ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НБО «СЕБЗОР» БА ОФАТҲОИ ТАБИӢ ТОБОВАР СОХТА МЕШАВАД

НБО «СЕБЗОР» БА ОФАТҲОИ ТАБИӢ ТОБОВАР СОХТА МЕШАВАД

03 август 2023, Панҷшанбе
57
0


  
– Неругоҳи барқи обии «Себзор»  ба ҳама гуна ҳодисаҳои табиӣ,  ба мисли обхезӣ, заминларза, сел, ярч ва сангчарх, тобовар  бунёд ёфта, бехатарии он барои солҳои тулонӣ пешбинӣ шудааст, – изҳор дошт роҳбари лоиҳаи бунёди НБО «Себзор» Фохир  Юсуфбеков ва афзуд, ки бо мақсади таъмини  бехатарии Неругоҳ дар корҳои  оҳану бетонрезӣ ва васлкунии  таҷҳизот  меъёрҳои устувору мустаҳкам будан нисбат ба ҳодисаҳои табиӣ ва техногенӣ пурра ба назар гирифта шуда, ин раванд то анҷоми сохтмон идома меёбад. Дар ин бора Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам борҳо таъкид менамоянд, ки  иншоотро тарзе бояд созем, то ба ояндагонамон, ақаллан, барои 100 сол хизмат расонанд.
– Оё  офати табиии ба наздикӣ дар маҳали Миденведи Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа рухдода, яъне фаромадани сел, ки боиси ба вуҷуд омадани кӯл ва зери об мондани манзилҳои истиқоматӣ ва  дигар иншоот гардид, ба суръати  кор дар НБО «Себзор»   халал ворид накард? – пурсидем аз роҳбари лоиҳа.
Фохир Юсуфбеков дар ҷавоб гуфт, ки ин ҳодиса боиси ба муддати то ду ҳафта ба таъхир афтодани корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Неругоҳ гардид. Мушкилот, асосан, аз вайрон шудани такягоҳи пул дар маҳали Даштак ба миён омад, вале такягоҳи пул ба  зудӣ барқарор  гардида, айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар сарбанд бо низом ҷараён доранд. Обхезӣ ва селоб дар оянда ба Неругоҳ ягон хел хисорот ворид намесозанд, зеро дар даромадгоҳи сарбанд таҷҳизоти махсуси тозакунии об аз регу шағал  ва қум насб мешавад, ки дар ҳама гуна ҳолат  воридоти оби тозашударо ба лӯлаи об таъмин мекунад.
Ба гуфтаи  роҳбари лоиҳа, чанде пеш дар маҳали сохтмон зеристгоҳи 110-киловолта  насб ва мавриди истифода қарор гирифта, хатҳои баландшиддат то шаҳри Хоруғ кашида шуданд. Ин имкон медиҳад, ки талафоти неруи барқ бамаротиб коҳиш ёбад ва сифати барқрасонӣ, аз ҷумла ба мавзеи сохтмон,  беҳтар  гардад.
Айни ҳол дар сарбанд ва бинои Неругоҳ, ки  турбина ва  генераторҳо дар он ҷо насб мегарданд, корҳои сохтмонӣ босуръат идома дошта,  ҳудуди  200 коргар ба шуғл фаро гирифта шудааст. Интизор меравад, ки НБО  «Себзор»  тирамоҳи соли 2024 мавриди истифода қарор гирад.
Мавриди зикр аст, ки НБО «Себзор» айни ҳол дар Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон лоиҳаи калонтарин иншооти сохташудаистода буда,  тавоноии он  12 Мвт мебошад. Сохтмони иншоот бо дастури Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ ва санги асос гузошта шуд. Тибқи шартномаи  тарафайни Ҳукумати Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, Ҳукумати Олмон ва Бонки олмонии рушд(KfW),  барои бунёди Неругоҳ аз ҷониби шарикони рушд 52  миллион доллари амрикоӣ  ихтисос дода  шудааст.
Ба гуфтаи роҳбари лоиҳа, дар баробари бунёди Неругоҳ дар худуди наздик ба он инфрасохтори аҳамияти иҷтимоӣ, аз ҷумла бинои мактаб барои 240 хонанда, кӯдакистон, ду майдончаи варзиш, хатти лӯлаи оби ошомиданӣ сохта мешаванд, ки дар хизмати  аҳолии деҳоти  гирду атроф қарор мегиранд. Ҳамчунин, хатҳои дигари интиқоли барқ пурра навсозӣ  мешаванд. Дар доираи лоиҳа  хоҷагиҳое, ки манзилҳои истиқоматиашон зери сохтмон қарор гирифт, ба ҷойи бехавф кӯчонда шуда, бо манзили зист таъмин гардиданд. Бо ба кор даромадани  Неругоҳ  20 мутахассиси  маҳаллии соҳаи энергетика  соҳиби ҷойи кори  доимӣ мешавад. Таъмини сокинони ноҳияи Роштқалъа ва шаҳру  ноҳияҳои гирду атроф  бо неруи барқи босифат боз ҳам беҳтар мегардад.
   
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.08.2023 №: 156
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив