ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ МОДАРОНИ «ШОҲНОМА» ТО МОДАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АЗ МОДАРОНИ «ШОҲНОМА» ТО МОДАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

28 июл 2023, Ҷумъа
48
0
 
Модар ҳамеша дар фарҳанги ҷомеаҳои башарӣ ситоишу тамҷид шуда, дар фарҳангҳои башарӣ бисёр қобили эҳтиром аст. Аз ин рӯ, тули таърих аз Ватану замин низ ба номи Модар, Модар-Ватан ва Модар-Замин ёд шудааст. Мушоҳида мешавад, ки ҳатто Ватану Замин низ эътибори худро аз Модар гирифта ва бо омадани вожаи Модар пеши номи Ватану Замин, ба Ватану Замин аҳамият бахшида шудааст. 
 
Заноне дар таърих фарзандонеро парвардаанд, ки дар сарнавишти таърихии як кишвар ва ҷомеа таъсири раҳоибахш доштаанд. Ба ҷойгоҳи чанд модар дар «Шоҳнома» ишора мекунам, ки фарзандоне дар шароити сахти таърихӣ парвардаанд ва фарзандони онҳо кишвар ва ҷомеаҳоро аз шароити сахту душвор убур дода ва боиси раҳоию озодии кишвару мардуми он шудаанд. Ҳама медонем, «Шоҳнома» асарест, ки гузаштаи мардуми ориёиро баён мекунад ва ин мардум шомили кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон мешаванд. 
Эронзамин пас аз подшоҳии Ҷамшед ба дасти бегонае бо номи Заҳҳок меафтад. Фирдавсӣ даврони Заҳҳокро чунин баён мекунад:
Ниҳон гашт кирдори фарзонагон,
Пароканда шуд коми девонагон.
Ҳунар хор шуд, ҷодуӣ арҷманд,
Ниҳон ростӣ, ошкоро газанд. 
Шуда бар бадӣ дасти девон дароз,
Ба некӣ набудӣ сухан ҷуз ба роз.
 
Дар даврони Заҳҳок касе наметавонист аз некию хубӣ ошкоро сухан бигӯяд ва агар касе аз некуӣ сухан мегуфт, бояд бо розу пинҳонӣ сухан мегуфт. Дар чунин вазъияте, модаре аз Эронзамин, ки шавҳараш бо номи Обтин аз дасти Заҳҳок кушта шуд ва ӯ писареро ба сахтию душворӣ бузург кард, ки ин писар ба давраи торики Заҳҳок поён бахшид. Ин модар Фаронак ном дошт ва Фаридун писари ӯ буд. Фаронак Фаридунро аз тарси Заҳҳок пинҳон ва бузург кард, зеро афроди Заҳҳок дунболи Фаридун буданд, то ӯро бикушанд. Фирдавсӣ дар бораи ин модар чунин месарояд:
Хирадманд моми Фаридун чу дид,
Ки бар ҷуфти ӯ бар чунон бад расид. 
Фаронак будаш ному фархунда буд,
Ба меҳри Фаридун дилоганда буд. 
Давон доғи дилхастаи рӯзгор,
Ҳамерафт пӯён бад-он марғзор.
Ба пеши нигаҳбони он марғзор,
Хурӯшиду борид хун бар канор.
Бад-ӯ гуфт, к-ин кӯдаки ширхор,
Зи ман рӯзгоре ба зинҳор дор!
 
Фаридун, ки ҳанӯз кӯдак буд, модараш ӯро аз тарси Заҳҳок дар марғзоре ба марде месупорад то ӯро бо шири гов бипарваронад. Чанд соле мегузарад ва афроди Заҳҳок аз макони Фаридун пай мебаранд. Фаронак пеш аз он ки афроди Заҳҳок ба он макон бирасанд, Фаридунро аз он ҷо ба Ҳиндустон ва аз он ҷо ба Албурзкӯҳ мебарад.
Ҳангоме ки Фаронак писарашро аз марғзор мебарад, Заҳҳок ба марғзор мерасад ва ҳар чи ҷустуҷӯ мекунад, Фаридунро пайдо намекунад. Фаридун дар Албурзкӯҳ бузургу барӯманд мешавад ва ба 16-солагӣ мерасад. Ӯ аз модар дар бораи падараш мепурсад ва модараш ба ӯ мегӯяд, ки падарат Обтин, аз табори Каён буд ва ба дасти Заҳҳок кушта шуд. 
Мардуми Эронзамин, ки аз ситами Заҳҳок ба ҷон расида буданд, дунболи раҳбаре буданд. Коваи Оҳангар аз ситами Заҳҳок эътироз кард ва мардум бо Кова ҳамсӯй шуданд. Фаридун бо дарки вазъият пеши модараш омад ва иҷозат хост, то барои поён бахшидани ситами Заҳҳок ба мардум бипайвандад ва модараш низ иҷозат дод. Фаридун ба ҷанги Заҳҳок рафту ӯро шикаст дод ва озодию амнияту адолатро таъмин кард:
Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,
Надонист ҷуз хештан шаҳриёр.
Ба расми каён гоҳу тахти меҳӣ,
Биёрост бо тоҷи шоҳаншаҳӣ.
Ба рӯзи хуҷаста сари меҳрмоҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.
Замона беандӯҳ гашт аз бадӣ,
Гирифтанд ҳар кас раҳи бихрадӣ. 
 
Пас аз модари Фаридун, модари дигаре, ки фарзандашро бо сахтӣ бузург карда ва ҳамеша дар канори фарзандаш буда, то фарзандаш битавонад бадиро нобуд ва адолату озодиро таъмин кунад, Фаригис – модари Кайхусрав буд. Фаригис духтари Афросиёб ва ҳамсари Сиёвуш аст. Афросиёб саранҷом Сиёвушро кушт ва тухми кинаю душманию беадолатиро кошт:
Сиёвуш бинолид бо Кирдигор,
Ки эй бартар аз ҷою аз рӯзгор.
Яке шоҳ пайдо кун аз тухми ман,
Чу хуршеди тобанда бар анҷуман.
Ки хоҳад аз ин душманон кини ман,
Кунад тоза дар кишвар ойини ман. 
 
Касе бояд аз роҳ мерасид, то интиқоми хуни Сиёвуши бегуноҳро мегирифт, адолатро таъмин мекард ва бадиро аз миён мебурд. Ин фард Кайхусрав фарзанди Сиёвуш ва набераи Афросиёб буд. Вақте Сиёвуш кушта шуд, Кайхусрав ҳанӯз ба дунё наомада буд. Афросиёб мехост духтарашро низ бикушад то фарзанди Сиёвуш бо модараш аз байн бираванд:
Бар Гарсевази баднишон шоҳ гуфт,
Ки инро ба кӯй оварид аз нуҳуфт. 
Шабонгаҳ ба даргаҳ бибурдаш кашон,
Бари рӯзбонони мардумкушон.
Бад-он то бигиранд мӯйи сараш,
Бидарранд бар тан ҳама чодараш.
Занандаш ҳаме чӯб то тухми кин,
Бирезад бар ин бум аз Эронзамин.
Нахоҳам зи бехи Сиёвуш дарахт,
На шоху на баргу на тоҷу на тахт!
 
Пирон, вазири Афросиёб, Фаригисро наҷот медиҳад. Вақте Кайхусрав таваллуд мешавад, ӯро дар кӯҳе ба шубонҳо месупоранд. Модараш муроқиби ӯст ва аз хубу бади ҷаҳон ба ӯ мегӯяд. Фаригис пас аз сахтию заҳматҳои зиёде, ки дар парваришу нигаҳбонӣ ва муҳофизати Кайхусрав кашида буд, саранҷом бо ёрии Гев ҳамроҳ бо фарзандаш ба Эронзамин фирор мекунад, то ки Кайхусрав ба ҷойи Кайковуси падарбузургаш ба подшоҳӣ бирасад.
Кайхусрав барои интиқоми хуни Сиёвуш ва барои татбиқи адолат бо Афросиёб, ниёи модарии худ, размид ва саранҷом адолатро татбиқ кард ва ба бадию ситамгариҳои Афросиёбу лашкариёнаш поён бахшид. Тавре ки Фаридун мардумро аз ситами Заҳҳок наҷот дод, Кайхусрав низ мардумро аз ситами Афросиёб наҷот дод ва адолату амниятро дар Эронзамину Тӯронзамин рӯйи кор овард. 
Дар ин ду достон мебинем, ки модарон чи гуна ранҷу заҳмат мекашанд, то фарзандони худро ба ҷойгоҳи лозим бирасонанд, ки фарзандонашон барои худ ва ҳам ҷомеа муфид бошанд. Модарон ранҷу заҳмати худро барои парвариши фарзандон анҷом медиҳанд ва фарзандонро ба ҷойгоҳе мерасонанд, ки онҳо мустақилона вориди зиндагӣ мешаванд ва аммо модарон то охири зиндагӣ нигарони сарнавишти фарзандони худ ҳастанд. Бинобар ин, ранҷи модаронро нодида нагирем ва пандшунави модарони худ бошем. Фаридун ва Кайхусрав ранҷи модарони худро дарк карданд ва ҳамеша пандшунави модарони худ буданд, то ин ки дар зиндагӣ муваффақ шуданд. 
Ин ёддоштро мехоҳам бо ситоиши модарон ва махсусан, бо ситоиши модари ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбар ва Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ва миллати тоҷик поён бибахшам. Ҳамзамон, ба модари ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дуруд мефиристам, ки эшон барои парвариши ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон заҳматҳои зиёд кашида ва фарзанди худро ба ҷойгоҳе расонда, ки ӯ миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистонро аз ҷанги дохилӣ наҷот бахшида, амниятро ба ин кишвар овард. Овардани сулҳу амният, суботи сиёсӣ, эҷоди зерсохтҳо ва тавсеаи иқтисодӣ аз дастовардҳои муҳими ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар тайи ин 26 сол мебошанд. 
Мо борҳо тавассути ютюбканалҳо дидем, ки Президенти Тоҷикистон аз модари бузургвори худ сухан гуфта, ашк мерезад, ранҷҳои кашидаи ӯро ёд мекунад ва миллаташро ба модаршиносиву қадрдонии ин зоти пок ҳидоят менамояд. Ӯ воқеан ҳам, дар домани як модари одиву дарёдили тоҷик сабзида, дар саҳни як русто ба воя расида, то ба қаҳрамониҳо, то ба корнамоиҳои азим даст ёфт. Бо вуҷуди он ки шахсияти ҷаҳонӣ шуд, ҳаргиз модар ва ҷойгоҳи ӯро фаромӯш накард. Маҳз илтифоти илоҳӣ, дуои сабзи модараш ӯро ба тахти арҷ, ба тахти наҷобату роҳбарӣ расонд.
Ҳақиқат ин аст, ки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистон ҳамон ҷойгоҳу нақшеро доранд, ки Фаридун барои Эронзамин дошт, зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарнавишти таърихии миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистон таъсири раҳоибахш доштаанд. Ин марди бузург миллати тоҷик ва сарзамини Тоҷикистонро дар бурҳае аз таърих аз мушкилоти таърихӣ берун оварда ва ин миллатро дар масири дурусти таърих қарор доданд. 
 
Яъқуби ЯСНО,
пажӯҳишгари адабиёт аз Афғонистон
Санаи нашр: 28.07.2023 №: 153
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив