ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФИРӮЗА РАҲМАТ: “ИЛМИ СИТОРАШИНОСИИ ТОҶИК БА ҶАВОНОНИ САБУР НИЁЗ ДОРАД”

ФИРӮЗА РАҲМАТ: “ИЛМИ СИТОРАШИНОСИИ ТОҶИК БА ҶАВОНОНИ САБУР НИЁЗ ДОРАД”

13 феврал 2023, Душанбе
122
1
  
Фирӯза Раҳмат, ахтаршиноси тоҷик, дувоздаҳ сол боз пайи таҳқиқу омӯзиши ҷирмҳои осмонист. Ӯ миёни олимони ин соҳа бо шавқу шӯр, талош ва ҳадафмандиву дақиқкорӣ ном бароварда, ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. 
 
– Аз овони кӯдакӣ дарк мекардам, ки инсон бояд аз худ чизе боқӣ гузорад ва агар номи ӯ дар саҳифаи таърихи миллаташ сабт шавад, пас, хушбахттарин фард хоҳад буд. Вақте дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсил мекардем, аз фанни астрономия ба мо дарс намегузаштанд. Чун он айём ба давраҳои душвори охири солҳои 90-ум рост омад ва норасоии муаллимон дар ҳама фанҳо эҳсос мешуд. Ягона роҳ худомӯзӣ буд. Бо ёрии падар ва муаллимони ғамхор ба худомӯзии ҷирмҳои кайҳон машғул шудам. Дар фосилаи зангҳои дарсӣ рафта, аз муаллимони фанҳои дақиқ суол мекардам ва онҳо то ҳадди имкон посух медоданд, – нақл мекунад ӯ.
Фирӯза дар баробари таҳсил дар кафедраи астрономияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамзамон, кор мекард. Хурсанд Ибодинов, доктори илмҳои физикаю математика ва узви вобастаи АМИТ, ба онҳо дарс мегузашт. 
– Одамоне ҳастанд, ки таҳсил дар донишгоҳро танҳо ба хотири диплом медонанд. Аммо дар раванди таҷриба ба хулосае омадам, ки муҳити Донишгоҳ ва фаъолият миёни шахсиятҳои соҳибкасбу ботаҷриба қобилияти ҳалли масъалаҳо, пайдо кардани роҳҳои баромадан аз вазъияти душвор ва дар суръати ноком шудан, таслим нашуданро меомӯзад. Таҳсил ва кор дар Донишгоҳ сатҳи маълумоти умумии маро баланд бардошт, маҳз ба шарофати ҳайати омӯзгорон омӯхтан, фикр ва таҳлил кардан, инчунин, дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ моҳирона ва равшан баён кардани андешаро омӯхтам, - меафзояд ҳамсуҳбати мо.
Фирӯза таҳти роҳбарии академик П. Б. Бобоҷонов хусусиятҳои динамикии 206 астероидро бо меъёрҳои алоҳида ҳисоб менамояд. Академик ба ӯ аз фанни механикаи кайҳонӣ дарс меомӯхт. Дар охири таҳсил ӯро ба Институт ба кор даъват мекунанд. Фирӯзабону барои навиштани кори дипломӣ тайи чанд моҳ таҷрибаомӯзӣ карда, таҳқиқи 206 астероидро ба поён мерасонад. Мақсади ниҳоӣ ифшои табиати динамикии 1996 астероидҳои назди заминӣ буд. Дар натиҷа ошкор гардид, ки 206 астероиди назди заминӣ аз рӯи мадори кометамонанд ҳаракат менамоянд ва онҳо ҳастаҳои хомӯшшудаи кометаҳоянд.
 
КОР ДАР РАСАДХОНАИ ҚРИМ ВА КИЕВ
Расадхонаи астрофизикии Қрим яке аз калонтарин институтҳои илмӣ-тадқиқотии ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки дар соҳаҳои зерин тадқиқот мебарад: 1. Физикаи ситораҳо; 2. Физикаи Офтоб; 3. Радиоастрономия; 4. Астрономияи экстрагалактикӣ ва гамма-рентгенӣ; 5. Астрофизикаи таҷрибавӣ; 6. Истеҳсоли оптикӣ. 
Маҳз такмили ихтисос дар расадхонаи мазкур тағйироти ҷиддие дар таҳқиқу пажӯҳиши нуҷумшиноси ҷавон овард. Доираи корҳои илмии мутахассисони расадхона хеле васеъ буд. 
– Бо дастгирии профессор Хурсанд Ибодинов, ки он солҳо директории Институтро ба уҳда дошт, се моҳ дар расадхонаи мазкур такмили ихтисос намудам. Яке аз таассуроти хотирмон дар он буд, ки ба воситаи устурлоб (телескоп)-и машҳуртарин - ЗТШ-Шайн, ки қутраш 2,6 м аст, мушоҳидаҳои астрономӣ гузарондам. Он яке аз бузургтарин асбоби астрономии Аврупост, – мегӯяд Фирӯзабону.
То имрӯз мақолаҳои илмии ин бонуи пажӯҳишгар дар маъруфтарин маҷаллаҳои илмии ҷаҳон “Астрономический Вестник”, “Planetary and Space Sciences”, “Advances in Space Research”, “Astrophysics, Contributions of the Astronomical Observatory Skalnaté Pleso”, “Icarus” чоп шуда, таваҷҷуҳи ситорашиносони оламро ба худ ҷалб кардааст.
Фирӯза ҳоло дар расадхонаи Санглох, ки дар ноҳияи Данғара воқеъ аст, ба омӯзиши ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ, ба монанди астероидҳо ва кометаҳо, инчунин, ба омӯзиши ситораҳои тағйирёбанда ва фавқулнав машғул аст. 
Расадхонаи астрофизикии Қрими Академияи илмҳои Россия ва расадхонаи Лесникии Академияи миллии илмҳои Украина низ, маконҳои таҳқиқоти ин бонуст. Омӯзиши фаъолияти афрӯзиши ҷирмҳо, хусусиятҳои динамикӣ ва физикии гурӯҳҳои нави ҷирмҳои хурди системаи офтобии ба наздикӣ кашфшуда, ҷирмҳои гурӯҳи кентавр, ҷирмҳои дорои мақоми духеладошта аз корҳои муҳимтарини ӯст. 
 
БА МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН НИЁЗМАНДЕМ
– Тоҷикистон дорои расадхонаҳои нодир аст ва кӯҳсорони сарбафалаккашидаи кишвар нуқтаи асосии омӯзиши ситораҳост. Иқлими Тоҷикистон барои мушоҳидаҳо ва кор дар ин раванд хеле мусоид мебошад. Илми нуҷумшиносии тоҷик ба ҷавонони лаёқатманд, ки дар ҳақиқат мехоҳанд умри худро ба илм бахшанд, ниёз дорад. Имрӯз ба ин қишри ҷомеа имкониятҳои фаровон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти кишвар фароҳам оварда шудааст. Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардид. Барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо озмунҳои гуногун, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии “Илм –  фурӯғи маърифат”-ро ба роҳ монданд. Нафароне, ки мехоҳанд дар ҷодаи илми нуҷумшиносӣ қадам гузоранд, бояд дар интихоби худ қавӣ бошанд. Пеш аз ҳама, сабр ва таҳаммул намоянд, чун маҳаки илм сабурист, – зикр мекунад қаҳрамони мо.
Аз нигоҳи ӯ, зиндагӣ барномарезии хубу санҷидашуда, ғайрату бебокӣ ва ҳаракат ба сӯи ҳадафҳои созанда аст. 
 
Оламбегими НЕКҚАДАМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.02.2023 №: 34
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (1)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Фируз
Фируз 16 феврал 2023 22:41
Бонуи зебо, ҳамзамон, ба ҷавонӣ нигоҳ накарда, олими шинохта🌹.