «Самарқанд» ба ҷузъ масъалаҳои мактабу маорифи нав, рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоии шаҳри Самарқанд, Туркистон ва Русияву мамлакатҳои дигар низ интишор гардидааст, аммо матолиби тоҷикии онро, асосан, қазияҳои мактабу мадраса ташкил медиҳанд. Ин қазияҳо дар қолаби маводи публитсистӣ, ашъори назмӣ ва латоифу тарҷумаҳо шакл гирифта, манзури хонанда гардонда шудаанд. Чунин масъалаҳо бештар аз ҷониби Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Саидризо Ализода, Хитоии Самарқандӣ, Асъад, Хоҷӣ Муин Шукруллозода, Сиддиқӣ ва дигарон бо номҳои мустаори «Боғишамолӣ», «Бекор» «Н.Ф. Миллӣ», «М.Ш.», «Муш Мирзо», «Нештар», «Сайёҳ» ва ғайра  баррасӣ шудааст.
Дар интишори матлабҳои тоҷикӣ Саидризо Ализода, ҳамчун котиби масъул ва вакили муҳаррир, саҳми бештар доштааст. Дар шумораҳое, ки зери таҳрири ӯ ба нашр расидаанд, маводи тоҷикиашон нисбатан зиёдтар аст. 
Ин нашрия дар Хуҷанд (Мирзоҳид Мироқилов) ва вилояти Самарқанд (Акобир Шоҳмансуров) намояндагӣ доштааст, ки «на танҳо мақолаҳо менавиштаанд, балки мақолаҳои муаллифони дигарро низ, ташкил карда, дар байни муштариёни нашрия таблиғ менамуданд». 
Мундариҷаи нашрияи «Самарқанд»-ро саросар масъалаи мактаб, таълими илмҳои замонавӣ ташкил медиҳад. Масъулини нашрия бар он кӯшидаанд, ки мардумро аз чорчӯбаҳои шахшудаи зиндагӣ берун кашанд, фаҳмонанд, ки ягона роҳи сарнавишти худро ба даст гирифтан омӯхтан аст.  «То аз зери пардаи ғафлат сари худ берун наёрем ва ба кори ҷаҳониён ба назари ибрат нанигарем, ноили гуҳари мақсуд намешавем ва то дасти ҷуръат аз домани исрофкорӣ накашем, соҳиби сарват ва давлат намегардем, даме ки таън ва лаъни мардумон фарогири андешаи мост, маризи пасмондагии моро илоҷе нест».
Давои пасмондагӣ ва раҳоӣ аз вайронии ахлоқу одат омӯхтани илм аст.  «Илмро ба мактабу мадраса меомӯзанд. Агар мактабу мадраса хароб бошад, сабаби харобии дину дунё мешавад. 
Агар мактабу мадраса хароб бошад, мардум забону хатти худро аз даст медиҳанд».
Муаллифи ин мақола мусулмонони Чинро мисол меорад, ки бо иллати бепарвоӣ забон ва хатти худро аз даст доданд ва, ҳатто номҳои хитоӣ ба худ гирифтаанд.
Нашрия на танҳо аз боби зарурати таълиму тадриси фунуни замона навиштааст, балки сарватмандон ва тоҷиронро ба нанг овардааст, ки ба корҳои мактабу маориф кумак расонанд, маблағ гузоранд. «Сарватдорони муҳтарам Ватанро мукарраран арз мешавад, ки бояд аз муаллимони ҷонсупори миллат ва атфоли Ватан хабар гиранд. Ҳар кадом аз муаллимон ва мутааълимонро ва ба тарғиб ва ташвиқи аҳолӣ ва ба таълим ва омӯхтан машғул будагонро ионат кунанд ва ба тарбияти фарзандони миллат кӯшанд, ривоҷи дини ислом ва таъмини истиқбол аз талабаи соҳибтарбия ҳусул хоҳад ёфт».
Нашрияи «Самарқанд» пурра руҳияи ҷадид дошта, маслакаш ислоҳкорӣ аст, ки аз дарку маърифати дурусти Куръон то омӯхтани илмҳои замонавӣ ва танзими расму оинро фаро мегирад. Масъулини нашрия бар он кӯшидаанд, ки ҳар амал ва ҳаракот ба зиндагии рӯз мувофиқ бошад, мардум аз он баҳра гирифта, рафтор, ахлоқ  ва муносибати худро дар ҳаёти ҷамъиятӣ дигар кунанд.  Ҳатто хутбаи намози ҷумъа бояд ба дарди рӯз хӯрад. «Мардум, ки арабӣ намедонанд, бояд, ки баъд аз таҳмид ва тасаллия ва тарзия ва адия мавъизаро аз барои қавм форсӣ ва туркӣ кунанд, то ки самара бичашанд, низ бояд, ки дар мавъиза аз масоили ҳозира баён кунанд  ва ба таҳзиби аҳволи мардум бикӯшанд».
Ин ва амсоли ин масъалаҳо ҳам дар қолаби мақола ва ҳам дар шакли латифа бо ҳазлу мазоҳ баён шудаанд. Ба далели фикр:
Охун ва қишлоқӣ
Қишлоқӣ: Ҷаноби охунд! Саги мо дишаб вафот кард. Марҳамат карда фотеахонӣ оед.
Охунд: Дур шав, эй аблаҳ, барои саги ту….. мехонем чӣ!
Қишлоқӣ: Тақсир! Ӯ худ васият кард, ки: Ҳар  кас маро фотеҳа бихонад, аз равғани гӯсфандоне, ки қуруқ кардаам,  як шикамба диҳед.
Охун: Ҳо! Васият зиёдатар мешуд, ҷанозааш мехондем. Хуб ҳозир аз барои он марҳум ба фотеҳа меравем. (1913.– 28 май).
Зимнан, нашрияи “Самарқанд” дар танқиду мазаммати камбудиву норасоиҳои иҷтимоӣ аз аносири ҳаҷвӣ низ кор гирифтааст. Чунончи дар матни «Мактуб ба идора», ки 24 май, бо имзои «Нештар» ба табъ расидааст, «авзоъ ва ҳолати Боғишамол» – набудани мактаб ва бекориву фориғболии мардум  ба тариқи киноя танқиду мазаммат карда шудааст. Муаллиф ба тариқи киноя аз мавҷудиёти дорулфунуни замонавӣ, мактабҳои меҳнатӣ ва кулфатӣ (бекорӣ)-е сухан меронад, ки шогирдонро ба «говчаронӣ, порукашонӣ, аробакашӣ ва қаровулӣ» машғул мегардонанд. Дар қироатхонаҳо  одамони бекор аз субҳ то шом машғули ҳарзагӯйӣ ва мубоҳисаҳои хаёлӣ ва миллианд”, аз мурда иртиш мегиранд, аз тӯй нон ва қандолот, аз хатми Қуръон каллақанд ва ҷома....          
«Чӣ гуна давлатмандони моро баҳиммат гуфта, ки дар тӯйи хатна ва арӯсӣ ақаллан даҳ ҳазор, дар аъзо ва мурда бештар аз панҷ ҳазор ва дар зиёфат ва меҳмонӣ… ҳазор танга харҷ мекунанд, аммо дар роҳи мадорис ва мактаб, ки тарвиҷи дин ва тараққии миллати ислом ба воситаи онҳост, ду пули сурх ҳам сарф намекунанд!!!».
Ҳамин тавр, нашрияи «Самарқанд», ки чоряки онро маводи тоҷикӣ ташкил медиҳад, аз нигоҳи шаклу ороиш ва мазмуну мундариҷа дорои вижагиҳои хос аст. Ҳарчанд дар он аз рӯйдодҳои ватаниву хориҷӣ хабарҳо дарҷ гардидааст, аммо ағлаби маводи рӯзномаро матлабҳои таҳлилӣ ташкил медиҳанд. Аксарияти чунин матолиб ба мактабу маориф ва омӯзиши илмҳои замонавӣ иртибот дошта, бо руҳияи баланди ислоҳотхоҳона навишта шудаанд, ки имрӯз низ бо шавқи баланд метавон мутолиа кард. Масъулини нашрия илоҷи ҳалли мушкилоти замонро дар омӯхтани илм ва баҳра бардоштан аз таҷрибаи зиндагии кишварҳои пешрафта донистаанд, ки таҷрибаи минбаъдаи кишварҳо дурустии онро собит мекунад.
 
Мурод Муродӣ, профессори ДМТ
Санаи нашр: 25.07.2023 №: 151
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив