ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАН САРОПО ДИЛ АСТ

ЗАН САРОПО ДИЛ АСТ

26 июл 2023, Чоршанбе
14
0
 
Бегоҳ мешуд. Хуршед охирин нурҳои худро ғун мекард.
Ӯ аз айвончаи худ, гӯё бо Хуршед хайрбод менамуд. Аз чи бошад, ҳангоми ғуруби Офтоб Олимаро хоҳише пайдо  мешавад, ки бо нигоҳ онро гусел кунад. Дигар он, ки як оҳанги басо  шинос ва дардолуд вуҷудашро фарогир мешаваду ашкҳои чашмонашро  нигоҳ дошта наметавонад.
Дар рафтани Офтоб ӯ садои модарашро мешунид.
«Духтарам, бегоҳ шуд, доруҳои маро намеорӣ?».
Ӯ медонист, ки модараш шабҳо чӣ дарде мекашид, чӣ азобе дошт. Модар аз омадани торикӣ ғам  мехӯрд, худро нороҳат ҳис  мекард, ки духтари  меҳрубонаш, пуразобаш Олимаро оромӣ намедиҳад. То нисфи шаб ба ӯ дорую дармон  медиҳад, дар болои  сараш шабзиндадорӣ менамояд. Барои ҳамин дилсӯзӣ, меҳрубониаш модари бемораш хонаи ӯро ихтиёр кард. Модараш бо алам, бо  дард мегуфт: «Духтарам, бегоҳ шуд».
Ӯ сӯзандоруи модарашро тайёр  мекард, зуд-зуд дасту пойи модарашро  молиш  медод ва ҳар лаҳза овози  пурмеҳри модараш дар гӯшаш чун пичир-пичири баргҳо мерасид: «Илоҳо  барака ёбӣ, аз фарзандакот бинӣ. Духтари дилсӯзам, нури  чашмам». Олима дарун-дарун  гиря  мекард, вале боре «оҳ» нагуфт, худ ба  худ месӯхту  азобашро  ифшо  намекард. Саҳар  модарашро ба  пушт  мегирифту  беморхона  мебурд, маҳсу чакак каме дарди  модарашро  сабук  месохт.
Боз ба хона меоварду ба фарзандонаш чӣ сон нигоҳубин намуданро  мефаҳмонд ва ба зани  ҳамсоя  гоҳ-гоҳ хабардор шуданро  хоҳиш  мекарду ба кор  мерафт.
Кор дар озмоишгоҳи Роғун. Ҳар соату ҳар дақиқа барояш чун  дурру гуҳар  қимат. Дар ташхиси хоку санг мутахассис гашт. Аҷаб он, ки хокро бо як ламс, як соиш  мешинохт, ҳис  мекард, ки чӣ гуна аст, чӣ сон бояд баҳо дод.
Хокшинос шуд. Ҳису дарки хок барои занон аз азал ошност.
– Олимаҷон, як фишори маро  намесанҷӣ? – гуфтани муовини  директори озмоишгоҳ Абдулло  Сафаров ӯро ба худ  овард.
– Ҳозир, ака, – гуфту фишорченкунакро гирифт.
Санҷид, баланд.
– Ака, доруи фишор  надоред?
– Хӯрдам, таъсираш кам, – гуфт ӯ.
– Ман лимончой мекунам, нӯшеду каме дам гиред.
– Хайрият, ту ҳастӣ, Олимаҷон, – гуфт Абдулло Сафаров.
Ин сухани ошно ӯро боз ба он рӯзҳо бурд.
Чанд сол пеш ба озмоишгоҳ марди хушлибос ва ширингуфтор Исмоил Рофиев омад.
Марди доно, олим ва чашмикордон.
Сахтгирию ҳалолкориаш ба ҳама писанд намеомад, вале ӯро аз ҳама  беш эҳтиром  мекард.
– Шумо, бонуи заминиед, – мегуфт.
– Барои ҳамин хокро дақиқ  ташхис  мекунед.
Он мардро чун падар  эҳтиром  менамуд. Аз чӣ бошад, фишораш  доимо  бозӣ  мекард. Табиат ба Олима хислати табибиро арзонӣ дода.Сӯзандору намудан, фишорро санҷидан, дард-ро зуду дақиқ аз рӯи фаросат фаҳмидану дарк карданро Худованд ба ӯ насиб кардааст. Ҳатто духтурони ботаҷриба ин истеъдоди ӯро пай бурда, ба кор даъват намуда буданд. «Шумо табиатан духтуред», – мегуфтанд онҳо…
Олим Исмоил Рофиев Олимаро  духтархонд  гирифту  фаҳмид, ки  зиндагии осуда  надорад. Бо  азобу  машаққат дар ин  коргоҳ ҷой  ёфтааст.
Боре дар  маҷлисе сардор Олима Искандароваро огоҳии сохт дод, ки саҳар  ба  кор гоҳ-гоҳ дер меояд.
Ӯ бо ашкҳои чашмонаш ҷавоб дод.
Дили  Исмоил, он олими хушсухан ба ӯ сӯхт.
Гуфт: – Чӣ гап шуд?…
– Ҳеҷ чиз, дер мондам…
Як саҳар Исмоил Рофиев бо сардор аз роҳ мегузаштанд, ки аз дур занеро диданд, ки дар пушташ зани дигар тез-тез ба сӯи беморхонаи шаҳраки Роғун меравад.
Дили Исмоил гуфт: «Он Олима аст».
Нигоҳи сардор дид: «Вай Олима аст»
Ӯ Олима буд, модарашро ба духтур  мебурд. Духтурхона он қадар дур нест, вале  модар  мадори роҳгаштан  надорад.
Вақти аз духтурхона берун  шудан рӯбарӯяш Исмоил  Рафиев ва сардорро дид, дар ҷояш шах шуд ва базӯр овоз  баровард:
- Ман, ман  модарамро ба хона  барам зуд, ба кор  меравам.
Ҳар ду хомӯш об дар чашм гуфтанд:
- Майлаш, саросема нашав, биё, мо модарро ба хона барем.
- Не, ман худам…
Он рӯз сардор бо овози каме ларзон ба  Исмоил гуфт: «Маро  Олима  мебахшида бошад?».
Боз маҷлис шуд, ба  Олима  мукофот ва кӯмакпулӣ доданд...
Ҳарчанд духтари дилсӯз талош мекард, ҳоли модар беҳ намешуд. Дардаш зиёду азобаш бештар мегашт. Як рӯз модар ӯро ба наздаш хонд. «Илоҳо, хока гирӣ, зар гардад, рӯзҳои пурнур ва хурсандӣ насибат шавад. Барака ёбӣ, бисёр азобат додам».  Олима модарашро оғӯш карду гуфт: «Ин хел нагӯед, очаҷон» ва китфонаш ларзиданд.
Баъди се рӯз модар ба азоби дард тоб наоварду даргузашт .
Он рӯз ҳам Офтоб ғуруб  мекард.
Олимаро суханони охирини  модараш сахт дар ёдаш мондааст: «Духтарам, ҷону ҷигарам, ман барои чи ба хонаи ту омадаму гуфтам, то охир бо ту  бошам. Ман ба як суханам, ки ба  ту гуфтам, то имрӯз худамро намебахшам.
Ёдат ҳаст, дар шаҳри Душанбе, дар ҳавлӣ мезистему  чӣ рӯзҳои сахте ба сарат омад? Касофати ҷангу гурӯҳбозӣ сабаб шуд, ки шавҳаратро маҳкам карданд, ҳар рӯз  туро ба ин ё он идора барои пурсуҷӯ  мебурданд. Аз зиндагӣ безор шуда будӣ. Охир, фаҳмиданд, ки шавҳарат Одил  бегуноҳ. Дигар кор нагирифтанд. Аз ту узр ҳам пурсиданд.
Ӯ ба Россия рафту бе  ному нишон шуд. На хатту хабар на занги телефон. Гуфтам:
- Биё, кӯдаконатро ба сағирахона медиҳем, ту ҳам як рӯзи некро бубин.
Гуфтӣ:
- Очаҷон, ман як куртаро се сол, даҳсол  мепӯшаму намегузорам фарзандонам бе меҳри  модар калон  шаванд.
- Он рӯз ба худ  ларзидам, аз Худо ҳазору як бахшиш пурсидам. Намедонам гуноҳамро  мебахшӣ ё не, ман  аз он  суханам ва ҷавоби  ту шарм  медорам. Дидам, ту чӣ хел мардона, кор кофтӣ, ба Роғун омадӣ, ҷою макон пайдо кардӣ. Шабу рӯз кор кардӣ. Рӯзҳои  дамгириат ба  бозор рафта, шабҳо бор  мефаровардӣ, ба ангурфурӯшон ёрӣ медодӣ, то як даромаде дошта бошӣ, ки кӯдаконат гушна намонанд…».
Модар сахт гиря кард.
Олима модарашро оғӯш намуду баробари  ӯ гирист.
Ва яке эҳсос намуд, ки  ҷисми модараш суст мешавад.
- Оча, очаҷон - гуфта, хост ӯро ба худ биёрад.
Дар рӯи модар чанд қатра ашк ях баста буданд.
Ӯ навҳа карду чор фарзандашро ҳамсадои худ дид, ки гирдашро печонда гиря  доранд.
Сари онҳоро ба синааш пахш карду ҷигарреш нола кард.
Аз дидагонаш гӯё хун меборид.
Аз он рӯзҳо чандин сол гузашта…
Ҳоло даст ба чеҳрааш бурд онро тар ёфт.
Садои фарзандаш ӯро ба худ овард:
- Оча, аком аз Рассия занг мезанад…
Бо фарзандонаш гап зад. Ҳар яке роҳу равшани зиндагиро  ёфтанд. Танҳо хурдӣ бо модар монда. Онҳоро бо нони Роғун калон кард, ба воя  расонд.
Дар ҳамин шаҳрак ҷой ёфт, кор ёфт, зиндагии осуда ёфт.
Фаҳмид, ки ҳамсараш бо кадом ҷурме дар Россия зиндонӣ шудааст. Чанд рӯз пеш аз худ дарак дод, ки ба наздикӣ озод мешавад…
Охир: «Сабру тоқат истеъдоди зан аст».
Сабру тоқат ӯро ба муроди дилаш расонд.
Зиёда аз 15 сол аст, ки яке ташхисгари  хоку сангреза  ва қум дар озмоишгоҳи марказии сохтмони Роғун кор мекунад.
Аз ҳама асос обрӯ ва ҳурмату эҳтиром дорад…
Торикӣ фаромад. Кӯчаҳои шаҳраки Роғунро барқ нурафшонӣ намуд.
Як оҳанги руҳпарвар ҳастии Олима Искандароваро фарогир шуда.
Як шеъраке аз куҷо хондааш дар хаёлаш чарх зад:
Ҳар куҷо, ки сабза бархезад зи оҳанги баҳор,
Хок монаи дил асту сабза ранги орзу.
 
Ш. ҲАҚНАЗАРОВ
Санаи нашр: 26.07.2023 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив