ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГУЛШУКУФТИ ЁДНОМАҲОИ МОДАР

ГУЛШУКУФТИ ЁДНОМАҲОИ МОДАР

11 август 2023, Ҷумъа
28
0

 
Субҳе, ки ҳамасола дар тақвим рӯзи милоди модар аст, махсус буд. Бо гузашти замон дарки ҳақиқати субҳи содиқ дар зиндагонӣ бархостанро маърифат кардем ва бо гузашти замон фаҳмидем, ки чаро он модари бузургвори мо ин субҳи муборакрақам бештар аз ҳама, то он замоне ки ба таъбири худаш “чашми рӯз накафида буд”, бедор мешуд. Шояд ва ҳамин тавр ҳам буд, ки интизор мешуд, кадоме аз фарзандон пештар аз ҳама ин рӯзи муборакро барояш таҳният гӯянд. Шояд, худи ӯ бо камоли шукргузорӣ ба даргоҳи Офаридгори бузург ин субҳ пештар аз ҳама мехост, то ин лаҳзаву ин рӯзро ғанимат бишмарад, ки маҳз ҳамин рӯз ба олами ҳастӣ қадам ниҳодааст, то рисолати бузургеро иҷро намояд – тарбияти фарзандони солеҳ дар баробари қиблагоҳи мо, аммо афсӯс, ин ҳақиқатҳои зебои зиндагониро мо хеле дер дарк мекунем, зеро ба таъбири модарам он вақт “дили оча ба бача буду дили бача ба санги хоро”. 
Айёме ки дар донишгоҳ таҳсил мекардаму баъдан фаъолият, гоҳо номаҳое бо сабки ба худ хоси шеърӣ бароям менавишту дар ҳошияи он ҳамеша таъкид мекард, ки аз “модари бесаводат ҳамин қадар медонаду метонад, бачам”. Аммо ман ҳамеша дар посух ин сухане, ки аз ӯ омӯхтаам, мегуфтам: «Бесавод, аммо саводомӯзи сад омӯзгор». Бале, ин суханро ҳам бори нахуст аз модарам шунида будаму ҳикматашро омӯхтаам. Ин гуна номаҳо ба ҳамаи мо бародарону хоҳарон менавиштанд ва акои бузургам бошад дар посухи ин ҳарфҳои самимонаи модар руҷуъ ба ин байти устоди бузурги шеър Лоиқ Шералӣ мекарданд:
Аё модар ба ин сон бесаводӣ,
Нахустин устоди ман ту будӣ.
Бале, устоди нахустин барои мо ту будӣ модари азиз ва падари бузургворам. 
Замоне чанд нафар аз устодони азизи донишгоҳиям дар хонаи падариям дар деҳа меҳмон шуданду вақти баргаштан модарам бо сабки ба худ хосаашон бо шеърҳое дуояшон доданд. Устодони арҷмандам баъд аз он мулоқот ба ман гуфтанд, ки сирри муҳаббат ва дилбастагии ту ба шеърро акнун фаҳмидем. Ҳамаи суханони модари азизатон мисли шеъранд ва гӯё  ба ҷои шир бар шумо шеър додаанд. 
Боре хурд будам, ки зане аз ҳамдеҳагони мо ба манзили мо омаду ба модарам муроҷиат кард: 
– Оча, шунидам бемор шудед, хуб ҳастед, хавотир шудам.
Ҳайрон шудаму аз модарам баъди рафтани он кас пурсидам. Модар чаро ин зан шуморо оча гуфт, охир ӯ хоҳари мо нест-ку. Модарам танҳо табассум карданду халос.  Бале, баъдан ҳақиқати ин муҳаббати ҳамдеҳагонро дарк кардам. Бо гузашти чанд рӯз фаҳмидам, ки модари азизам назокати асрори тибби куҳанро аз модарбузурги мо, яъне модарашон ба мерос бурдаву барои саодати хонаводаҳо, шодиву нишоти оилаҳои дигар, саломативу хушбахтии дигарон чи миқдор ранҷ кашидаанд. Яъне, бо тамоми сокинони як рустои кӯчак мисли як оилаи бузург муносибат мекарданд ва шукргузорем, ки дар баробари мо касони зиёде модари бузургворро “Оча” гуфта садо мекарданд ва имрӯз ҳамингуна ёд мекунанд.
Ҳамеша вақте ба деҳа мерафтам, бисёр мехостам бо модар аз ҳар мавзуъ суҳбат кунам, чун дар ҳар як суҳбат садҳо вожаву таъбирҳои нодиреро барои худ навишта мекардам, ки аксаран имрӯз аз истифода берунанд, аммо дар мутуни куҳан метавонем онҳоро пайдо кунем. Ҳамон замон бо шинохти андаки ин азамати фикрии модар гуфта будам:
Фарҳанги забони ту қадим аст, модар,
Сад ҷилди муфассалу азим аст, модар.
Як вожа агар аз он гирам ориятӣ,
Ҳар сатри каломи ман калим аст, модар.

Имрӯз, ки ба шеъри Бедил ва дигар суханварони адабиёти гузаштаи мо аз ин равзана руҷуъ мекунам, эҳсос мешавад, ки он ҳама суҳбату гуфторҳои Модари бузургвор дар шинохти табиати аслии ин вожаву таркибҳо ёрмандӣ мекунанд. Ин забони азизи моро барои ҳамин забони модарӣ мегӯянд, ки мо хеле аз назокатҳои онро аз модарони азиз меомӯзем. Дар таркиби байтҳои мардумӣ аз забони модар ва гуфторҳои ширинаш вақте вожагони “варғ”, “чӯбдона”, “сангоб”, “сангобдавак”, “муруд” “панора”, “фалғор”, “ғавнич”, “пармеха”, “куффа”, “ҷамалға”, “хавоза”, “сафолак”, “обчинак”, “офтоба”, “андармон”, “бурак”, “потоба”, “поҷома”, “порсол”  ва амсоли инро ҳайрон мешудам дар кашфи маъниҳои онон. Вақте дар луғатномаҳои куҳан низ ин вожагонро бо шарҳу маънигузориҳо дучор меомадам, ҳайратам бештар мешуд. Бале танҳо модаронанд, ки нодиртарин вожагони ноби забони моро дар гуфтори хеш ҳифз мекунанд, то ба мо омӯзонанд. 
Вақте ба шаҳр ба назди мо меомаду бисёр мехостем, ки зиёд пеши мову фарзандони мо бимонанд, аз рӯзи аввал медидам, ки ҳамеша рӯз мешумурд, то зудтар ба деҳа баргард. Ҳамеша то омадани ман аз кору Анӯшервону Меҳрдод аз дарс пушти тирезаи хонаҳои мо дар ошёнаи панҷуми бинои ягонаи Хуррамшаҳр мунтазир мемонд.  Боре чанд рӯз қабл аз моҳи Рамазон модарам ба шаҳр омад ва мо бо бародаронам қарор гузоштем, ки ин моҳи муборакро пеши мо  гузаронад. Чун навбати ҳузур дар хонаи мо буд, як субҳ бароям гуфт, ки имрӯз чил рӯз шуд, ки ин ҷо ҳастам, биёед бачам акнун иҷозат диҳед, боз панҷ рӯзи дигарро назди бачаҳои деҳа гузаронам, боз онҳо хафа нашаванд.
Ҳоло ин чанд сол аст, ки баробари тулуи офтоби ҳузури модари азиз дар ин субҳ – рӯзи ба дунё омадани модар акнун абри тирае аз уфуқи осмон сӯи мо нигоҳ мекунад, абре, ки аз тумани ҳиҷрати ҳамешагии он бузургвор рӯзгори моро ғамолуда мекунад.  Ёдам ҳаст, ки вақте ки падар аз олам рафтанд, модар моро назди худ хонданду даъват кард, ки бояд шукргузорӣ кунем, ки падарамон инсоне буданд, ки дар баробари анҷоми амалҳои нек шогирдони зиёдеро тарбия намуданд, ки имрӯз тавассути ин амалҳо номашон ҷовидонист. Барои ҳамин зиёд набояд ғамзада бошед. 
Бо гузашти чанд сол аз реҳлати ҷонсӯзи модар бори дигар ҳамин суханонашон ба ёди ман омад. Эҳсос кардам, ки худ бо дарки ҳақиқати ҳамин амалкарди наҷиби падарам номашонро ба яке аз фарзандони додарам Мирҷумъа доданд ва имрӯз Ҳоҷимои хурдӣ донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мебошад. Модарам аз модари худ суннатҳои тибби қадимро ба мерос гирифтанд ва номи азизи модар барои Ҳоҷимои хурдӣ шафоат расонд, ки пешаи табибиро роҳи фардои рӯзгори хеш баргузид. Замони зиндагӣ модар номи худро дар идомаи иқдоми падарам ба ин фарзанди арҷманди додарам Мирҷумъа гузоштанд. Ҳоҷимои хурдӣ бо дуои ҳамноми худ бузург шуд ва ҳангоми таҳсил дар синфи 11 ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардид. 
Ҳоло ман ҳақиқати саодат ва хушбахтии модарам ва асрори суханони гаронарзишашро дарк мекунам. Ин тасодуфи зебои тақдир як туҳфае барои фарзандон аст, ки дар сурату сирати ин бонуи хушгил – табиби оянда зиндагонии он азизону бузургони мо идома меёбад. 

Нуралӣ НУРЗОД,
директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Санаи нашр: 09.08.2023 №: 160 - 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив