ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПУШТУ ПАНОҲ Ё ЧӢ ГУНА МОДАРАМ МАРО АЗ ЧАНГОЛИ COVID-19 БЕРУН КАШИД?

ПУШТУ ПАНОҲ Ё ЧӢ ГУНА МОДАРАМ МАРО АЗ ЧАНГОЛИ COVID-19 БЕРУН КАШИД?

08 август 2023, Сешанбе
10
0
 
Дар назари ҳар тифл маҳз модари ӯ зеботарин зани дунёст. Модари ман, воқеан ҳам, дар овони ҷавонӣ зани зебое бо кокулони дароз, абрувони сиёҳ ва андоми резаву ҳаракоти нафисе буд. 
Бо он ки Офтоб набаромада ба саҳро мерафту баъд аз ғуруби он ба хона бармегашт, хонаву дар ва ҳавлии мо ҳамеша тозаву озода буданд. Шабошаб хамир шӯрида нон мепухт, либос шуста ба тор меовехту субҳи солеҳон онҳоро уту зада, ба ҷевон мегузошт. Ҳамеша дар дегаш «дами гарм» ёфт мешуд. То ҳол таъми хӯроки пухтаи модарам дигар аст. Ҳатто рӯзҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки маводи хӯрданӣ хеле камёфт буд, ӯ метавонист аз чанд чизҳои ночиз таомҳои лазизе омода созад.  
Чун падарам марди ёру рафиқдор буданд, рӯи кат ҳамеша кӯрпачаҳо густурдаву дастархон омодаи қабули меҳмон буд. Ҳамин тавр, меҳмонхонаамон ҳам, ҳамеша омода. Барои ин кораш аз бибиам гап ҳам мешунид: «Наход, ҷавонзан баъди меҳмон дасту дастархонашро нағундорад». Дар ин лаҳзаҳо модар ба бибӣ чизе намегуфт, шояд худи бибӣ низ медонист, ки бо табъи нозуке, ки ӯ дорад, ҳар ҳафта на кам аз ду-се бор меҳмонхонаро ҷоруб мезанад. 
Бо ин ҳама серкорӣ обчакорӣ ва гулу гулкориро хеле дӯст медорад. То ҳол аз куҷое баргардад, дар як гӯшаи рӯймолаш ҳатман тухми гулу гиёҳи ороишиеро бо худ меорад. 
Оилаи мо на он қадар бузург буду ширу ҷурғотамон ҳамеша зиёдатӣ мекард. Сари ҳафта амакам барои ҷурғот меомад. Ҳамроҳи он бандча-бандча сабзаҷот ҳам бо худ мебурд. Ӯ, ҳамчунин, соле як бор ҷорубҳои ҳавлирӯбии бо меҳр парваридаи модар ва бо ҳавас бастаи падарамро низ мебурд. 
Оғози ҳар сол падарам як сатили нави сирдор мехарид. Модар тули сол онро бо равғани зард пур мекард,  баъд ману падар онро чун ҳадия барои модарбузургам мебурдем. 
Гӯё модар хоб надошт ё шояд вақти хоб рафтан надошт. Ҳар субҳ бо садои хишир-хишири ҳавлирӯбиаш аз хоб бедор шуда, бегоҳ таҳти навои мошини дарздӯзиаш ғанаб мерафтам. Он замонҳо дар деҳот дукону коргоҳи либосдӯзӣ набуд, занону духтарон барои куртадӯзӣ ба шаҳр ҳам намерафтанд. Либосҳои онҳоро чеварони маҳаллӣ омода мекарданд. Яке аз ҳамин гуна чеварони гулкор модари ман буд. Ҳар рӯз ба хона тугун-тугун либос меоварданд. Модар, махсусан, дӯхтани либосҳои арӯсиро дӯст медошт. Духтарон низ аз ҳунари модар бохабар буданд, ки ҳама мехостанд ӯ ҷиҳози арӯсиашонро омода созад. Агар рафти омодагӣ тул кашад, ба хона омада, дар корҳои рӯзгор ба ӯ ёрӣ ҳам медоданд. 
Шероз мебофт, гул мекашид, онҳоро шинам мекард, тоқӣ медӯхт… Бобои модарӣ, ки мисли духтараш хеле зика буд, танҳо тоқиҳои дӯхтаи ӯро хуш дошт. Тоқии чустӣ дӯхтанро ёд нагирифт, шояд вақт ҳам надошт, вале тоқии тоҷикиро хеле зебо медӯхт. Ва ҳатман аз бахмали сабз. Ранги кабудро дӯст намедорад. То ҳол ҳангоми барояш матои куртаворӣ интихоб кардан дар андеша мемонем. Талаботаш чунин аст: ранги матоъ кабуду сурх набуда, гулҳои зарду калон надошта бошад. Ба фурӯшандаҳо ин матлабро гӯям, ба ҳоли ману модарам механданд...
Бобоям бо ҳавас ҳар бегоҳ саллаи зебояшро боз намуда, субҳи дигар бо ҳавсала аз нав гирди тоқӣ мепечонд. Ба ман низ тоқиҳои гулдӯзӣ медӯхт, рангобаранг ва ҳар сол нав. 
Пироҳани гулдӯзикардаашро зери куртаи тӯрӣ пӯшида ба кӯча баромаданам, ҳеҷ аз ёдам намеравад.  Ҳатто, ба соати дастам дастбанди латтагӣ дӯхта буд.  Ҳамин тавр, барои ману ду хоҳарам тахтпӯш… 
Аз дурӯғ, кина ва ҳасад дар вуҷудаш гарде нест. Ними нонро ҳам чанд пора карда бо дигарон дидан мехоҳад. Омода аст, агар сад пора ҳам бишавад, ба мушкили дигарон бирасад. Оҳ, бечора модар, чӣ қадарҳо барои инсон меҳрубон будану ба ёрдами дигарон бегоҳу ними шаб расиданҳо ба сараш борони қаҳру ғазаб ва маломатро рехтаам, вале ӯ маро ҳар дафъа бо табассуми малеҳаш бахшида. Мисли оне, ки ҳама шӯхиҳои маро дар кӯдакӣ мебахшид, дар айёми наврасӣ онҳоро нодида мегирифт. Ягона касе буд, ки дардҳои маро дар ҷавонӣ дарк мекард. Ҳоло ҳам, чун пештара, нозбардорам аст. 
Баъзан эркагӣ карда аз ҳадди эътидол гузаштанҳоямро худам ҳам пайхас намекардам. Модарам он замон чизе нагӯяд ҳам, баъдан хеле нозук ба ин нуқтаи заъфам ишорат мекард. 
Гоҳе фикр мекунам, ки Худованди пуриноят ӯро барои ман ва маро барои ӯ офаридааст. Феълу рафторҳоямон ба ҳам хеле монанд аст. Ба худ меандешам, ки шояд ягона дугонааш ман бошам. Ҷӯраи беҳтарину дӯсти накутарини ман низ ҳамин модарам аст. Мо ба ҷуз ҳамдигар дигар касе надорем, ки бо ӯ ғур-ғур кунему аз зиндагиву дигарон шикоят барем. Балки аз мушкилоти зиндагӣ, албатта, баъд аз Худо, ба ҳамдигар паноҳ мебарем. 
Дар кӯдакӣ домони модар биҳишт аст. Он замон зери қудуми онҳо ҷой гирифтани ҷаннатро тасаввур ҳам карда наметавонед, аммо дар пирӣ равзаи ризвонро дар сурати модар мебинед. Бо ҳама ранҷ ҳамоно, модарро неруест, ки на дар паҳлавонони бузург дида мешаваду на лашкари азиме дорад.
Соли 2020 бар асари гирифторӣ ба бемории COVID-19 бистарӣ шуда, чанд муддат беҳушу беёд мондам. Танҳо ҳамин манзара пеши чашмонам гоҳу ногоҳе аён мешуд: аз тирезаҳои шишабандшудаи айвон фарзандонам бо каме даҳшат ба сӯям нигоҳ мекарданд. Гӯё каси бегонаеро назора доштанд, дар нигоҳашон ҳарос, тарс ва аз ваҷоҳаташон даҳшатро хондан мумкин буд. 
Тамоми ин муддат ҳамин модари пири муштипарам нигаҳбонам буд. Чун каме ба худ омадам, аз даҳшати он ки метавонам ин ҷигарбанди нозанинамро низ гирифторӣ беморӣ созам, ба худ печидам, вале модар боисрор мегуфт: «Бо ман чизе намешавад, натарс бачам, қавӣ бош!» Неруи модарро бинед, ки даҳшатноктарин вабоҳо ҳам пеши муҳаббату матонати ӯ оҷизанд. Бале, ҳамин модари муштипарам мани паҳлавонҷуссаро бо ҳамон дастони парсинбастаи нозукаш аз дами марг кашида берун овард. Чун дар айёми тифлӣ аз дастонам дошта, дубора роҳгардон кард, дубора ба зиндагӣ дилгармӣ дод.     
Ҳоло ки ба ӯ менигарам, пир шудаву рӯяшро хатҳои ожанг гирифтаанд, вале ҳамоно қоматаш расост. Ҳар бор ки ба ҳавлӣ дарояму ӯро бинам, хаёлам манзили ман ободтарину зеботарин макони дунёст. Гӯё ба кохи шоҳона ворид шудаам.
Чун пештара серкор аст. Гоҳо ӯро миёни пали пиёзу гашниз машғули хишова мебинаму гоҳ миёни гулҳо. Бо ҳавас хамир тунук карданҳояшро дӯст дорам. Акнун ба ҷои ман аз дер омаданҳои набераҳо дар ташвиш асту то дер роҳи онҳоро мепояд. 
Модаронро фариштаҳои заминӣ мегӯянд, ки ҳақ асту рост. Ман инро дар мисоли модари худ дарёфтаам. Агар фаришта ҳам ҳаст, фариштаи нигаҳбон аст. Мисли адибон дуои шоирона намегӯяд, вале ҳарчи ба забон меорад, аз самими қалб аст, шоиронаву шевост ва маро дар зиндагӣ ягона пушту паноҳ ҳамин дуои неки ӯст.
 
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 07.08.2023 №: 158
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив