ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КӮЛОБ. Ба зарардидагони садамаи нақлиётӣ кумаки моддӣ расонда шуд

КӮЛОБ. Ба зарардидагони садамаи нақлиётӣ кумаки моддӣ расонда шуд

08 август 2023, Сешанбе
48
0
 
6 август дар километри якуми шоҳроҳи Кӯлоб –Хоруғ, дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб, садамаи нақлиётӣ рух дод.
Тавре Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, тақрибан соати 19:30, воситаи нақлиёти тамғаи «Дулан», дорои ядаки рақами қайди давлатиаш 538 ZН 01, мутааллиқ ба ҶДММ «Кафолат Воридоту Содирот», бо сабаби аз кор баромадани маҷмуи боздории воситаи нақлиёт, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба садама дучор гашт. Дар натиҷа, якчанд воситаи нақлиётро пахш намуда, ба манзили зисти шаҳрвандон бархӯрд. Бар асари ин садамаи фоҷиабор, 10 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафар дар беморхона бистарӣ гардид. Вобаста ба ин ҳодиса, аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар масъулон ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки ба зарардидагон аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ сари вақт ёрии тиббӣ ва моддӣ расонда шуд.
 
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
 
 
Аз идора: ҳайати эҷодии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо андуҳи гарон ба наздикону пайвандони фавтидагон бар асари садамаи фоҷиабори нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоб тасаллият арз намуда, ба маҷруҳони ин ҳодисаи фалокатбор шифои комил хоҳонанд. 
Санаи нашр: 07.08.2023 №: 158
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив