ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  БА ХОНАВОДАИ ҲАЛОКШУДАГОНИ САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ

ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  БА ХОНАВОДАИ ҲАЛОКШУДАГОНИ САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ

08 август 2023, Сешанбе
4
0
Дирӯз бегоҳӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳодисаи фоҷиабор – садамаи нақлиётӣ рух дод.
Автомашинаи боркаш бар асари нуқси техникӣ ба воситаҳои нақлиёти сабукрав ва ду манзили истиқоматӣ бархӯрд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 10 нафар ҷони худро аз даст дода, чандин нафари дигар захм бардошт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои ҳалокшудагон изҳори ҳамдардии амиқ ва ба захмиён шифои оҷил орзу намуданд.
Роҳбари давлат, ҳамчунин, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки ба хонаводаҳои ҳалокшудагон кумаки моддӣ расонда, барои табобати захмбардоштагон ва барқарор намудани хонаҳои зарардида тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Санаи нашр: 07.08.2023 №: 158
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив