ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАЛҶУВОН.  АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

БАЛҶУВОН.  АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

13 феврал 2023, Душанбе
20
0
Тавре раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ба хабарнигори махсуси «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, соли сипаришуда барои тамоми соҳаҳои халқи ноҳия бобарор буд. Дар натиҷаи талошу заҳматҳои созандаи меҳнаткашон ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия бамаротиб беҳтар гаштанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон давоми соли 2022 таваҷҷуҳи асосиро ба ғанӣ гардондани қисми даромади буҷети маҳаллӣ равона намуда, иҷрои бомуваффақияти нақшаҳои пешбинишударо ба таври бесобиқа таъмин карда, дар байни кишвар ҷойи намоёнро ишғол намуд. Маҳз натиҷаи тадбирҳои андешидашуда буд, ки иҷрои нақшаи даромади буҷети ноҳияи Балҷувон бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 121 дарсад иҷро гардид. Яъне, ба ҷойи 12 миллиону 963 ҳазор сомонӣ ба буҷет 15 миллиону 658 ҳазору 440 сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 2 миллиону 965 ҳазору 440 сомонӣ зиёд мебошад. 
Таъсиси ҷойҳои нави корӣ, самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Соли сипаришуда ба бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1012 нафар корҷӯ муроҷиат кард, ки аз ин 667 нафар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо бо ҷойҳои кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шуд. 
 
КИШОВАРЗӢ
Кишоварзӣ соҳаи асосии иқтисодиёти ноҳия ба ҳисоб рафта, сол ба сол рушд меёбад. Дар заминаи истифодаи имкониятҳои мавҷуда, кишоварзон дар ҳамаи бахшҳои соҳа нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ба даст меоранд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 298 миллиону 274 ҳазору 300 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 5 миллиону 985 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Соли гузашта майдони кишти ғалладонагиҳо дар ноҳия 3 625 гектарро ташкил дод. 
Маҳсулоти гӯштӣ низ, яке аз самтҳои афзалиятноки амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, соли 2022 истеҳсоли гӯшт дар ноҳия ба 4310 тонна, шир 9960 тонна, тухм ба 1174,0 ҳазор дона расонда шуд, ки мутаносибан 107 дарсадро ташкил медиҳад. 
 
САНОАТ
Соҳаи саноат низ яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар низоми муносибатҳои иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда метавонад дар беҳбудии сатҳи зиндагии мардум ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо назардошти сохтани корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, нақши муносиб гузорад. Дар партави дастуру супоришҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи амалисозии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар дар ноҳияи Балҷувон қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Давоми соли 2022 дар ноҳия се корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, дар ду корхонаи дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Айни замон як корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намуда, дар мақомоти дахлдори давлатӣ ба қайд гирифта шуд. 
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, ба 21 миллиону 784 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиону 393 ҳазору 600 сомонӣ зиёд мебошад. 
   
МАОРИФ
Рушди соҳаи маориф дар меҳвари асосии сиёсати давлат қарор дошта, барои рушди ин соҳаи афзалиятнок тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда мешаванд. Айни замон дар ноҳия як интернати вилоятии наздимактабӣ, 48 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла як гимназияи давлатӣ, 23 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 12 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 12 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 7 ҳазору 340 хонанда таҳсил мекунад. 
Дар 2 муассисаи томактабӣ 95 кӯдак ва дар назди 15 муассисаи таълимии ноҳия 281 кӯдаки синни 5-6-сола ба маркази инкишофи кӯдак фаро гирифта шудааст. Бояд гуфт, ки тамоми тадбирҳо барои беҳтар намудани низоми муассисаҳои маориф, амалӣ шуда истодаанд. Бо андешидани тадбирҳои иловагӣ ва роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд бо маблағгузории Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди МТМУ № 8 синфхонаҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шуд. Инчунин, корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии деҳаи Қуҷабулоқ ба анҷом расида, рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешавад. 
 
ТАНДУРУСТӢ СОҲАИ ТАҚДИРСОЗ
Дар соҳаи тандурустии ноҳия 367 корманд фаъолият дорад. Давоми соли 2022 беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои рақамӣ 7959 нафарро қабул ва 1542 касро дар шуъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллудхона, бемориҳои дарунӣ, кӯдакона, гӯш, гулу, бинӣ ва дил бистарӣ намуданд. 
Бо ҷалби соҳибкорон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як маркази саломатӣ дар деҳаи Шаидон ва як бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Қуҷабулоқ сохта шуда, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешаванд. Инчунин, бо ҷалби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои муҷаҳҳаз намудани бунгоҳу марказҳои саломатӣ бо таҷҳизоти корӣ ва тиббӣ ба КАТС-и ноҳия ба маблағи як миллион сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ ворид гардид, ки ба рушди соҳа мусоидат хоҳад кард.
 
ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ 
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои бунёдкорию созандагӣ рӯз ба рӯз вусъати тоза мегиранд. Айни замон дар 49 иншоот корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, ба ҳолати 1 январи соли 2023, дар маҷмуъ 28 иншоот, аз ҷумла 1 муассисаи таълимӣ, 3 корхонаи саноатӣ, 1 корхонаи гиёҳҳои шифобахш, 1 корхонаи сангу шағал ва коркарди маҳсулоти нафтӣ, кашидани хати оби нӯшокӣ ба маркази ноҳия, мумфарш кардани роҳҳои байни маркази ноҳия то деҳаи Тупхона, дар 3 қитъа корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шуда, 18 иншооти дигари маишию хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Инчунин, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди муассисаҳоии таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 13.02.2023 №: 34
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив