ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАВЛАТАЛӢ САИД:  "ХИЗМАТРАСОНИИ КОММУНАЛӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР БОЯД БЕҲТАР ШАВАД"

ДАВЛАТАЛӢ САИД:  "ХИЗМАТРАСОНИИ КОММУНАЛӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР БОЯД БЕҲТАР ШАВАД"

08 август 2023, Сешанбе
13
0
 
Чанде қабл, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
 
Баррасии вазъи хизматрасониҳои коммуналӣ ва тозагиву ободонӣ дар маркази маъмурии вилоят аз ҷумлаи масъалаҳои асосии ҷамъомади мазкур буд.
Давлаталӣ Саид вобаста ба вазъи партовгоҳҳо, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва баровардани партовобҳои истеъмолкунандагон, истифодабарӣ ва таъмини хизматрасонии иншоотҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, тозагии санитарӣ, ободонӣ, сабзазоркунӣ дар шаҳри Бохтар изҳори назар намуда, фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Бохтарро дар ин самт ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд. 
Ба таъкиди раиси вилоят, масъулони шаҳрдорӣ ва ниҳодҳои дахлдор бояд муҳити атрофро ҷиҳати саломатии инсон ҳифз намоянд, талаботи қонунгузории санитарӣ ва ҳифзи табиатро таъмин карда, вайронкунандагони онро ба ҷавобгарӣ кашанд, назорати давлатиро оид ба риояи қоидаҳои муқарраршудаи санитарӣ, меъёрҳои гигиенӣ ва бехатарии экологӣ ҳангоми муомилот бо партовҳо тақвият бахшанд.
– Дар баробари ин, масъулони бахши идеологӣ дар миёни аҳолӣ меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳо шарҳу тафсир дода, онҳоро ба риояи маданияти шаҳрнишинӣ даъват кунанд, – иброз дошт Давлаталӣ Саид ва афзуд: – Муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ҳавасманд гардондани аҳолӣ ба ҷамъоварии партовҳо ҳамчун ашёи хоми дуюмдараҷа низ, аз вазифаҳои муҳими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба шумор мераванд.
Пас аз пурсишу масъалагузорӣ дар назди роҳбарони ниҳодҳои дахлдори вилоятӣ ва шаҳри Бохтар, Давлаталӣ Саид, инчунин, ба беҳтар кардани вазъи таъмини оби нӯшоӣ ва рафъи обҳои партов, тақвияти корҳои ободонӣ ва гулу дарахтшинонӣ дастурҳо дод.
Ӯ зикр кард, ки масъалаи таъмини бехатарии санитарӣ ва дастрасии пурраи аҳолӣ ба оби тозаи нӯшоӣ аз ҳадафҳои аслии роҳбарияти давлату Ҳукумат маҳсуб ёфта, ин раванд дар мамлакат тавассути татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегардад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 07.08.2023 №: 158
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив