ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ПАРДОХТИ ҲУШМАНД” ЧӢ ТАВР АМАЛӢ МЕШАВАД?

“ПАРДОХТИ ҲУШМАНД” ЧӢ ТАВР АМАЛӢ МЕШАВАД?

26 июл 2023, Чоршанбе
86
0
 
Аз 1 август дар пойтахт ва дигар шаҳру навоҳии мамлакат пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ғайринақдӣ сурат мегирад. Шаҳри Душанбе аз аввалинҳо шуда ҷиҳати татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” гом бардошт. 7 июл қарори раиси шаҳри Душанбе оид ба амалӣ намудани лоиҳаи “Пардохти ҳушманд” имзо шуд. Дар асоси ин қарор, аз 1 август тамоми сохторҳои шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ истифодабарии барномаи «Пардохти ҳушманд (Smart Pay)»-ро дар фаъолияти кории худ ба роҳ монанд.
Ин барнома чӣ гуна кор хоҳад кард? Бо ин савол ба КВД “Шаҳри ҳушманд” муроҷиат кардем. Тавре ба мо иттилоъ доданд, барнома, пеш аз ҳама, барои таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ замина гузошта, барои баланд бардоштани рейтинги байналмилалии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меорад. 
– Барномаи «Пардохти ҳушманд» на танҳо барои қабули пардохтҳо, балки платформаи автоматикунонии ҳуҷҷатгузории корхона барои қабули аризаҳои шаҳрвандон ба таври электронӣ, коркард, таҳлил ва сабти маълумот мебошад, – иброз дошт мутахассиси КВД “Шаҳри ҳушманд” Ш. Зубайдзода. Ба иттилои мутахассис, дар ҷараёни татбиқ ва ҷорӣ намудани барномаи «Пардохти ҳушманд» дар муассисаҳои давлатӣ ҷамъоварии маълумот ва омӯзиши хусусияти фаъолият, насби барнома ва гузарондани санҷиши коршоямии он, оғози амалиёти пардохти ғайринақдӣ бо ёрии системаҳои пардохтии бонкҳо (кортҳои бонкӣ, замимаҳои мобилӣ, ҳамёнҳои электронӣ, терминалҳои хизматрасонӣ, QR-рамзҳои пардохтӣ ба анҷом расонда мешаванд. 
Татбиқи барнома дар марҳилаи дуюм барои дигар муассисаҳои давлатию хусусӣ ба роҳ монда хоҳад шуд. Дар самти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, асосан, бонкҳо саҳм хоҳанд гузошт. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бонкҳои кишвар дар нуқтаҳои савдои пойтахт QR-рамзи ягонаро амалӣ мекунад. Тавре мутахассиси Бонки “Алиф” Беҳзод Камолов шарҳ медиҳад, омодагӣ ба татбиқи лоиҳа бояд 1 июл анҷом меёфт. Тамоми ташкилотҳои қарзӣ-молиявӣ бояд ба низоми нав ворид шуда, лавҳаҳои QR-рамзро ба формати ягона иваз менамуданд.
– То имрӯз дар 70 дарсади нуқтаҳои савдо лавҳаҳо иваз шудаанд. Ният дорем, то охири моҳи июл тамоми корҳоро дар ин бобат анҷом диҳем, – гуфтааст ӯ.
Бо истифода аз QR-рамзи ягона муштариён метавонанд аз тариқи ҳамаи ҳамёнҳои мобилӣ пули молу хизматрасониҳоро пардохт намоянд.
– Қаблан, дар нуқтаҳои савдои чакана муштариён бояд мепурсиданд, ки бо QR-рамзи кадом бонк пардохт кунанд. Агар бонки мавриди назарашон намешуд, нақдӣ пардохт менамуданд. Ҳоло танҳо як QR-рамз мавҷуд аст. Дар сурати мавҷуд будани дилхоҳ ҳамёни мобилӣ муштариён метавонанд ба осонӣ дар фурӯшгоҳҳо пардохт анҷом диҳанд, – шарҳ додааст мутахассис.
Гузариш ба пардохти ғайринақдӣ ба сарфаи вақт ва хароҷоти иловагии муштариён мусоидат мекунад. Инчунин, низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкоматҳову хазинаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз байн мебарад.
Дар асоси Фармони Президенти кишвар барои амалӣ намудани ин иқдом бояд миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шаванд. Қаблан иқдомҳое дар ин самт рӯи даст гирифта шуданд, аммо ба назар мерасад, ки пурра муваффақ нагардидаанд. Аз ҷумла, соли 2018 дар нақлиёти ҷамъиятӣ пардохти ғайринақдӣ ба роҳ монда шуд. Солҳои аввал, ки назорат пурзӯр буд, беш аз 70 дарсади мусофирон аз корти нақлиёт истифода мекарданд, ҳозир бошад, ин рақам ба 20 дарсад расидааст.
Дар амалӣ намудани пардохтҳо ба таври ғайринақдӣ саҳми ширкатҳои таъмини интернет низ, калон хоҳад буд. Дар бобати баланд кардани суръати интернет ва арзон намудани арзиши он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Хадамоти алоқа супориш дода буданд, аммо вазъ то имрӯз тағйир наёфтааст. Ҳамчунин, аҳолии деҳот ба интернет дастрасӣ надоранд, ки монеи татбиқи Фармони мазкур мегардад. Дар робита ба ин, Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилӣ ва коммуникатсиониро зарур аст, ки доир ба таъмини интернет дар деҳот андеша намоянд, то онҳо низ, пардохтҳоро ғайринақдӣ анҷом дода тавонанд. 
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.07.2023 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив